Лӯбиё ва аҳамияти он

№53 (4473) 30.04.2022

Дар дунё на танҳо мо – одамон таърих дорем, балки ҳар ашё низ соҳиби таърих аст. Аз ин қатор зироатҳои полезӣ истисно нестанд. Хусусан, лӯбиё ба хӯроки мо таъму лаззати хос мебахшад.

Донаги 1Мувофиқи таҳқиқоти олимон, ватани асосии лӯбиё суфакӯҳҳои  Анди Америкаи Ҷанубӣ мебошад. Дар даврони қадим он хӯроки сокинони Америкаи Ҷанубӣ будааст.

Аввалин маротиба лӯбиёро бостоншиносон ҳангоми кофтани мавзеи археологӣ аз даҳони мурдаи мӯмиёкардашуда пайдо мекунанд. Ҳамин тариқ, лӯбиё  аз Америкаи Ҷанубӣ ба олам  паҳн мешавад. Баъдтар навъҳои  гуногуни  зироати  лӯбиёгӣ  дар минтақаҳои  тропикӣ -  Осиё, Африка ва Америка рушд меёбанд.

Зироати  дигаре аз хонаводаи  лӯбиёгиҳо мушинг аст, ватани он кӯҳистони Афғонистон  ва шимолу ғарби Ҳиндустон мебошад. Лӯбиёи муқаррарӣ рустании  яксолаи ғизоӣ буда, ба оилаи  лӯбиёгиҳо (боқилоӣ) дохил мешавад. Лӯбиё то 60 см қад мекашад, мевааш дар ғилофак ҷойгир шуда, 4-5 — донагӣ самар дорад. Гули сафеди  гулобӣ, зардчатоб ё сабзи сафедчатоб  дорад. Самараш ранги гуногун дорад. Абӯалӣ ибни Сино мизоҷи лӯбиёро гарм ва хушк андар дараҷаи якум  мешуморад.

Оилаи  лӯбиёгиҳо  яке аз калонтарин оилаи рустаниҳои дупаллагӣ ба шумор мераванд. Ин оила тақрибан 12 ҳазор навъи рустаниҳои яксола, бисёрсола  ва алафию  буттагӣ, ҳамчунин, дарахтиро дар бар мегирад. Дар қатори рустаниҳои кишоварзӣ, аз қабили мушунг, лӯбиё, лӯбиёи чинӣ (соя), нахӯд,  боқилоӣ, чормағзи заминӣ, мош, рустаниҳои ороишии ақоқиёи зард — сафед, гули мулкак, глисиния, хӯроки чорво — юнучқа, (лупин тирмис), себарга, ширинбия ва дигар рустаниҳои пурқимат мавҷуданд. Ин рустаниҳо ба ҳамдигар монандӣ дошта, аз рӯи сохти гул ва мева ба ҳамдигар наздиканд. Формулаи гули рустаниҳои лӯбиёгиро  ин тавр тасвир кардан мумкин аст:

К(5)  Т (+2+(2))  Г(19) + 1 М 1

Таркиби лӯбиё аз моддаҳои нитрогендор, хусусан аз сафедаҳо бой аст. Сохт ва шакли баргашон гуногун мебошад. Дар ғилофаки лӯбиё кверситин, ситос­терин, аминокислотаҳо, каротин, витаминҳои  В (1), В (2), В (6), Е, С мавҷуд аст. Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: «Лӯбиё бештар аз мош бод биангезад, лекин боқило аз лӯбиё бодаш тезтар аст». Лӯбиё рустании гармидӯст аст. Вай зиёда аз 200 навъ дорад, ки 20 навъаш дар хоҷагиҳои  кишоварзӣ парвариш меёбанд. Дар таркиби тухми он 28-30 фоиз сафеда, 3,6 фоиз равған, 42-60 фоиз нишоиста (крахмал), қанд, витаминҳои А, В, С  мавҷуд аст. Хулоса, лӯбиёи муққарарӣ ҳамчун зироати рустанигӣ аз ҷиҳати фармакологӣ мувофиқ буда, ба ҳифз ва парвариши васеъ ниёз дорад.

Муродалӣ ҲОШИМОВ,

саромӯзгори  ДДТХ,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон