Якбора болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ сокинони мамлакатро ба ташвиш овард. Зеро қисми зиёди даромади аҳолии кишвар асосан барои хариди хӯрокворӣ сарф мешавад. Кадбонуҳо аз он дар ташвишанд, ки дар мавсими пухтани меваҳо оё барои тайёр кардани мураббою компот мисли солҳои пешин шакар харида метавониста бошанд? Зеро ҳоло дар бозору дӯконҳо нархи як килои он 9,5 сомонӣ аст. Баъзан бо нархи 8 сомонӣ ҳам шакар ёфтан мумкин, вале онро аз 5 кило зиёд намефурӯшанд.
Мувофиқи иттилои портали «Агро XXI», бинобар хушксолӣ Бразилия, ки яке аз кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи шакар аст, содироти ин маҳсулотро моҳи декабри соли 2020 ба 2,98 миллион тонна расонид. Ҳол он ки моҳи ноябр ин рақам 3,10 миллион тонна буд. Истеҳсоли шакар дар Таиланд ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо низ андаке кам шуд.
Хушбахтона, ҳосили найшакар дар Ҳиндустону Покистон афзуда, боис ба зиёдшавии истеҳсоли шакар дар ин кишварҳо гардид ва то андозае суръати баландшавии нархро дар кишварҳои минтақа бозмедорад. Яъне, метавон бовар кард, ки соли равон шакар камчин намешавад. Аммо, то он даме ки истеҳсоли ватании шакар набошад, нархро муътадил нигоҳ доштан мушкил аст. Дар ин ҷода кишварҳои ҳамсоя кӯшиш карда истодаанд, ки шоёни пайравист. Масалан, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1998 дар шаҳри Хоразм корхонаи шакарбарорӣ сохта буданд. Соли 2014 дар шаҳри Андиҷон низ корхонаи замонавии пуриқтидор сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири аз Германия, Австрия, Белгия ва Финландия воридшуда муҷаҳҳаз гардид.
Онҳо ашёи хом (найшакари резакардашуда) — ро аз хориҷа ворид карда, шакар ва қанд истеҳсол мекунанд. Иқтидори солонаи корхонаҳо соле 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Мувофиқи иттилои сомонаи «Подробно. уз», талаботи яксолаи Ӯзбекистон ба шакар 650 ҳазор тонна мебошад. Бо мақсади кам кардани арзиши аслии шакари истеҳсоли ватанӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридоти ашёи хомро аз андози арзиши иловашуда озод намуд. Чанде пеш Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади кам шудани арзиши аслии шакар тавсия дод, ки дар заминҳои атрофи обанбори Ҷиззах найшакар кишт карда шавад.
Ҳоло қариб 70 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии шакар аз ҳисоби найшакар аст. Парвариши он нисбат ба лаблабуи қанд осонтар буда, сифати глюкозааш беҳтар мебошад. Найшакар дар муқоиса бо лаблабу ғози набототии бештар дорад. Ҷиҳати дигари бартарии найшакар дар он аст, ки глюкозаю сахарозаи он қариб 2 дарсади вазни пояи онро ташкил медиҳанд. Зимни коркард он ба истифодаи миқдори зиёди оҳак ва моддаи сафедкунанда ниёз надорад.
Дар таркиби найшакар микроэлементҳо ва витаминҳои гурӯҳи В бештар аст. Аз сабаби он ки рустании гармидӯст мебошад, дар кишварҳои аврупоӣ аз лаблабуи қанд шакар истеҳсол мекунанд. Шакари аз найшакар истеҳсолшуда андаке малларанг буда, 90 дарсад аз сахароза иборат аст. Бинобар сабаби нисбат ба лаблабу камтар аз коркарди технологӣ гузаштанаш шакари он моддаҳои фоидаоварро бештар ҳифз менамояд. Инчунин, ба фаъолнокии майна мусоидат карда, ба кас табъи хуш ва неру ато мекунад. Ғайр аз шакар дар Бразилия аз найшакар биоэтанол ҳосил мекунанд, ки барои нақлиёт сӯзишвории навъи олӣ маҳсуб меёбад. Дар тибби халқӣ аз он барои муолиҷаи бемориҳои роҳи пешоб ва хокаи найшакари хушкро барои зудтар сиҳатёбии ҷароҳатҳо истифода мебаранд.
Дар Туркманистон ҳоло имконияти парвариши рустании шифобахши стевия, ки аз шакар 200 маротиба ширинтар аст, мавриди омӯзиш қарор дорад. Тибқи иттилои нашрияи «Ориент», соли 2012 олимони туркман аз Ҳиндустон стевияро оварда, дар гармхонаи Боғи ботаникии Ашхобод парвариш намуданд. Тайи ин муддат кормандони лабораторияи таҳқиқоти биологӣ ва захираи тухмии боғи ботаникии Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон бо роҳбарии Гулзор Бозорова таҷриба гузаронида, ба хулоса омаданд, ки дар шароити Туркманистон имкони парвариши стевия вуҷуд дорад.
