ИСТИХРОҶИ АНГИШТ АФЗУД

№ 09.08.2016

Соли гузашта истихроҷи он ба беш аз як миллион тонна расида, имсол низ корхонањои истихроҷи ангишт азм доранд, ки нақшаро иҷро намоянд. Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷињати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 давоми њафт моњи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт ба  зиёда аз 600 ҳазор тонна расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 210 ҳазор тонна зиёд  мебошад.

Айни замон, дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш, зиёда аз 200 ҳазор тонна ангишт мавҷуд буда, муштариён метавонанд,  онро харидорӣ намоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»