Чанде қабл аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» таҳия гардид. Директори он Изатулло Саидзода бо хоҳиши хабарнигори рӯзнома онро чунин шарҳ дод:
- Бо мақсади таъмини иҷрои банди 2 нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018 таҳти №227 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» таҳия гардид.
Ин иқдом ҷиҳати амалисозии сархати 11 банди 45 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 таҳти №1005 тасдиқ шудааст, банди 62.3. «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 таҳти №642 тасдиқ шудааст ва боби сеюми «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №643 тасдиқ гардидааст, мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳа дар заминаи Қонуни моделӣ «Дар бораи савдои электронӣ», ки аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2008 таҳти №31-12 қабул гардидааст, бо дарназардошти танзими ҳуқуқии савдои электронӣ дар ҷумҳурӣ ва низоми қонунгузории ватанӣ таҳия шуд.
Он аз муқаддима, 7 боб ва 23 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти савдои электронӣ танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ равона шуда, муносибатҳои идоракунии давлатӣ дар савдои электронӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳа, тартиби барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ, ташкили мубодилаи паёми электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳди электронӣ, таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қонуни мазкурро танзим менамояд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»