Чанде пеш дар «Кохи афсарон»-и шаҳри Душанбе суҳбати гирди миз оид ба муаррифии «Китоби сафед» вобаста ба кам кардани партовҳо ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси истеҳсол ва истеъмоли «энергияи сабз» бо истифода аз манбаъҳои барқароршаванда ва технологияи таъсирнокии энергия дар соҳаи сайёҳӣ баргузор шуд.
Сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Иззатуллозода оид ба рушди соҳа дар давраи соҳибистиқлолӣ, захира ва имконоти сайёҳии кишвар маълумот дод. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки имтиёзҳои муайяншуда дар самти фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба рушди соҳа таъсири ҷиддӣ расонд. Аз ин рӯ, сол то сол сафари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар меафзояд.
Сипас, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, мушовири миллии лоиҳа Рафиқа Мӯсоева дар бораи ҳадаф, вазифа, марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, методологияи таҳияи «Харитаи роҳ» ва натиҷаҳои бадастомада маълумот дод.
Зикр шуд, ки «Харитаи роҳ» аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъмини самаранокии энергия ва истеҳсоли энергияи барқароршаванда дар бахши сайёҳии ҷамоатӣ дар Осиёи Марказӣ» таҳия ва тасдиқ шудааст. Ҳадафи лоиҳа коҳиши гази карбон дар бахши сайёҳӣ дар Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аст.
Бино ба гуфти ӯ, «Китоби сафед» ҳуҷҷати бонуфузест, ки барои пурра огоҳ кардани шаҳрвандон пешбинӣ шуда, дорои маълумоти арзишманд, тадқиқоти коршиносон ва тавсияҳо мебошад.
Илова бар ин, «Харитаи роҳ» нақшаи маҷмӯии ноил шудан ба ҳадаф ё рушди объекти муайян (ташкилот, саноат, технология) ба ҳисоб меравад.
- Татбиқи «Харитаи роҳ» ба рафъи монеаҳо дар ҷодаи рушди корхонаҳои хурд ва миёна, ки технологияҳои VIZ, E/E ва хидматрасонии сайёҳӣ дар асоси ҷамоатро пешниҳод мекунанд, равона шудааст. Кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера бо роҳи истеҳсол ва истеъмоли «энергияи сабз» дар соҳаи туризм аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мебошад. Дар фаслҳои дахлдори «Харитаи роҳ» баҳодиҳии таъсири иҷтимоию иқтисодии татбиқ, бозор, хавфҳое, ки метавонанд ба ин раванд халал расонанд ва воситаҳои кам кардани онҳо муайян мешаванд, — изҳор дошт Рафиқа Мӯсоева.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ барои пешбурди маъракаи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ нақшаи дахлдор қабул намуда, дар ин самт корҳои зиёд амалӣ шуданд.
Сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёд Қодирзода дар мавзӯи «Нақши «туризми сабз» дар рушди сайёҳии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Коршиносони миллии лоиҳа Уғулой Хоҷаева, Галия Рабиева, Холмурод Юнусзода ва Собирҷон Усмонов бахшҳои «Китоби сафед» — ро дар алоҳидагӣ рӯнамоӣ карданд.
Муҳим он аст, ки дар «Китоби сафед» тавсияҳо оид ба содагардонии тартиби гирифтани иҷозат барои ҷойгиркунии иншооти тавлиди энергияи барқароршаванда, бахусус иншооти микрогенератсионӣ, такмили усулҳои танзими тарифии микрогенератсионӣ, ҷорӣ намудани маблағгузории сабз ва қарз пешниҳод шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ коршиносон ба саволҳои иштирокчиён посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар чорабинӣ намояндагони ACTED, ширкатҳои сайёҳӣ, моликони иншооти сайёҳӣ, масъулини ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма ва коршиносон ширкат варзиданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»