Дар кишвари соҳибистиқлоли мо-Тоҷикистон деҳқон соҳиби замин аст. Озодона онро истифода мебарад ва маҳсули бадастовардаашро ба бозорҳои дохилу хориҷи ҷумҳурӣ мебарорад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 таҳти №597 Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ташкил шудааст. Мақсади асосии корхона таъмин намудани тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ бо техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад. Инак, аз таъсиси корхона ҳашт сол сипарӣ шуд. Оё он ба мақсад ноил гардид? То кадом андоза КВДҶ «Тоҷикагролизинг» мушкилоти норасоии техникаву таҷҳизотро барои деҳқонон коҳиш дод? Ба ин ва дигар саволҳо директори корхонаи мазкур Исуф Шоев посух дод.
Бино ба гуфти номбурда, давоми ҳашт соли фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхона 28,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин пул гардиш хӯрда, айни ҳол қариб 110 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ давоми фаъолият корхона зиёда аз 1000 техника ва беш аз 1600 таҷҳизот ворид кардааст. Ҳамсуҳбатам афзуд, ки баробари таъмин намудани хоҷагиҳо бо техникаву таҷҳизот ва хизматрасониҳои таъмирӣ, инчунин Ҳукумат корхонаро вазифадор кардааст, ки ҳолати таъминот бо техникаро омӯхта, таҳлил намояд.
-Мутаассифона, таъминот бо техника хуб нест. Дар маҷмӯъ, 35-38 фоизро ташкил медиҳад. Масалан, яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ғаллакорӣ мебошад, аммо таъминот бо комбайн ҳамагӣ 30-33 фоиз аст. Ҷумҳурии мо, ки кишвари аграрӣ аст, ба техникаю таҷҳизот ниёзи бештар дорад. Мувофиқи меъёри талабот дар ҷумҳурӣ 1500 комбайн лозим аст, вале ҳамагӣ 500 комбайн мавриди истифода аст. Сабаби аслӣ дар он аст, ки нархи комбайн гарон буда аз 60 то 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Деҳқони одӣ имконияти пайдо кардани чунин маблағро надорад. Аз ин рӯ, мо бо истифода аз усулҳои имтиёзнок тариқи иҷораи молиявӣ техникаро ба деҳқон медиҳем. Ба хотири осон гардидани кори деҳқон муҳлати иҷораи молиявии техникаро аз се то панҷ сол, таҷҳизотро аз 1,5 то се сол ва комбайнро то шаш сол дароз намудем,- изҳор дошт Исуф Шоев.
Номбурда гуфт, ки солҳои 2010 ва 2012- ум КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба Агентии байналмилалии ҳамкориҳои давлати Япония «JICA» ҷиҳати кумак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ лоиҳа пешниҳод намуд. Лоиҳа аз тарафи ҳукумати Япония дастгирӣ ёфт ва дар ин асос 161 трактори универсалӣ, 23 комбайни ғалладарав ва 161 таҷҳизот ба маблағи чор миллион доллари ИМА ҷудо гардид, ки онҳо бо имтиёзи 50 фоиз арзон аз нархи асосӣ ба 184 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ тариқи иҷораи молиявӣ дода шуданд.
- Чанде пеш ҳисоботи корхона дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати хизматрасонии корхонаи мо, хусусан марказҳои хизматрасонии техникӣ, ки моҳияти мавсимӣ дошт, эрод гирифтанд. Супоришҳои мушаххас дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо марказҳои хизматрасонӣ ташкил карда, онҳоро бо дастгоҳҳои ёрирасон муҷаҳҳаз гардонем, то тамоми фасли сол фаъолият кунанд. Сабаб дар он аст, ки дар ҷумҳурӣ 175 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст ва ҳамаи онҳо имконияти молиявӣ надоранд, ки техника ва таҷҳизоти зарурии кишоварзиро харидорӣ кунанд. Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникии нав ташкил шаванд ва ба мардум хизмат кунанд. Аллакай дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ маркази хизматрасонӣ ташкил кардем. Сониян, робитаро бо корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла КВД «Коргоҳи машинасозӣ», ҶМСП «ТоҷИрон», ҶСШП «Новселмаш» ривоҷ дода, таҷҳизоти зарурии кишоварзӣ фармоиш додем ва 30 фоизи маблағро пешпардохт намудем. То ин замон қисмате аз таҷҳизотро дастрас ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва марказҳои хизматрасонӣ таҳвил намудем,- зикр кард мавсуф.
Бино ба гуфти директори корхона, аз ҳисоби Ҳукумат ба маблағи қариб даҳ миллион сомонӣ техникаву таҷҳизот барои мукаммалу муҷаҳҳаз кардани марказҳои хизматрасонии техникӣ харидорӣ шудааст.
Ҳамсуҳбатам зикр кард, ки ду моҳ пеш 33 маркази хизматрасонии техникӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дошт ва бо ташкили се маркази дигар шумораи он ба 36 расид. То ин вақт таҷҳизоту техникае, ки дар марказҳои зикршуда мавриди истифода буданд, манфиат намеоварданд, зеро кор тавре ба роҳ монда шуда буд, ки маблағи аз ҳисоби хизматрасонӣ воридшуда ба маоши корманд ва таъмири техника сарф мешуд. Шурӯъ аз моҳи октябри соли ҷорӣ тарзи дигари кор ба роҳ монда шудааст. Минбаъд техника ба механизатор ба иҷораи молиявӣ дода мешавад ва ӯ дар муддати панҷ сол, пас аз пурра пардохт намудани арзиши он, техникаро хусусӣ мекунанд. Дар марказҳои хизматрасонии техникӣ тамоми навъҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ мавҷуд аст, ки онҳо аз шудгори замин то ҳосилғундориро иҷро мекунанд.
Номбурда афзуд, ки КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бо корхонаҳои тракторбарории Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва ҶДММ «Кишоварзи фанни Мозандарон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки таҳвилкунандагони расмии техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ мебошанд, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Корхонаҳои мазкур бидуни пешпардохт ба КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба муҳлати то шаш моҳ техникаву таҷҳизот медиҳанд. Ин омил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкориҳо дар асоси боварии якдигар густаришу ривоҷ меёбанд. Дар муддати даҳ моҳи соли ҷорӣ аз ин корхонаҳо зиёда аз сад техника ва дусад таҷҳизот ворид шудааст.
Мавсуф гуфт, ки имрӯз таваҷҷуҳи мардум ба корхона бениҳоят зиёд аст, вале буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба корхона таъсир расонидааст.
- Сарфи назар аз ин, мо бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, гардиши молиявӣ ва истифодаи маблағҳои грантӣ кӯшиш менамоем, ки ҳар чӣ бештар ба ҷумҳурӣ техникаю таҷҳизот ворид намуда, талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродиро таъмин намоем, зеро деҳқон имконияти якбора харидорӣ намудани техникаю таҷҳизотро надорад, аз ин рӯ ба тариқи иҷораи молиявӣ гирифтани техника манфиатбахш аст,- иброз дошт Исуф Шоев.
Вақте харидор ба воситаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) техникаро мегирад, дар асоси шартнома, ки муҳлати пардохти маблағ нишон дода шудааст, онро пардохт намуда, техникаю таҷҳизотро хусусӣ менамояд. Ҳама гуна техникаву таҷҳизоте, ки ба воситаи КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба муштарӣ дода мешавад, як сол муҳлати кафолатӣ дорад. Агар дар ин муддат нуқсони техникӣ пайдо шавад, корхона аз ҳисоби худ онро бартараф менамояд.
Иттилоъ гирифтем, ки корхона дар давраи фаъолияти худ бо таҳвилкунандагон барои ворид намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ зиёда аз 200 шартнома ба имзо расонидааст. То ин вақт ба маблағи умумии 138,5 миллион сомонӣ техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ворид шудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки барои пурра бо техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ таъмин кардани соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ 4,6 миллиард сомонӣ зарур аст. Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар ҷумҳурӣ 18331 тракторҳои универсалӣ ва шудгоркунанда, 1773 адад комбайнҳои ғалладарав намерасад. Аз ин рӯ, КВДҶ «Тоҷикагролизинг» кӯшиш намуда истодааст, ки норасоии мавҷударо то қадри имкон коҳиш диҳад.
-Таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ ба корхона зиёд аст. Аз ин рӯ, сидқан кор мекунем, то мушкилоти деҳқонро осон намоем,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Исуф Шоев.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»