Чор сол қабл дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо ҷалби сармояи хусусӣ ду корхонаи коркарди пашму мӯина таъсис ёфта буд, ки якеаш дар деҳаи Баҳрдараи деҳоти «Савноб» ҷойгир аст. Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо кӯшиши роҳбарияти корхонаҳо доираи фаъолияти онҳо васеъ гардонда шуд. Ҳоло кормандон дар баробари коркарди ашёи хом, ба бофтани ҷӯроб, сарпӯш ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ низ машғуланд.
- Дар корхона 15 дастгоҳи ресандагӣ ва як дастгоҳи коркарди пашм мавҷуд аст, ки 15 нафар бо истифода аз онҳо ба ресандагӣ машғул мебошанд. Ашёи хомро асосан коргарон аз хонаҳои худ меоранд. Қисми дигарро аз аҳолӣ харидорӣ мекунем. Ду килограмм пашм дар ин ҷо 15 сомонӣ нарх дорад. Барои бофтани 8 адад ҷӯроб ҳамин қадар пашм сарф мешавад. Айни ҳол ягона мушкилӣ дурӣ аз бозори шаҳри Хоруғ мебошад. Умед дорем, ки дар ҳамин ҷо ҳам барои маҳсулотамон талабгорон пайдо мешаванд, — мегӯяд Элчизан Ричусчова — сарвари коргарзанон.
- Як хусусияти фарқкунандаи маҳсулоти ҳунармандони деҳаи Баҳрдара аз дигарон дар он аст, ки зимни бофтани ҷӯробҳо ва дигар маҳсулоти пашмин ресмони худравро истифода мебаранд. Шакли гулпартоияшон ҳам аз шаклҳои гулпартоии ҳунармандони дигар мавзеъҳо — Бартанг, Рӯшон ва Шуғнон фарқ мекунад, — гуфт бонуи ҳунарманд Кабудсор Мамадшоева ва илова кард:
- Ҷӯробҳои деҳаи Баҳрдара аз ресмони пашмини худранг бофта мешаванд. Бибиёну модарон барои ҷӯробҳо нақшҳои гуногун — гулҳои кӯза, катагул, селикак, амбахс, кажак, резагул, аловгул, гарденак ва ғайраро аз қадим истифода мебурдаанд, бо каме тағйирот кори онҳоро идома бахшида истодаем.
Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон тасмим гирифтааст барои фурӯши маҳсулоти корхона, аз ҷумла, ҷӯробҳои пашмин, дар маркази ноҳия ва бо зиёд гардидани талабот дар шаҳри Хоруғ низ мағоза кушояд.
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»