Кумаки Арабистони Саудӣ барои пешгирии коронавирус

№ 22.07.2021

DSC_5821Нуздаҳуми июли соли равон дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани кумакҳои моддӣ — тиббии Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдураҳмон иброз дошт, ки ин кумак иборат аз либоси махсуси кормандони тиб, дастпӯшак ва ниқобҳои муҳофизатию респираторҳо иборат буда, маб­лағаш 500000 доллари америкоиро ташкил медиҳад.

- Имрӯз дар Арабистони Саудӣ сиёсати «Инсон дар мадди аввал» роҳандозӣ шудааст. Ин сиёсат на танҳо дар дохили мамлакат, балки зимни ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст низ амалӣ мешавад. Тоҷикистон барои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давлати муҳим ва дӯсту бародар ба шумор меравад. Бо ироаи кумаки тиббӣ аз Худованд таманно дорем, ки мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз бемории COVID — 19 ҳифз намояд, — гуфт Валид Абдураҳмон.

Муовини вазири тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба сафир изҳори сипос карда, иброз намуд, ки кумаки ироашуда давоми мантиқии дӯстиву рафоқат ва наздикии ду давлати бародар мебошад.

- Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва мардуми он солҳои охир дар расонидани кумаки беғаразона ба зарардидагони офати табиӣ дар ҷаҳон саҳми босазо мегузорад. Имрӯз, ки мавҷи дуюми коронавирус дар ҷаҳон паҳн шудааст, кумаки мазкур хеле саривақтист. Боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ на танҳо дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ, балки дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, кишоварзӣ ва ғайра низ вусъат меёбад, — гуфт Шодихон Ҷамшед.

Кумакҳои тиббӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба муассисаҳои тандурустии мамлакат фиристода мешавад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