Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус табибон истеъмоли сирпиёзу дудкунии испандро тавсия доданд. Аз ин ба равони савдогарон «гармӣ» дамид. Якбора нархи як килограм сирпиёзи хитойӣ, ки 10-12 сомонӣ буд, ба 50-60 сомонӣ дакка хӯрд. Нархи як кило сирпиёзи ватанӣ бошад, 70 сомонӣ шуд. Ҳол он ки пеш нархи як килои он 15 сомонӣ буд. Барои аз ҳақиқати ҳол воқиф шудан аз се бозори пойтахти мамлакат дидан кардем.
Дар бозори яклухтфурӯшии маҳаллаи 103-и пойтахт нархи як кило сирпиёзи ватанӣ 60 сомонӣ, сирпиёзи сафеди хориҷӣ 45 — 50 сомонӣ буд. Сирпиёз чӣ хосият дорад, ки ба он «таваҷҷуҳ» кардаанд?
Он як навъ сабзавот аст, ки аз қадим бо мақсади давоӣ истифода мешавад. Таърихи оғози истеъмолаш дақиқ нест. Дар сарчашмаҳо чор ҳазору панҷсад сол пеш аз солшуморӣ дар бораи он маълумот додаанд.
Сирпиёз хосияти шифобахшии зиёд дорад. Бештар ба хосияти зиддисироятии он таваҷҷуҳ мекунанд. Дар бораи ин хосияти сирпиёз Диоскорид, Абумансури Муваффақ, Абӯалӣ ибни Сино, Ғиёсиддин Ҷазоирӣ овардаанд, ки он барои тандурустӣ чун тарёк аст. Ҷолинус мегӯяд: «Агар касе ҳар рӯз сир хӯрад, ба ӯ заҳри қотил ҳам таъсир намекунад». Румиҳои қадим пеш аз ҳар набард ба сарбозон сир медоданд. Юнониҳо ва славянҳо барои моргазида аз он истифода мебурданд, барои пешгирии бемориҳои сирояткунанда дар гарданашон сир меовехтанд.
Оё сирпиёзи хитойӣ хосияти шифобахшии сирпиёзи 4,5 ҳазор сол пеш аз милод истеъмол мешударо дорад?
Ба ин савол беҳтараш на сироятшиносон, балки навъшиносон ҷавоб гӯянд, чунки ҳифзи навъи растанӣ ва бақайдгирии навъҳои нав рисолату масъулияти онҳост.
Бояд эътироф кард, ки хосияти навъи тоҷикиро дигар сирпиёз надорад. Ба ибораи дигар, он аз ҷиҳати бӯй, лаззат ва шифобахшӣ бартарии зиёдро доро мебошад. Касе бӯйро хуб дарк кунад ва қобилияти дарки чошнигарӣ (тамъсанҷӣ) дорад, инро ба хубӣ эҳсос мекунад.
Хосияти шифобахшии сир дар ҳар як хонадон маълум аст. Дар маҳалҳо онро бо аҷик ҷӯшонда, ҳамчун маҳлул барои паст кардани таби кӯдак истифода мебаранд. Дар як лаҳза табро паст мекунад. То ҳол мардуми кӯҳистон аз ин дармони дастрас васеъ истифода мебаранд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», бо мақсади бо навъҳои беҳтарин таъмин намудани кишоварзон муҳим аст, ки навъи ҷадид нисбат ба дигар навъҳои парваришшаванда аз ҷиҳати таъм, ғизонокӣ, хосияти шифоӣ афзалият дошта бошад. Дар Тоҷикистон ба «Феҳристи давлатии навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ» фақат ду навъи сир «Душанбе-2» ва «Ҷалолобод» дохил гардидааст. Чун дар кишвар шаклҳои нави хоҷагидорӣ ба роҳ монда шудааст, маълум, ки дигар барои кишоварзон нақшаҳои истеҳсолӣ нест. Саволи матраҳ он аст, ки кӣ бояд деҳқонро водор намояд, то ба парвариши сирпиёз рағбат пайдо кунад.
Шояд баъди паст шудани таҳлукаи коронавирус масъулони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»