РАШТ. Гӯшаи зебои диёр. Ба манзараҳои пур аз муъҷизаат менигараму дилам лабрези фараҳ мегардад. Бесабаб нест, ки ҳанӯз дар қарни XIX милодӣ муаррихи маъруфи тоҷик Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар китоби хеш «Таърихи ҳумоюн» навишта буд: «Ва арозии он бағоят ҳосилхез ва маръои он хушалаф аст. Дар фасли рабеъ нузҳат ва сафои сабзазору чашмаи обҳои он ва сайду шикори кабк ва тамошои он ва фазои саҳнаи гулистони даштиву кӯҳии он дар ҳеҷ амсору булдони тавобеи Бухоро нест. Бағоят хушманзару фараҳасар аст. Ва аҳолии ин марзу бум бағоят қавию-л-буня ва ҷасиму захим меоянд. Ин аз хушҳавоии мамлакат аст».
Ҳар дараи ту бинандаро мафтун мегардонад. Хоса дараи Камаров. Дараи афсонаҳо. Ҳамон дарае, ки Сонеъ дар офариниши он соири санъатро ба кор бурдааст. Гоҳе ки аз кор хаста мешавам, ба тамошои табиати зебо меоям, соатҳо соҳили дарёи шӯхи Сорбоғ менишинам, розҳои диламро ба дарё мегӯям, аз дарахтони солхӯрдаву сукутварзида маслиҳат мепурсам, бо булбулони ширинзабону кабкони хушхон ҳамовоз мешавам.
Пешорӯи ман қаторкӯҳи Зарафшон ҳамранги аждаҳои дамон паҳлу зада, осуда хобидааст ва дар нишебии он дараи Камаров ҷой гирифтааст. Ағбаҳои Дубурса ва Пакшиф шоҳиди ҳазорон воқеаву ҳодиса хуши гап задан надоранд. Ҳанӯз роҳи пиёдагузар хароб нашудааст, нақши пойи ҳазорон мардони бонангу ор, ки яке барои таҳсили илм, дигаре пайи дарёфти бурдаи нон ба Фарғонаву Самарқанд, Тошканду Бухоро рафта буданд, ба назар мерасад.
Камаров! Садҳо сайёҳ аз кишварҳои дуру наздик ба Раштон омадаанд, дар ёддоштҳояшон зебоиҳои туро, муъҷизаҳои туро ситоиш намудаанд. Ҳанӯз соли 1876 олими машҳури рус В. Ф. Ошанин ба Раштон омад ва соли 1881 дар бораи ҷуғрофияи он асар навишт. Сипас, олими дигари рус А. Э. Регелем соли 1883 ба воситаи ағбаи Дубурса ба дараи Камаров ва аз он ҷо ба Ғарм омад. Соли 1883 Г. А. Арандаренко ба Камаров меояд. Баъди ошноӣ бо корҳои муҳандисии Халифа Ҳасан ӯ ба он хотир озими Камаров шуд, ки зодгоҳи ин шахсияти бузургро бубинад. Дар деҳаи Тӯда-зодгоҳи Халифа Ҳасан чанд рӯз иқомат мекунад ва баъдан сафарашро идома медиҳад. Баъди бозгашт асари хеш «Қаротегин»-ро иншо менамояд. Агар ин рӯйхатро идома диҳем, номи даҳҳо нафари дигарро зикр карданамон зарур меояд, ки ҳар кадом баъди тамошои табиати афсунгари Раштон дараи Камаровро мадҳ кардаанд.
