Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба мақолаҳои танқидии дар рӯзномаи «Садои мардум» нашршуда зери унвони «Тоҷирон ба Хитой доллар нею рубл баранд» ва «Кадом омилҳо боиси болоравии қурби доллар гардиданд?» (муаллиф Сайфиддин Суннатӣ) чунин посух медиҳад:
Муаллиф норасоии асъори нақди хориҷӣ, бахусус доллари ИМА-и нақдро дар мисоли муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва истифодаи рубли русиро дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо Федератсияи Россия таҳлил намудааст.
Ба андешаи рӯзноманигор, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти норасоии доллари ИМА-и нақд дар бозори дохилии ҷумҳурӣ метавонад истифодаи рубли русии нақд барои хариди молу маҳсулот аз Хитой аз ҷониби шахсони воқеӣ – воридкунандагон бошад.
Пешниҳоди худро муаллиф бо он асоснок менамояд, ки Хитой бузургтарин шарики тиҷоратии Россия буда, ҳаҷми савдои байни онҳо сол ба сол афзуда истодааст ва як қисми ҳисоббаробаркунии байни ду давлат бо юани хитойӣ ва рубли русӣ анҷом дода мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон маҳдуд кардани истифодаи истисноии доллари ИМА-ро дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, бо истифода аз механизми ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Дар баробари ин, қайд намудан зарур аст, ки аз соли 1993 кӯшиши зиёди ташкил кардани низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунии дутарафа ва ё бисёртарафа бо истифода аз асъори миллӣ аз ҷониби давлатҳои собиқ шӯравӣ дар ҳайати ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭс) бенатиҷа анҷом ёфтаанд.
Чунин ҳолат ба мавҷуд будани сабабу монеаҳои зиёди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, ҷой доштани мухолифати манфиатҳо дар байни давлатҳои алоҳида вобастагӣ дорад.
Бо рубли русии нақд хариди молу маҳсулот аз Хитой аз ҷониби тоҷикон ғайриимкон аст, зеро рубли русӣ асъори озод мубодилашаванда (захиравӣ) набуда, хитойиҳо онро дар ҳисоббаробаркунӣ бо тарафи сеюм истифода намебаранд.
Асъори миллии нақд, дар савдои наздисарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон истифода гашта, бинобар хусусиятҳои хоси географӣ ва мавҷуд набудани шароити ташкили савдои наздисарҳадӣ бо Хитой истифода намешаванд.
Бояд гуфт, ки тағйирёбии қурби пули миллӣ соли 2018 дар маҷмӯъ муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,9 фоиз коҳиш ёфтааст (дар соли 2017 коҳишёбӣ ба 12,0 фоиз баробар буд).
Коҳишёбии қурби пули миллӣ ба омилҳои зерин алоқамандӣ дошт:
1. Таъсири омили мавсимӣ ба талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор вобаста ба хусусиятҳои хоси фаъолияти низоми савдои хориҷии ҷумҳурӣ;
2. Ҷой доштан ва тамоюли зиёдшавии бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот);
3. Зиёд шудани ҳаҷми хароҷоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори хориҷӣ, аз ҷумла, барои пардохти қарзҳои беруна ва маблағгузории иншооти муҳими стратегӣ;
4. Коҳишёбии аз эътидол беруни қурби рубли русӣ, бахусус дар нимсолаи аввал ва охири соли 2018;
5. Баландшавии қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ вобаста ба сиёсати низоми захиравии федералии ИМА;
6. Ноустувории геосиёсии иқтисодӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёт ва асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ.
Гуфтан бамаврид аст, ки зери таъсири омилҳои зикршуда соли 2018 қурби асъори миллии аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА ноустувор гашт. Аз ҷумла, қурби лираи Туркия 40,0 фоиз, рубли Федератсияи Россия – 20,6, тангаи Қазоқистон – 15,6, рубли Беларус – 9,5 ва юани Чин 5,8 фоиз коҳиш ёфтанд.
Ҷ. Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон