Истифодаи манбаъҳои гуногуни неруи барқ ба пешрафти иқтисодиёт мусоидат мекунад

№62 (4168) 23.05.2020

Бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 ҷиҳати беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» роҳандозӣ шуда истодааст, ки соли 2021 ҷамъбаст мегардад. Дар доираи он қисми маблағгузорӣ аз ҳисоби Хазинаи неруи тоза амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз он ҷорӣ намудани технологияҳои коркарди неруи тоза дар муассисаҳои давлатии таълимии касбии техникӣ мебошад. Тибқи лоиҳа то кунун 21 литсейи касбии техникии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 7 филиали маркази таълимии калонсолон таъмиру навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин гардиданд.

 ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

1 ДушанбеБинои асосии литсей, китобхона ва хобгоҳи он пурра таъмир шуда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютерҳо, ҷевонҳо барои китоб таъмин гардидаанд. Дар хобгоҳ барои истироҳат ва дарстайёркунии донишҷӯён тамоми шароит ва ҷиҳози зарурӣ муҳайёст.

Масъули татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар литсей Турахон Шарифов изҳор намуд, ки дар литсей истгоҳи барқии офтобӣ насб карда шудааст, ки аз 18 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумии барқистеҳсолкуниаш 0,4 киловатт/соатро ташкил медиҳад ва дар ҳолатҳои зарурӣ тавассути он кабинетҳои компютерӣ бо барқ таъмин карда мешаванд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби лоиҳа дар литсей барои истеҳсоли неруи барқи тоза ё «сабз» озмоишгоҳи барқии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст, ки аз ду дастгоҳ барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб, як дастгоҳ барои истеҳсоли барқ аз об, ду таҷҳизот барои истеҳсоли неруи барқ аз бод (шамол), обгармкунак тавассути қувваи неруи офтоб, таҷҳизот барои таъмири яхдону кондитсионерҳо ва телевизор, ки дар он амалиётҳои компютерӣ истифода мешаванд, васлу насб ва барои таҷрибаомӯзӣ омода карда шудааст. Чунин таҷҳизоти замонавӣ шояд дар дигар донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои дигари кишвар вуҷуд надошта бошад. Дастгоҳҳо аз ҳисоби неруи офтоб ва бод барқ истеҳсол карда, манбаи барқароршавандаи энергия маҳсуб меёбанд ва дар тавлиди барқи иловагӣ ба литсей хизмат мекунанд. Ҳамчунин, дар литсей дастгоҳи муосири озмоишии биологӣ барои истеҳсол кардани нуриҳои минералии кишоварзӣ ва сӯзишвории газ аз пору насб карда шудааст.

Тадбирҳои андешидашуда ба баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, аз бар кардани истифодаи таҷҳизоти нави замонавӣ мусоидат мекунад. Айни замон дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе хонандагон дар 15 гурӯҳ аз рӯи ихтисосҳои гуногун касбҳои интихобкардаашонро аз бар менамоянд, ки ду гурӯҳи он аз рӯи касби монтёри барқ таълим мегиранд. Ҳарчанд монтёрҳои барқ баъди хатми муассиса иҷозати кор карданро бо шиддати барқи то 1000 волт пайдо мекунанд, вале барои боз ҳам баланд бардоштани савияи донишандӯзии онҳо дар самти аз бар намудани дастгоҳҳои замонавии энергетикӣ дар озмоишгоҳ таълими иловагӣ дода мешавад.

- Татбиқи лоиҳа барои ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ низ фоидаовару зарур мебошад, — мегӯяд директори литсей Саидмурод Шарифов, — Зеро неруи барқи истеҳсолшударо ба кишварҳои ниёзманд содирот намуда, даромади онро барои ободию пешрафти кишвар сарф кардан мумкин аст.

   ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ПОЛИТЕХНИКИИ ШАҲРИ ХУҶАНД

2 СугдКорҳои таъмиру тармим ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар биноҳои литсей, мисли Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе анҷом дода шуда, тибқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» батареяҳои офтобӣ ва қубурҳои гармидиҳанда насб карда шуданд, ки ҳадаф аз он таъмини литсей бо барқи тозаи аз неруи офтоб гирифташуда мебошад. Ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои коркарди неруи тоза дар муассиса технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоти дарсӣ оид ба омӯзондани истифодаи технологияҳои энергияи «сабз» дастрас ва насб шуда, бо кормандон ва хонандагони муассиса тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниҳо ташкили курсҳои омӯзишӣ оид ба ҷорӣ ва истифода намудани технологияҳои коркарди неруи тоза дар оянда мебошад.

 ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

3 КушониёнДар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар донишкада, ки дар ноҳияи Кӯшониён ҷойгир аст, ду бинои таълимӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ тармим гардида, таҷҳизоти зарурии нави замонавии озмоишӣ насб карда шуд.

- Инчунин, дар донишкада неругоҳи барқи офтобӣ сохта шуд, ки аз 48 панел иборат буда, иқтидори умумиаш 10 киловатт/соатро ташкил медиҳад, — мегӯяд роҳбари татбиқи лоиҳаҳо дар донишкада Бахтиёр Абдуллоев. — Таҷҳизоти муосири озмоишии воридшуда бошад, дар кишвар назир надорад. Онҳо манбаи барқароршавандаи ғайрианъанавии барқ аз неруи офтоб мебошанд, ки барои тавлиди барқи иловагӣ мусоидат мекунанд.

Тибқи лоиҳа, бо мақсади сайқал додани дониши омӯзгорон дар донишкада семинарҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд. Ба онҳо методологияи нави таълим дар асоси салоҳият омӯзонда мешавад. Омӯзгороне, ки дар семинарҳо фаъолона иштирок мекунанд, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардида, коршиноси соҳаи баҳодиҳии радиатсияи офтобӣ эътироф мешаванд.

- Нахустфоидае, ки неруи тоза ба иқтисодиёти Тоҷикистон расонида метавонад, содироти барқи истеҳсолшуда ба кишварҳои ниёзманд мебошад, — изҳор дошт ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода. — Сониян, вақте ки таҷҳизоти истеҳсолкунандаи неруи тоза истифода мешавад, ҳолатҳои баланду пастшавии шиддати барқ рафъ гардида, ҷараёни бетағйиру доимии барқ таъмин мегардад. Дар ин самт корҳои тарғиботиро ҷоннок намудан лозим аст. Масалан, дар Юнон донишгоҳе мавҷуд аст, ки аз ин гуна неруи барқ истифода бурда, энергияи дар қисмати шаб ҳосилшударо ба давлат мефурӯшад.

 БА ФАРДО БО НЕРУИ ТОЗА

Дар асри ХХI энергетика ба яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастии инсоният табдил ёфта, бе рушди он ҳама гуна пешравию тараққиёти иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва минтақа ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги энергетикӣ эътироф гардидааст. Чунки 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои кӯҳсори мамлакати мо сарчашма мегиранд. Ин дороии обӣ имкон фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи обӣ ҷои шашумро соҳиб гардад. Пас аз пурра ба кор даромадани НБО-и «Роғун» кишвар метавонад ба зинаҳои болотар барояд. Бо вуҷуди ин, истифодаи манбаъҳои дигари истеҳсоли энергия, бахусус, офтоб ва шамол низ аз манфиат холӣ нест.

Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш додааст, ки соли 2019 аз ҳисоби неруи барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ дар мамлакат 504, 5 мегаватт/соат барқ ҳосил шудааст. Ниҳодҳои марбутаи давлат ният доранд, ки соли 2020 боз 18 манбаи дигари неруи ­«сабз»-ро мавриди истифода қарор дода, ҳаҷми умумии тавлиди барқи тозаро ба 1655 мегаватт/соат расонанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ талош дорад то соли 2025 ҳиссаи энергияи тозаро то 25 дарсад боло барад.

Зимни татбиқи лоиҳаҳое, ки ба истеҳсоли неруи барқи тоза равона гардидаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад фоидаи иқтисодии бештар ба даст орад.

Мақола дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ омода шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР, Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, Сулаймон СУЛТОНОВ, Нуъмон НИЗОМӢ«Садои мардум»