Камаров! Замоне дар ҳар порча замини ту деҳи ободе буд. Фарзандони номдори ту дар деҳаҳои кучак ба воя мерасиданд. Ҷавонони боистеъдод дар мадрасаҳо таълим гирифта, барои идомаи таҳсил пиёдаву савора манзилу мароҳил тай карда, то Арабистону Миср, Ҳиндустону Афғонистон, Бухорову Самарқанд мерафтанд. Халифа Ҳасан аз як деҳаи хурди ин дараи танг бурун омада, дар Мадинаи мунаввара олимони номдори арабро аз илми фиқҳ сабақ мегуфт. Дар шаҳри Қазон ба тоторҳо ислом меомӯхт. Бесабаб набуд, ки соҳиби «Таърихи ҳумоюн» ёд кардааст: «…ба заковату фаросат ва имтиёзи сухан машҳуранд, ба касби илм иштиғоли тамом доранд. Ва олимони мутабаҳҳир дар ин вилоят бисёранд ва талабаи он низ фаровон аст. Аксари онҳо ба Бухорои Шариф омада, касби улуми мутадовилаи байна-л-уламоро намуда, ба ватани худҳо рафтаанд. Аз ин қабил асҳоби фазл ва арбоби дониш бисёр дорад».
Яке аз номдортарин мадрасаҳои Раштонзамин дар деҳаи Шингиличи дараи Камаров буд. Ин ҳамон мадраса аст, ки Халифа Ҳасан таълими ибтидоӣ гирифта, ҳамон мадраса аст, ки Қозӣ Абдураҳим, домулло Дӯст, мавлавӣ Муҳаммадлатиф, домулло Насриддин, мавлавӣ Ҳафизи варзигунӣ, устод Боқӣ Раҳимзода ва садҳо нафари дигар таҳсил кардаанд.
Камаров диёри мардуми ҳунарманд аст. Оҳангарӣ, дуредгарӣ, наққошӣ, деворкашӣ ҳунарҳое буданд, ки аксари ҷавонмардони камаровӣ аз онҳо бархӯрдор буданд. Имрӯз низ ин саноеъ дар дараи Камаров ба чашм мерасад.
Дар ин дара хунёгарони номдор низ зистаанд. Маъракаҳои ҳамдиёрони хешро бо садои дилошӯби ною танбӯр, ғижжаку думбура ва овози ширин гуворотар мегардонданд
Дашти Кишинбоғ дараи Камаровро ду қисмат мекунад. Дарёи шӯх шитобзада бо шӯру шағаб ҷониби водиҳо равон аст. Шояд мехоҳад лаби хушкидаеро тар кунад ва ё аз домани хеш барои гуруснагон гулмоҳии овозадорашро ҳадя намояд. Чашмаҳои шӯх, софу зулол дар ҳар қадам ба чашм мехӯранд. Рӯ ба рӯйи деҳаи Пингон дар соҳили чапи дарё чашми бинанда ба рӯди Оби хуш меафтад, ки аз баландӣ босуръат ҷорӣ мешавад. Аз роҳи мошингард болотар шахсони савобҷӯ барои оббозии ҳоҷатмандон пеши рудро баста, ҳавзе сохтаанд. Ин оби шифобахшест, ки табибон истифодаи онро барои табобати касалиҳои пӯст тавсия медиҳанд. Аз деҳаи Пингон боло дигар одамон сукунат надоранд, аммо тарҳи хонаҳои эшон дар ҷои деҳаҳои куҳна қад-қади дарё ҳанӯз побарҷост. Интиҳои он Дараи Хирсон аст, ки Камаровро ба водии Ясмани тумани Ҳоит мепайвандад. Ривоят мекунанд, ки дар гузашта мардум бо ҳамин роҳ рафтуомад доштанд ва пайванди хешӣ низ байнашон ҳаст. Дар ин баландӣ садҳо дарахти куҳансоли чормағз, тут, бодом, арча, себу амруд, олучаву гелос ба чашм меафтад. Фасли гармо аз деҳоти саргаҳи дара кишоварзону занбӯриасалпарварон боло мераванд. Бархе заминҳои ҳосилхезро шудгор карда, ғаллаву картошка мекоранд, қисме алафи серғизои онро даравида, барои зимистон захира мекунанд. Занбӯриасалпарварон барои мардуми кишвар беҳтарин асалро пешниҳод менамоянд.
Камаров! Дар синаи кӯҳҳои ту маъданҳо хуфтаанд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам омад, ки кони ангишти «Кафтархона»-ро истифода намоем. Ангиште, ки бо сифати худ дар олам яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Шукр, ки акнун роҳи мошингард ҳасту одамон то болои ағбаи дараи Хирсон мебароянд. Он қадар боло мераванд, ки туғайзорҳо дар поин мемонанд. Хирсу паланг, гургу шағолу рӯбоҳ, бузи кӯҳӣ ва гурозони сарсахт дар ин баландӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо дигар садои тирро намешунаванд. Касе зиндагии осудаашонро халалдор намекунад. Аҳён-аҳён дар фасли сармо шикорчиён ба сайди бузи кӯҳӣ мебароянд. Соҳиби «Таърихи ҳумоюн» навиштааст: «Ва мардумони ин ҷо ба сайду шикор иштиғоли тамом доранд ва ҷилди вуҳушро баъд аз дибоғат дар бадали фарш ба масокини худҳо истеъмол менамоянд. Хусусан ҷилди хирс дар ин ҷо фаровон аст. Ва гоҳҳо аз ҷилди ҳайвоноти ваҳшӣ ба тариқаи тиҷорат мебаранд ва аз ин самар касби сарват менамоянд».
Камаров! Олами наботот низ дар оғӯши пурсаховати ту дар нумуст. Дарахтони кӯҳҳои туро касе то имрӯз шумурда натавонистааст. Соҳиби китоби мутазаккира менависад: «Ва дар кӯҳистони ин мамлакат ашҷори чаҳормағз фаровон аст. Аз ҷиҳати беқадрии он равғани онро кашида, ба атрофу акнофи мамолик мебаранд».
Камаров! Мардуми ту бо меҳмоннавозию саховатмандӣ ном баровардаанд. Бонувонат дар кадбонугӣ маъруфанд.
Пеш аз инқилоб ҳар сол мардони қобили меҳнати дараи Камаров ба Фарғона мерафтанд. Дар ҳар ҳавлӣ як мард мемонд. То фарорасии фасли баҳор мардикорӣ мекарданду баъд ба ватан бармегаштанд. Яке аз сарватмандони Фарғона, ки аз забони дигарҳо таърифу тавсифи Камаровро шунида буд, ҳангоми бозгашти муздурони корхонааш ба меҳмонӣ омад. Дар баробари табиати дилрабои диёр, меҳмоннавозию саховатмандии мардум дили ӯро тасхир кард. Соли дигар, ки мардикорон ба Фарғона рафтанд, сарватманд тӯй дошт ва камаровиҳоро барои ширкат ба зиёфат даъват намуд. Онҳо аз рӯйи одоб поёни хона нишастанд. Сарватманд ба дастархончиҳо ишора кард, ки меҳмононро боло гузаронед.
- Мо, — гуфт бо овози баланд сарватманд, — бо ин ҳама дороӣ барои меҳмон давоми як моҳ он гуна хизмат мекунем, ки эшон дар як рӯз онро ба ҷо меоранд…
Аз саргаҳи дара муъҷизаҳои Худовандро тамошо мекунам ва аз он афсӯс мехӯрам, ки на ҳамаи мардуми кишвар имкон доранд, ки ақаллан як бор ба дараи Камаров биёянду аз тамошои манзараҳои зебои он ҳаловат баранд. Замоне ният доштанд, ки ин дараи зеборо ба макони туризму истироҳат табдил диҳанд, аммо нияти нек ҷомаи амал напӯшид. Аз байн чаҳор даҳсола сипарӣ гардид ва шояд дар замони соҳибистиқлолӣ он ният ҷомаи амал пӯшад. Шояд оид ба истифодаи дурусти табиати Ватан соҳибкорони бонангу ор дар ин гӯшаи зебои дунё истироҳатгоҳҳо бунёд намоянд ва дараи афсонавӣ ба истироҳатгоҳ табдил ёбад…
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»