Бисту чоруми июли соли 2013 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва раванди байналмилалии Шарикии глобалӣ» семинари миллӣ баргузор гардид.
Дар семинар роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов зимни сухани ифтитоҳӣ аҳамияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шарикони рушд таъкид намуда, минҷумла зикр кард: «Соли ҷорӣ кишвари мо ба татбиқи Стратегияи нави миёнамуҳлати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон (СБНМТ) барои давраи солҳои 2013-2015 оғоз намуд. Барои таъмини иҷрои бомуваффақияти чорабиниҳои он ҷалби ҳаҷми зарурии кӯмаки беруна ва сармоягузориҳо зарур аст. Дар робита ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар равонасозии кӯмаки беруна, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ барои таъмини эҳтиёҷоти стратегияи фавқуззикр тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст».
Раиси кумита ҳамчунин афзуд, ки айни замон раванди байналмилалии мониторинги Шарикии глобалӣ оғоз гардидааст ва дар он кишварҳое, ки Созишномаи Шарикии Бусанро барои ҳамкории самаранок баҳри рушд ба имзо расонидаанд, иштирок хоҳанд намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки бо дастгирии шарикони рушд ба ин раванд ҳамроҳ шавад.
Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Марша Олив зимни суханрониаш аз иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд ситоиш намуда, ҳадафи асосии кӯмакҳои берунаро ба кишвари мо мусоидат ба ин раванд арзёбӣ намуд. Мавсуф аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ бо вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвият ва беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати ин равандро муҳиму саривақтӣ номид.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Раҳматбоев раванди вуруд ва истифодаи кӯмаки берунаро дар соли 2012 шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки дар заминаи таҳлили ҳамаҷониба тамоюли тағйирёбӣ ва сохтори ҷараёнҳои кӯмаки беруна, тақсими он ба бахш ва минтақаҳои кишвар таҳқиқ гардиданд. Зикр гардид, ки дар соли 2012 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 388 млн. доллари ИМА кӯмаки беруна ворид шудааст, ки аз ин ҷумла 179 млн. доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ равона гардидааст. Ҳаҷми бештари кӯмакҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Федералии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Япония ворид шудааст. Дар байни созмонҳои байналмилалии молиявӣ кӯмаки бештар аз тарафи Бонки Рушди Осиё, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд ба чашм мерасад.
Муовини директори Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Алена Никулита ва дигар шарикони рушд оид ба масъалаи мавриди баррасӣ суханронӣ намуданд.
Дар муҳокима иқдомоти минбаъда дар мавриди тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, беҳтар сохтани ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна дар сатҳи минтақаҳо ва бахшҳо, истифодаи самараноки Низоми идоракунии иттилоотии кӯмаки беруна, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди байналмилалии Шарикии глобалӣ ва мониторинги он муайян гардид.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»