Бо ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, махсусан баъди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба тараққиёти гидроэнергетика аҳамияти махсус зоҳир шуд. Маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат дар кишвари мо неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», зиёда аз 300 неругоҳи хурди барқи обӣ сохта шуданд, бунёди хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб — Шимол» системаи энергетикии Тоҷикистонро воҳид сохт, инчунин дар таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои мавҷуда ва инфрасохтори барқӣ маблағҳои калон ворид гардиданд. Ин ҳама моро ба истиқлолияти энергетикӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, наздик месозад.
Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон барои таъмин кардани шароити мусоиди кору истироҳат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳа ва оилаи онҳо масъул буда, барои равнақи энергетикаи тоҷик саҳм мегузорад. Меҳвари асосиро дар фаъолияти Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон таъмини шароити мусоиди меҳнат ва қонеъ намудани ниёзмандиҳои кормандони соҳа ташкил медиҳад. Татбиқи созишномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки муносибат ба меҳнат ва ҳуқуқ ба меҳнат, аз ҷумла пардохти саривақтии музди меҳнат ва ҷудо намудани ҷубронпулиҳо, таъмини шароити кор ва шароити иҷтимоии коргарон дар як соли охир хеле беҳ гардад. Иҷрои муқаррароти созишномаҳои коллективӣ бошад, амали дуҷониба ва ҳамоҳангии муштараки роҳбарони соҳаи энергетика ва кумитаҳои Иттифоқҳои касабаи соҳаро ба пояи баланд бардошт.
Масъала мегузорем, ки ба пардохти саривақтии маош тамоми корфармоён ва роҳбарони муассисаҳои соҳа диққати зарурӣ диҳанд, то ҳаққи коргар сари вақт пардохт гардида, адолати иҷтимоӣ коста нашавад. Умуман, низоми қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бояд пурра барҳам хӯрад, зеро он ба рӯҳияи муносибатҳои имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоӣ созгор нест. Коргар, ки ҳаҷми корҳояшро иҷро кард, ҳаққашро низ бояд сари вақт гирад. Ин амал аз масъалаҳои калидӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар аз масъалаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ низ маҳсуб меёбад, ки дар татбиқи он, пеш аз ҳама, иттифоқҳои касаба бояд манфиатдор бошанд.
Вазъи имрӯзаи дар натиҷаи таъсири омилҳои манфии бозори иқтисодӣ ва истеъмолӣ бамиёномада, баланд шудани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввали мардум кумитаҳои иттифоқҳои касабаи соҳаро бетараф гузошта наметавонад.
Бинобар ин, дар баробари сари вақт пардохтани музди меҳнат, ба ҳадди назаррас зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳа ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади нигоҳ доштани мутахассисон, беҳтар кардани сифату иҷрои корҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва ҳамзамон ба таври мусбӣ тағйир додани сатҳи иҷтимоии кормандони соҳа зарур шуморидем, ки масъалаи музди маош таҷдиди назар карда шавад.
Самти дигари муҳим, ки дар раванди истеҳсолот пайваста зери пайгирии мо қарор дорад, масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва назорат аз болои таъмини шароити бехатари корҳо ва муҳити меҳнат ба шумор меравад.
Пӯшида нест, ки кор дар соҳаи энергетика хатарҳои зиёд дорад ва пурра риоя накардани техникаи бехатарӣ дар ин соҳа боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегарданд. Баҳри пешгирӣ ва кам шудани ин гуна ҳодисаҳо дар кумитаҳои Иттифоқҳои касабаи муассисаҳои соҳа, ба мақсади фароҳам овардани шароити кор ва ҳифзи меҳнат, нозирони ҷамъиятии меҳнат амал менамоянд.
Таҳлили ҳодисаҳои нохуш нишон медиҳад, ки сабабгори рӯй додани онҳо асосан паст будани интизоми истеҳсолӣ, иҷро накардани тадбирҳои ташкилию техникӣ ва дағалона вайрон кардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ мебошад. Ҳодисаҳои нохуш кормандони кумитаҳои Иттифоқҳои касабаи муассисаҳои соҳаро водор месозад, ки ба ин мавзӯъ аҳамияти хоса диҳанд ва барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, пастравии сатҳи захмдоршавӣ ва бемориҳои касбӣ дар истеҳсолот, беҳдошти ҳолатҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор давра ба давра омӯзиши мутахассисони ҳифзи меҳнат ва курсҳову семинарҳоро ташкил намоянд.
Ташкили истироҳат барои кӯдакон ва калонсолон яке аз он тадбирҳои муҳим мебошад, ки аз ҷониби ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи соҳа бобати беҳдошти вазъи иҷтимоии энергетикҳо ва фарзандони онҳо андешида мешавад. Соли ҷорӣ, дар давраи тобистони сипаришуда, дар се баст зиёда аз 1050 нафар кӯдакону наврасони синни 7-12 — солаи кормандони соҳа, оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Барои барқарор кардани саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо бошад, аз ҳисоби аъзоҳаққӣ Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ», «Хоҷа Обигарм», «Зумрад», «Оби гарм» ва ғайраҳо роҳхатҳо ҷудо намуд.
Самти асосии фаъолияти кумитаҳои иттифоқи касабаро расонидани кумаку дастгириҳои молиявӣ ба кормандони соҳа, собиқадорони ҷангу меҳнат, ниёзмандону ҳоҷатмандон, аз ҷумлаи ятимону оилаҳои камбизоат ва ғайра ташкил медиҳад. Бо ин мақсад ҳар сол зиёда 50 000 сомонӣ харҷ карда мешавад.
Баррасии аризаҳо, муроҷиати аъзои иттифоқи касаба ва шаҳрвандон қисмати дигари фаъолияти Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Равнақ бахшидан ба варзиш дар муассисаҳои соҳа дар заминаи ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои футбол, волейбол, тенниси рӯимизӣ, шоҳмот, шашка, бандкашӣ, гӯштии суннатӣ аз вазифаҳои муҳими мо маҳсуб меёбад. Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон узви ташкилоти байналмилалии Иттифоқҳои касабаи соҳа — МОП «Электропрофсоюз» ва Федератсияи умумиҷаҳонӣ ва Европоии Иттифоқҳои касабаи соҳаи хизмат мебошад. Мо бо ташкилотҳои номбурда ҳамкориҳои зич дорем. Ба мо муяссар гардид, ки тайи соли равон дар конфронс, ҷаласа ва семинар — машваратҳои ин ташкилотҳои бонуфуз иштирок намоем.
Дар чанд моҳи охир Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон як қатор корҳои некро ба анҷом расонид, ки фараҳбахшандатарини онҳо кумаки моддӣ расондан ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» мебошад. Кумита ва ташкилотҳои он дар НБО-и «Норак» ба номи Т. Ӯлҷабоев, шабакаҳои барқии марказӣ ва ҶCК «Шабакаҳои барқии ҷанубӣ» бо собиқадорони соҳа вохӯриҳо гузаронида, барномаҳои фарҳангӣ, суҳбату маҳфилҳо баргузор намуд.
Ҳамин тариқ, Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон кумакрасони энергетикҳои кишвар маҳсуб ёфта, дар тарбияи кадрҳои ояндасози соҳа худро масъул ва уҳдадор мешуморад.
НАЗАРЗОДА Аслиддин Гулмурод, раиси Кумитаи Иттифоқҳои касабаи соҳаи энергетика, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон