Мулоҳиза

Кадом омилҳо боиси болоравии қурби доллар гардиданд?

№104 (3898) 25.08.2018

Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ аз ҳама охир — 30 октябри соли 2000 пули миллиро ба муомилот бароварда бошад ҳам, то солҳои наздик қурби он баланд боқӣ монд. Мутаассифона, аз охирҳои моҳи марти соли 2017, бинобар зиёд шудани талабот ба доллари нақд, қурби сомонӣ нисбатан паст шуд. Қурби миёнаи фурӯши як доллари амрикоӣ 11- уми апрели соли 2017 аз 8,87 то 9,02 сомониро ташкил медод. Ҳамон вақт Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки болоравии нархи доллар дар бозорҳои кишвар муваққатист ва моҳҳои оянда вазъ ба эътидол хоҳад омад. Аммо бо гузаштани қариб якуним сол ҳанӯз вазъият беҳ нашудааст. Аксар бонкҳо надоштани асъори хориҷии нақдро баҳона пеш оварда, ба як нафар бо шиноснома танҳо 200 доллари ИМА мефурӯшанд.

Имрӯз бештари соҳибкорони ватанӣ асъори хориҷӣ гуфта, танҳо доллари амрикоиро дар назар доранд. Ҳол он ки чанд сол боз аксар кишварҳои ҷаҳон зимни додугирифт асъори миллии якдигарро истифода мебаранд. Масалан, соли 2012 Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Япония, баъдтар бо Федератсияи Россия чунин роҳи муомилотро пешниҳод кард. Чанде пеш муовини вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Содиқ Наҷафӣ изҳор намуд, ки Эрону Туркия барои ба роҳ мондани тиҷорат бо пули миллии якдигар созишнома имзо карданд.

Ба наздикӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мусоҳиба бо хабаргузории «РИА Новости» зимни додугирифт бо Россия истифода аз рубли русиро мувофиқи мақсад ва барои ҷумҳурӣ фоидаовар гуфт. Ба қавли вазир, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми додугирифти ду кишвар 470 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Бояд қайд кард, ки ­­ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия асосан сӯзишворӣ, гандум ва таҷҳизот ворид мешавад. Агар тиҷорат бо рубл сурат гирад, соҳибкорони ҳар ду кишвар бурд мекунанд.

Коршиноси ширкати молиявии «Алпари» Александр Разуваев ба хабаргузории «Спутник» гуфтааст, ки агар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии худро бо Россия бо рубли русӣ анҷом диҳад, фоида ба даст хоҳад овард.

-Тоҷикистон аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия вобастагӣ дорад, — гуфтааст Разуваев. – Муҳоҷирони меҳнатӣ маошашонро бо рубли русӣ мегиранд. Онҳо рубли русиро ба доллар мубодила карда, ба ватан мефиристанд. Агар ҳисоббаробаркунии ҳар ду кишвар бо рубли русӣ анҷом ёбад, муҳоҷирони меҳнатӣ дигар аз фарқи қурби асъор зарар намебинанд.

Чунин вазъиятро нисбат ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Қазоқистону Туркия фаъолият мекунанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Ба онҳо лозим меояд, ки тангаву лираро доллар карда ба Тоҷикистон фиристанд. Дар ин ҷо бошад, маблағро наздикон на бо доллар, балки бо сомонӣ мегиранд. Дар ин сурат низ онҳо аз фарқи қурби асъор зарар мебинанд. Агар ба Тоҷикистон лираву танга фиристанд, онҳо аз зарар эмин мемонанд. Сониян, тоҷироне, ки ба Қазоқистону Туркия мераванд, метавонанд, якбора аз бонкҳои кишвар тангаву лира харанд. То ин дам сайёҳону тоҷирони кишвар, ки ба Туркия, Чин, Қазоқистон ва дигар мамолик мерафтанд, аз ҷумҳурӣ еврою долларро берун мебурданд. Ин боиси зиёд шудани талабот ба ин ду намуди асъор мешуд. Табиист, ки талабот ба ҳар чизе, ки зиёд бошад, нархи он меафзояд. Агар тоҷирон ба ҷойи ин ду намуди асъор, фарз кардем, тавассути сомонӣ аз бонки «Казкоммертсбанк» тангаи қазоқӣ ва аз филиали Бонки фаръии Покистон рупия гиранд, талабот ба доллару евро кам мешавад. Ин таҷриба миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек самараи хуб дода истодааст. Зеро дар бонкҳои Ӯзбекистон сомониро бемалол бо суми ӯзбекӣ иваз мекунанд.

