Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон (8 октябри соли 2014) аз ҶДММ «Саодат» низ дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард.
Ҳоло ин хоҷагии инноватсионии зотпарварӣ фаъолияти хуб дошта, истеҳсоли маҳсулоти чорворо дар асоси технологияи муосир ба роҳ мондааст.
Дар суҳбат ба мо директори ҶДММ «Саодат» Иноят Холов иттилоъ дод, ки ин ҷо чорвои хушзоти аврупоии «Сементал», ки зоти гӯштию ширӣ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Бори аввал барои парвариш аз хориҷа 200 сар гови хушзот оварда шуд. Бо вуҷуди иқлими гарм ин зоти чорво ба шароити маҳал мутобиқ гардид. Давоми сол аз сад сар модагов сад сар гӯсола насл гирифта шуд, ки нишондиҳандаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Тамоми намуди корҳо дар ҶДММ «Саодат» таври механикӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре мушоҳида намудем, ҷойҳои нигоҳдории чорво дорои таҷҳизоти муосири гармидиҳӣ ва салқинсозӣ мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки бино ва қисмҳои нигоҳдории чорво тамоми фаслҳои сол дорои ҳавои муътадил бошанд.
Рафти ширдӯширо низ мушоҳида кардем. Шири чорво бо дастгоҳҳои автоматии бо компютер идорашаванда дӯшида мешавад.
Дар як баст 32 модагов бо дастгоҳҳои автоматӣ дӯшида мешаванд. Ин корро ду нафар говдӯш ва як оператор назорат ва ба ҷой меоранд. Ҳар як модагов шабонарӯз ба ҳисоби миёна 30 литр шир медиҳад. Давоми як шабонарӯз дар ин хоҷагии инноватсионӣ бештар аз 4,8 тонна шир истеҳсол мешавад.
Барои хушзот кардан аз ин ҷо дигар хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳо чорво харидорӣ менамоянд. Вазни буққачаҳои ба фурӯш бароварда 400- 600 килоро ташкил медиҳад.
Шири истеҳсолшуда дар коргоҳи ҳозиразамон коркард мешавад.
Дар раванди суҳбат маълум гашт, ки дар коргоҳ шаш намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад. Пеш аз коркард дар озмоишгоҳ сифати шир санҷида мешавад. Шир сифати хуб дошта, равғаннокии он 3,9- 4,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз сабаби хушсифат буданаш маҳсулоти истеҳсолшуда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон харидор дорад.
Инчунин аз аҳолӣ шир харидорӣ мешавад ва қисми зиёди шири ҶДММ «Саодат» ва аз аҳолӣ харидшударо барои коркард ба Корхонаи шири «Саодат»- и шаҳри Душанбе мефиристанд.
Тавре ёдовар шудем, дар ин ҷо аз технологияи олмонӣ, чехӣ ва эронӣ истифода мебаранд. Ҳар рӯз қариб даҳ тонна хӯроки омехтаи чорво истеҳсол мешавад. Ба чорво баробари юнучқаю алафи сабз, инчунин хӯроки омехта низ медиҳанд.
ҶДММ «Саодат» 328 гектар замини корам дорад, ки заминаи хуб барои захира ва истеҳсоли хӯроки чорво мебошад.
Кишт ва дарави хӯроки чорво тавассути техникаи ҳозиразамон гузаронида мешавад. Комбайнҳои махсус ҳангоми дарав баргу поя ва дони зироатро ҷудо менамоянд.
Тавассути таҷҳизоти пешрафта истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда шудааст. Чунончӣ, хоҷагӣ дорои дастгоҳи обсофкунӣ ва коркарди пору мебошад. Тариқи хушк кардан пору ва оби он ҷудо мешавад, ки минбаъд барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ғизо истифода мегардад.
Дар ҶДММ «Саодат» бештар аз 100 нафар бо кори доимӣ машғуланд ва музди миёнаи меҳнат зиёда аз 1200 сомониро ташкил медиҳад. Онҳо бо сару либоси корӣ ва хӯроки гарм таъмин мебошанд.
Барои зиёд гардонидани саршумори чорво ва истеҳсоли маҳсулоти он шароит мавҷуд аст. Кормандони ҶДММ «Саодат» мақсад доранд, ки бо истифода аз технологияи нав ва захираҳои дохилӣ минбаъд низ фаъолияташонро густариш бахшанд.
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»