Дар Маркази технологии Академияи илмҳои Туркманистон муайян шуд, ки аз 100 кило стевия метавон 17 кило глюкозиди дитерпенӣ (ивазкунандаи шакар) гирифт. Як порча барги стевия ҷои сақич ва ҳатто дандоншӯякро гирифта метавонад. Он на танҳо ба даҳон накҳати гуворо медиҳад, балки бо бактерияҳои барангезандаи кариеси дандон мубориза мебарад. Стевияро асосан барои гирифтани қиёми ширин — ивазкунандаи табиии шакар парвариш мекунанд. Ватани стевия Парагвай ва Бразилия маҳсуб меёбад. Дар он кишварҳо солҳо мардум стевияро барои ширинкунии ғизо истифода мебурданд. Ин рустании «асалӣ»-ро дар тибби халқӣ барои муолиҷаи захмҳои аз сӯхтан пайдошуда ва бемориҳои меъда истифода мебаранд.
Мутахассисони Маркази технологии АИ Туркманистон муайян карданд, ки қиёми аз стевия гирифташуда бо номи «стевиозид» аз шакар 200 — 300 маротиба ширин буда, калорияаш камтар аст. Бинобар ин, дар Туркманистон минбаъд парвариши саноатии стевияро ба роҳ монданианд.
Стевияро ба Ӯзбекистон ҳанӯз соли 1986 оварда буданд. Ҳоло дар агрофирмаи «Юлдуз ситора»-и ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканд ин рустаниро парвариш мекунанд. Тавре, раиси Ассотсиатсияи содироткунандагони Ӯзбекистон Мухтор Умаров ба сомонаи «Вести.уз» иттилоъ додааст, як кило стевияи хушк дар бозори ҷаҳонӣ 350-400 ва як кило қиёми он 5000 доллар арзиш дорад. Стевиозиде, ки дар шароити Ӯзбекистон парвариш ёфтааст 19,7 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳандаи баланд мебошад.
Стевия масъунияти инсонро баланд намуда, барои муолиҷаи диабети қанд муфид аст. Инчунин фишор ва гардиши хунро муътадил гардонида, фаъолияти мағзи сарро хуб ва табодули моддаҳоро беҳтар мекунад. Стевия воситаи хуби таскиндиҳандаи дард ва зиддибактерию зиддизамбурӯғӣ ба шумор меравад.
Модоме ки стевия дар шароити Туркманистону Ӯзбекистон мерӯяд, дар шароити ҷумҳурӣ онро парвариш кардан мумкин аст. Моҳи январи соли 1992 онвақта раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) Ғафурҷон Юсуфов, сардори Бонки сохтмону саноати шаҳри мазкур Юлдош Холматов ва вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Ғаниев ба музофоти Хейлузяни Ҷумҳурии Халқии Хитой рафта, дар хусуси бунёди корхонаи шакарбарорӣ созишнома имзо намуда буданд. Мувофиқи шартнома бояд аз Корхонаи нуриҳои азотии Вахш соли 1992 ба ширкати шакарбарории Харбини Хитой 36 ҳазор тонна карбамид содирот мешуд. Ба ивази он ширкати хитойӣ дар шаҳри Бохтар корхонаи шакарбарорӣ месохт. Кумитаи иҷроияи шаҳр дар муддати кӯтоҳ барои корхона замин ҷудо кард. Он дар мавзее бояд қомат меафрохт, ки ба НБО «Сарбанд» ва роҳи оҳан наздик мебуд. Дар назар буд, ки оянда аз буғи корхонаи нуриҳои азотӣ ройгон истифода шуда, миллионҳо сӯми онвақта сарфа шавад. Афсӯс, ки ҷанги шаҳрвандӣ амалисозии ин нақшаро барбод дод. Вагарна Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, соҳиби корхонаи шакарбарорӣ мегардид.
Хуб мешуд, ки дар мамлакат истеҳсоли шакар аз найшакар ва стевиозид аз стевия ба роҳ монда шавад. Иқлими кишвар барои парвариши ин рустаниҳои гармидӯст мусоид аст. Дар ин ҷода ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зарур аст, зеро талабот оянда низ ба шакар ва стевиозид дар бозори ҷаҳонӣ зиёд шуда, даромад аз содироти маҳсулот ба зудӣ хароҷоти дар ин соҳа сарфшударо мепӯшонад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»