Мардуми шарифи шаҳри Конибодом бар асоси нақшаи мушаххас дар ин самт корҳои зиёдро ба сомон расонид. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2016 дар аксар соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбат бештар гардиданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 36 млн. 881,4 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – 149 млн. 37 ҳазор сомонӣ, сармоягузорӣ аз ҳама сарчашма – 13 млн. 277,7 ҳазор сомонӣ, гардиши савдои чакана – 160 млн. 983 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ – 95 млн. 665,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Маблағи андозҳо аз ҳама сарчашма 23 млн. 267 ҳазору 947 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 528 ҳазору 607 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Конибодом 11 иншоот, аз ҷумла, маркази хизматрасонии техникӣ ва маишӣ, марказҳои тиҷоратӣ, корхонаи коркарди масолеҳи сохтмонӣ ва хонаҳои истиқоматии миёнаошёна ба маблағи 3 млн. 208 ҳазору 620 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 149 млн. 37,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 194,3 фоиз баробар гардид. Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 36 млн. 881 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 615 ҳазору 700 сомонӣ зиёд мебошад. Коргоҳҳои саноатии шаҳр дар нимсолаи якум ба маблағи 9 млн. 693 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 778 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 6 коргоҳи саноатӣ бо ташкили 159 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон 101,1 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ таъмири ҷорӣ гардиданд, ки ин 51,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар арафаи ҷашни байналхалқии Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди нефти ҶДММ «Нафтрасон» бо иқтидори 70 ҳазор тонна коркарди нефт дар як сол бо таъсиси 80 ҷойи кори доимӣ, коргоҳи бандубасти меваи хушки ҶДММ «Меваи Канд» бо иқтидори 1200 тонна коркарди меваи хушк дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар варзишгоҳи дохили боғи истироҳатӣ ва фарҳангии шаҳр ду майдончаи нави варзишӣ барои бозиҳои футбол бо фарогирии тамоми шароит бо 800 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Сохтмони Маркази ҷарроҳӣ дар заминаи дармонгоҳи №1-и шаҳр бо кумаку дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ идома дорад. Ҳамчунин, дар доираи озмуни «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» сокинон корҳои зиёди ободониро ба анҷом расониданд.
Илова бар ин, дар назди масъулон як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, захираи маҳсулоти хӯрока аз тарафи аҳолӣ барои ду сол, сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ, ташкили корхонаҳои хурд ва ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ гузошта шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, имкониятҳои мавҷударо равона намуда истодааст.
Порсол кишоварзони Конибодом баҳри иҷрои барномаҳои соҳаи кишоварзӣ як қатор корҳои заруриро ба иҷро расониданд. Аз ҷумла, дар 2067 гектар боғ бунёд намуда, 1189,7 гектар боғҳои куҳнаро барқарор карданд.
Дастовардҳо дар соҳаҳои мактабу маориф, фарҳангу иҷтимоиёт низ қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Нақшаи маблағгузории соҳаи маориф пурра иҷро гардид. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, аз фанҳои таълимӣ 3 ҷойи якум ва медали тилло, 4 ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар олимпиадаи вилоятӣ 6 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Ду нафар хонандаи шаҳр дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика бомуваффақият иштирок карданд. Дар озмуни «Сурудҳои академӣ» дастпарвари мактаби санъати бачагонаи шаҳр, ҳофизи ҷавон Муҳаммад Шокиров ва дар озмуни навозандагӣ дастпарвари ҳамин мактаб Миҷгона Иброҳимова соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Мактаби санъати бачагонаи шаҳр ба номи Дилором Баҳромова муассисаи беҳтарини фарҳангӣ дар вилоят дониста шуд. Дастаи мақомхонони навраси ин боргоҳи ҳунар дар Филармонияи давлатӣ баромад намуда, баҳои баланд гирифтанд. Осорхонаи шаҳрии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ ва китобхонаи бачагонаи шаҳр дар қатори беҳтаринҳо ба гирифтани Ифтихорномаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидааст.
Ба хотири пойдории оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби шахсони рӯзгордидаву пуртаҷриба, равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва ходимони дин Маркази машваратии «Пайроҳаи хушбахтӣ» таъсис дода шуд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маркази мазкур 53 оила бо мақсади ҷудошавӣ муроҷиат намудааст. Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ 34 оила барқарор гардид ва ба 21 оила муҳлати оштишавӣ дода шуд.
Бо мақсади дастгириву ҷалби ҷавонон ба варзиш дар шаҳр ду варзишгоҳ бо теъдоди 5000 ҷойи нишаст, 109 майдончаи варзишӣ, 46 толори варзишӣ ва як мактаби варзишии бачагону наврасон амал менамояд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 43 медали тилло, 49 медали нуқра ва 51 медали биринҷӣ гардидаанд.
Мо ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ диққати махсус зоҳир мекунем. Ниҳолпарварони Конибодом дар байни 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дар ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, ки 20 феврал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Аз аввали сол дар шаҳр 1,5 ҳазор ниҳоли ороишӣ шинонида шудааст.
Дар арафаи ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатии кишвар якчанд иншоот, аз қабили нуқтаи хизматрасонии техникӣ дар деҳоти «Лоҳутӣ», бинои маъмурии хизматрасонӣ дар кӯчаи ба номи Ю.Ёдгоров, сехи истеҳсоли шағалу қум, сехи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва қаннодӣ дар шаҳраки «Ҷавонон» ва ҳаммоми нав дар деҳоти «Пӯлодон» ба истифода дода хоҳанд шуд.
Натиҷаи кори филмсозони ватанӣ низ чашмрас аст. Синамогарони «Суғдсинамо» ки дар шаҳри Конибодом фаъолият мекунанд, дар зарфи як соли охир се филми мукаммал ба забони давлатӣ таҳия карда, манзури бинандагон сохтанд. Ҳунарпешагони ҷавони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова намоишномаи «Суди девонагон»-ро дар коркард ва таҳияи Авлиёқули Хоҷакулӣ аз рӯи асарҳои фоҷиавии нависандаи бузурги англис Уилям Шекспир — «Шоҳ Лир» ва «Ҳамлет» ба саҳна гузоштанд, ки 27-уми феврал нахустнамоиши он дар шаҳри Конибодом, 29-уми феврал дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт ва 2-уми март дар Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ пешкаши бинандагон гардонда шуд.
Ин намоишнома ба фестивали кушоди Осиёимиёнагии фарҳанг ва санъат, ки дар пойтахти давлати Англия – ватани Шекспир (шаҳри Лондон) моҳи августи соли равон баргузор мешавад, даъват гардидааст.
Мо кӯшиш менамоем, ки минбаъд низ баҳри таъмини иҷрои нақшаву вазифаҳои базиммадошта имконияти мавҷударо истифода намуда, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирем.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»