17 июли соли 2015 бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омада, бо маҳали ҳодисаи рӯйдода шинос шуд.
Сарвазири мамлакатро вазири молия А. Қ . Қурбониён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Н. Ф. Салимзода, вазири нақлиёт Ш. Р. Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои об У. Ю. Усмонзода., раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ А. Т. Ятимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қ. Қосим, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Х. С. Абдураҳмонзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷ. Ҷ. Аҳмадзода, сардори Саридораи геология М. Х. Ҷумъазода, сардори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Н. А. Ахмедов, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ А. Аламшоҳзода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Э. Н. Сангинзода, муовини вазири мудофиа Б. Саидзода, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Ойматов, машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ш. Муҳиддинов, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Ҷумъазода, ҳамроҳӣ намуданд.
Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони деҳаи Барсем, ки аз офат зарари ҷиддӣ дидаанд, мулоқот орост.
Қоҳир Расулзода эшонро бовар кунонд, ки дар мадди аввал барояшон дар мавзеи бехатар қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷудо мегардад ва кумаки Ҳукумат, аз ҷумла маводи ғизоӣ низ мерасад. Худи ҳамон рӯз ба воситаи се чархболи ҳарбӣ ва ташкилоти «ФОКУС» маводи ғизоӣ расонида шуд.
Нисфирӯзӣ таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситод оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид.
Сарвазири мамлакат тамоми сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳоро андешанд.
Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян супориш дода шуд, ки дар муддати як рӯз Неругоҳи барқи обии «Хоруғ»-ро ба кор омода созад. Инчунин Ширкати «Помир Энерҷӣ» муваззаф гардид, ки дар муҳлати на чандон зиёд хатти баландшиддати 35-киловаттаи «Танг — Хоруғ»-ро пайваст намояд. Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеаш супориш дода шуд, ки ин роҳи аҳамияти байналмилалидоштаро дар кӯтоҳтарин муҳлат барқарор созанд.
Баъди суҳбат бо зарардидагон Сарвазири мамлакат аз мавзеи бунёди шаҳраки нав боздид ба амал овард. Дар ин ҷо низ бо масъулини идораҳои сохтмонӣ, вазоратҳои мутасаддӣ ҷиҳати ҳар чӣ зудтар фароҳам овардани шароит барои зарардидагон аз мавзеъҳои Барсем, Бердибекобод ва Колхозобод суҳбати озод доир гардид.
Сарвазири мамлакат диққати ҳозиринро ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳо, таъминот бо масолеҳи сохтмонӣ, бунёди мактаб, мағозаҳо, бунгоҳи тиббӣ, интиқоли оби ошомиданӣ аз масофаи 500 метр, дастрас намудани қубурҳо ҷалб намуд. Аз рӯи лоиҳа дар ин ҷо бояд хонаҳои урфии бадахшонӣ бунёд гарданд.
Сарвазир супориш доданд, ки аз рӯзи якшанбе сар карда, бояд корҳо оғоз гарданд.
Дар ин ҷо низ бо зарардидагон суҳбат доир карда шуд.
Онҳое, ки имрӯз ба кумак ниёз доранд, боварӣ ҳосил намуданд, ки аз дастгирии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат барканор нахоҳанд монд.
Дастгириҳои рӯзҳои аввал аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои хайрхоҳ умеди осебдидагонро ба фардои нек боз ҳам қавитар намуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз корҳои анҷомдода ҳисобот манзур намуда, зикр кард, ки ҳамаи 66 хоҷагии зарардида аз чор деҳоти ноҳия дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини ноҳияи Шуғнон бо шаҳраки муваққатии истиқоматӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин ҷиҳати бунёди манзил барои зарардидагон қитъаи замин ҷудо гардид ва корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд.
Масуф дар робита ба ин зикр кард, ки дар деҳаи Бердибекобод низ чанде аз хоҷагиҳо дар мавзеи хатарзо қарор доранд ва барои ба ҷойи боамн кӯчонидани онҳо тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.
Дар ситод зикр гардид, ки ҷараёни барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнон ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида таҳти назорати қатъии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Кумаки аввалияи Ҳукумати кишвар дар ҳаҷми беш аз 30 тонна маҳсулоти хӯрока ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал ба зарардидагони офати табиии ноҳияи Шуғнон расонида шуд. Чунин кумак аз ҷониби сокинони вилояти Хатлон низ расонда мешавад.
Ҳаҷми зарар аз офати табиӣ то ба имрӯз тахминан 20 миллион сомониро ташкил медиҳад. Инчунин Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва дигар сохторҳои марбута зарари расонидашударо бояд пурра аниқ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»