Истифодаи мақсадноки об беҳтарин васила барои коҳиши чангу ғубор аст

№86 (4036) 18.07.2019

ОбКамбуди об, афзоиши гарду ғубор ва обшавии пиряхҳо аз мушкилоте мебошанд, ки  бояд филфавр  мавриди баррасӣ қарор гиранд. Бо ин мақсад чанде пеш дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ зери унвони «Осиёи Миёна ва чангу ғубор» баргузор шуд.

Он зиёда аз чил коршиносро аз  кишварҳои гуногун ҷамъ овард, то роҳҳои ҳалли мушкилотро пайдо кунанд. Боиси ифтихор аст, ки нишаст дар  шаҳри зебои Душанбе — ҳамчун маҳалли намунавӣ аз лиҳози  тозагӣ доир шуд. Меҳмонон ба шукуфоӣ ва хуррамии он ҳавас намуда, орзу карданд, ки кош, шаҳрҳояшон гулгулшукуфону фазояш софу беғубор бошанд.

Солҳои охир зиёдшавии чангу ғубор дар манотиқи саҳроӣ, ҷойҳое, ки холӣ аз обу чашмаҳои мусаффо  ҳастанд, мушоҳида мешавад. Ин ҳолат ҳушдор медиҳад, ба қадри об беш аз пеш расем.

Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар бисёр мамолики дунё, хусусан Ҳиндустон, шаҳрвандон зиёдтар аз норасоии об ранҷ мекашанд ва агар роҳи ҳалли онро пайдо накунанд, мушкилӣ боз ҳам ваҳимтар мегардад. Тибқи як гузориши СММ, то соли 2050 дастрасии об барои ҳар фард дар Ҳиндустон аз 44 дарсад камтар мешавад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи  одамони сайёра обро фақат барои обёрӣ кардани замин истифода мебаранд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 1950 се баробар афзудааст.

Барои ҳалли масъалаи мазкур кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар таҳияи барномаҳои махсус фаъол бошанд, то заминаҳои нав дар мудирият ва муҳофизати  об фароҳам гардад. Ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки ақаллан соле як дарахт шинонад, то атрофро аз олудагӣ муҳофизат намояд. Бо дарназардошти мубрамияти масъала зарур аст дар мактабҳо ва марказҳои таълимӣ омӯзиши фанни ҷудогона роҳандозӣ  гардад, то насли ҷавон истифодаи дурусти захираҳои табииро омӯзанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими илмӣ ва таҳлилгари Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои АвруОсиёи АИ ҶТ