Чанде пеш Бонки давлатии рушди Хитой ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои ҷудо кардани қарз ба воридкунандагони маҳсулот ба Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд. Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ин мақсад тақрибан ним миллиард юан қарзи имтиёзнок ҷудо менамояд. Ин иқдом низ боиси коҳишёбии талабот ба доллари нақдӣ хоҳад шуд.

Роҳи дигари баланд бардоштани қурби пули миллӣ ғанӣ гардонидани захираи тиллои давлат аст. Дар ин бобат метавон аз таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ истифода кард. Соли 1998, замоне ки дар бозорҳои кишвар маҳсулоти ниёзи аввалия на ба ҳама дастрас буд, дар Кореяи Ҷанубӣ мардум барои ба бонкҳо супурдани тилловорӣ навбат меистанд. Зеро баъди ба миён омадани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳукумати кишвар ба аҳолӣ муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ашёи тилловориро дар бонкҳо ба амонат гузоранд.

- Мо пули тилловории ба амонатгузоштаатонро бо фоидаи бештар бармегардонем, — ваъда дод ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ. Ҳамин тариқ, дар муддати кӯтоҳ аҳолии ин кишвари зудрушдёбанда 250 тонна тилловориашонро бо кафолати давлатӣ ба бонкҳо супурданд. Ин иқдоми ҳукумат ба пешрафти иқтисодиёти Кореяи Ҷанубӣ кумаки калон расонд. Дар натиҷа, сатҳи зиндагии сокинони Кореяи Ҷанубӣ, ки яке аз кишварҳои пешрафтаи «Бабрҳои Осиё» мебошад, баланд рафту амонатсупорандагон фоидаи зиёди молӣ диданд. Иқтисодшиноси маъруфи Кореяи Ҷанубӣ Хванг Йон дар нашрияи «Аргументы и факты» ин иқдоми ҳукуматашро баъди чанд сол ба ёд оварда гуфтааст: «Муваффақиятҳои иқтисодии Корея дар боварӣ ба ҳукумат асос ёфтааст. Агар дар мо (Кореяи Ҷанубӣ) низ ҳукумат мисли Россия аз боварии мардум суиис­тифода мекард, мо ҳоло дар сатҳи кишварҳои африқоӣ зиндагӣ мекардем…». Аз ин бармеояд, ки боварии аҳолӣ ба ҳукумат таконбахши рушди иқтисодиёт мебошад, зеро мардум пулро ба қавле, «на дар дохили болишт», балки дар бонкҳои эътимоднок мегузоранд.

Хуб мешуд, ки кормандони бонку ниҳодҳои марбута ба матолиби дар ВАО нашршуда беэътиноӣ зоҳир накунанд. Масалан, ҳанӯз 28 июни соли 2012 дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» пешниҳод шуда буд, ки ба хотири кам шудани талабот ба доллари нақд дар бонкҳои кишвар табодули сомонӣ ба юан, рупия, риёл ва афғонӣ ба роҳ монда шавад. Агар ҳамон вақт ин пешниҳод дастгирӣ меёфт, то ин дараҷа нархи доллар боло намерафту қурби сомонӣ бо чунин суръат, ки имрӯз мушоҳида мегардад, паст намешуд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»