Инсоният дар асри нав бо як қатор мушкилиҳои хусусияти глобалидошта мувоҷеҳ аст, ки дар роҳи рушд монеаҳо эҷод менамояд. Мушкилоти асри навин дар ҷои холӣ ба миён наомада, натиҷаи фаъолияти худи инсон мебошад. Яке аз мушкилот коррупсия аст, ки инсониятро дар ҳама давраи таърих ҳамроҳӣ намуд ва имрӯз низ мавҷуд аст. Имрӯз он ба яке аз таҳдидҳои нав табдил ёфтааст, ки ба муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоӣ халал ворид сохта, амнияти давлатҳо ва муносибатҳои ҷамъиятиро зери хатар мегузорад.
Коррупсия, ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона, аз ҷониби шахсони алоҳида бо мақсади ҳифзи манфиатҳои шахсӣ ва ғаразҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа воқеӣ мегардад ва танҳо ҳодисаи ҷиноӣ нест, ҳамчун раванди иртиҷоии иҷтимоӣ заминаю хосиятҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайраро ба ҳам пайвастааст. Зери мафҳуми «коррупсия» на танҳо ришвахӯрӣ, балки амалҳои дигари иртиҷоӣ, аз қабили порадиҳӣ, харидани шахсони мансабдор, туҳфаҳо ба роҳбарону ҳокимон ва монанди инҳо фаҳмида мешавад. Дар санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмол таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нуҳуми СММ мебошад: «Коррупсия суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба манфиатҳои шахсӣ аст».
Баробари пайдоиш ва ташаккули давлат коррупсия низ дар шакли одӣ ба вуҷуд омадааст. Амалҳои коррупсионӣ ва коррупсия ҳамчун зуҳуроти ҳаёти ҷамъиятӣ хоси ҳама давру замон ва кишварҳо мебошад. Танҳо сатҳ ва доираи зуҳури он вобаста ба масъалаҳо ва ҳолатҳои инкишофи мамлакатҳо гуногун намудор мегардад.
Ин амали ҷиноӣ вобаста ба шароити давраҳои таърихии ҷомеа дар шаклҳои гуногун зуҳур карда, сатҳи муборизаи он низ махсусият дорад. Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоид ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ аст.
Душвории мубориза бар зидди коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки он на танҳо проблемаи ҷиноӣ (криминалӣ), балки иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мебошад. Зиёда аз ин, дар марҳилаи муосир имкониятҳои зиёд барои амалҳои коррупсионӣ пайдо мегарданд, ки дар натиҷа он барои рушди иҷтимоӣ хатари ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Ҳар қадар сатҳи коррупсия зиёд гардад, ҳамон қадар таъсири манфии он ба обрӯи давлат дар миқёси байналмилалӣ бештар мерасад ва ин ба ҷалби сармояи хориҷӣ монеъ мегардад. Ҳамчунин, он таҳдидҳои иҷтимоию иқтисодиро ба амнияти давлатӣ ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин муборизаи таъсирнок бо коррупсия танҳо тавассути амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳое, ки дар асоси сиёсати ягонаи зиддикоррупсионӣ амалӣ мегардад, имконпазир аст.
Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хосияти коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор меравад, зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асосҳои давлату давлатдориро заиф карда, ба фаъолияти муқаррарии мақомоти давлатӣ халал ворид намуда, ба равандҳои иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, рафтору тафаккури ҷомеаву самтҳои дигари ҳаёт таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия худ ба худ аз байн намеравад. Мубориза бар зидди коррупсия дар ҷомеаи муосир масъалаи мураккабтарин аст. Барои аз байн бурдан ва ё паст намудани сатҳи содиршавии он ба вуҷуд овардани шароити арзандаи ҳаёт ва маданияти баланди шаҳрвандӣ зарур мебошад. Фаъолияти давлат дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия (сиёсати зиддикоррупсионии давлат) дар шароити ҳозира ба самти мустақили давлатӣ табдил ёфтааст.
Пӯшида нест, ки ин зуҳуроти манфур дар сатҳ ва шаклҳои мухталиф ҷой дорад. Биноан, шароити муосири инкишофи кишвар ва таҳкими истиқлолияти давлатии он ҳаллу фасли масъалаҳои алоқаманд бо коррупсияро талаб дорад.
Самти дигари мубориза пешгирии пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин бобат заминаҳои инкишофи коррупсия дар кишвар ошкор шуда, тадриҷан ҳаллу фасл мегарданд. Вобаста ба ин, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва мустаҳкамсозии онҳо нақши муҳим мебозад. Тавассути меъёрҳои қонунгузорӣ то як андоза заминаҳои инкишофи коррупсия заиф гардонида мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва амалигардонии он дар ин самт пешрафти назаррас ҳисоб меёбад. Инчунин, пешгирии коррупсия ва рафъи заминаҳои он ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву равонии ҷомеа вобастагӣ дорад. Таъмини пешрафту инкишоф дар соҳаҳои номбурда тадриҷан метавонад заминаҳои инкишофи коррупсияро дар ҷомеа аз байн барад.
Роҳи аз ҳама беҳтарини мубориза бо ин амали ҷиноӣ он аст, ки ҳар як шахс дар доираи қонун ва салоҳият фаъолият карда, меъёри мавҷуда ва муқаррарнамудаи қонунгузориро риоя намояд ва ба амали коррупсионӣ даст назанад. Самти дигари пешгирии ин амали ҷиноӣ он мебошад, ки ҳар шахс дар мубориза бо он бетарафӣ зоҳир накунад.
У. РАҲМАТОВ, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур,
Х. АБДУЕВ, омӯзгори кафедра