Дар ноҳияи Балҷувон ба сарфаю сариштакории неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Маблағи қарз дар ноҳия ҳамагӣ 656 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ин рақам, дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ниҳоят кам аст. Масалан, ин нишондод дар ноҳияи Восеъ 16 миллиону 625 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»