Имсол 31 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Дар маркази пойтахти кишварамон қомат афрохтани Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» армуғони бебаҳоест ба мардуми кишварамон.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар асоси ангораи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар озмуни байналмилалӣ ғолиб омада буд, сохта шуд.
Дар ин хусус бо директори «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фаррух Зуҳуритдинов ҳамсуҳбат шудем.
- Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» хеле пуршукӯҳ ва ғайриодӣ ба назар мерасад. Бигӯед, ки он чӣ хусусият дорад?
- Маҷмаа шакли манораи бузурги амудии динамикаи болораванда дошта, пирамидашакл бунёд гардидааст. Асоси пирамида ҳаштрӯя буда, ду рӯяи он ҳамчун даромадгоҳ хизмат менамоянд. Аз ду тарафи даромадгоҳ давродаври муҷассама, дар рӯ ба рӯи кунҷҳои байни рӯяҳои пирамида 7 гунбази баландиашон 15-метра бунёд гардидаанд. Аз 30 метр боло пирамида чоррