Аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки то ҳаштуми августи соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 76537 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки баробари 103,7 фоизи нақша мебошад. Ин рақами ниҳоӣ набуда, то охири моҳи август кишти такрорӣ идома меёбад.
Аз майдони умумии кишти такрорӣ 32663 гектар ғалладонагиҳо, 1407 гектар ҷуворимакка барои дон, 6380 гектар шолӣ, 192 гектар картошка, 8043 гектар сабзавот, 3034 гектар полезӣ, 2167 гектар зироатҳои техникӣ ва 30438 гектарро зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо муташаккилона идома дошта, то 8 августи соли 2016 кишоварзон ҳосили 266261 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёдонагиҳоро ҷамъоварӣ намуданд, ки 82 фоизи майдони умумии киштро ташкил медиҳад.
То имрӯз ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда, дар ҷумҳурӣ 724756 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63454 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 28,2 сентнериро ташкил медиҳад. Барои ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар мавсими имсола 162 комбайни ғалладарав сафарбар шудааст.
Ҷамъоварии картошка ва сабзавот низ муташаккилона идома дошта, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳосили ҷамъовардашуда 139385 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11308 тонна зиёд аст.
Аз 20412 гектар 502411 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 94672 тонна зиёд мебошад.
Ҷамъоварии меваю ангур ҳам муташаккилона идома дошта, то 8 августи соли 2016-ум 113857 тонна мева ва 4342 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 89371 ва 1081 тонна зиёд мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»