Дар зарфи се соли охир дар ноҳияи Дарвоз чаҳор корхонаи калони саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар натиҷа садҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд. Яке аз ин корхонаҳо, ки бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуд, ин корхонаи коркарди санги мармар мебошад. Соли 2012 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди ин корхона дар мавзеи Даштак замин ҷудо намуд ва худи ҳамон сол Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Карон-мармар» ба бунёди он оғоз кард. Дар давоми се сол сохтмон ба анҷом расид ва бо таҳҷизоти муосири италиявӣ ва хитойӣ таъмин шуд.
28 июни соли равон бо ширкати Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ ин корхона ба фаъолияти расмӣ оғоз намуд. Мутахассисони хитойиву италиявӣ тарзи идора кардани дастгоҳҳои сангбурию суфтакунии санги мармарро ба сокинони маҳаллӣ ёд доданд ва акнун онҳо худашон мустақилона ин дастгоҳҳоро идора мекунанд. Оператори дастгоҳи сангбурӣ Назриддин Пирназаров мегӯяд, ки агарчӣ маълумоти олии муҳандисӣ дорад, аммо ихтисосаш комилан дигар аст. Бо кумаки мутахассисони хориҷӣ дар муддати кӯтоҳ мавсуф касбашро такмил дод ва тарзи истифодаи ин дастгоҳро ёд гирифт. Ҳоло бештар аз як моҳ мешавад, ки ин ҷо фаъолият дорад. Тамоми корҳо дар корхона бо истифода аз технологияи рақамӣ анҷом дода мешаванд. Дар гузашта ҳангоми буридани санги мармар рӯи он бо ранг хат мекашиданд, акнун аз ченкунаки лазерӣ истифода мебаранд. Ин тарзи кор имкон медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд истеҳсол гардад. Дар давоми як моҳи гузашта ин корхона зиёда аз ҳазор метри кубӣ санги мармар истеҳсол кардааст. Мутобиқи тадқиқоти мутахассисони соҳаи геология танҳо дар ноҳияи Дарвоз зиёда аз даҳ намуди санги мармар, аз ҷумла мармари ранга мавҷуд аст, ки ҳоло ба истихроҷи як намуди он дар деҳаи Вишхарвак шурӯъ намудаанд. Чунин конҳо ҳамчунин дар мавзеъҳои Яхчисор, Кеврон ва Висхарв мавҷуданд. Баъди ба кор андохтани кони Вишхарвак корхона соҳиби маҳсулоти худӣ хоҳад шуд, аммо имрӯз маҳсулоти хомро аз ноҳияҳои Ванҷ ва Шаҳритуз ба ин ҷо интиқол медиҳанд. Пас аз оғози истихроҷи санги мармари Вишхарвак ҳам маҳсулоти корхона ва ҳам теъдоди коргаронаш зиёд хоҳад шуд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»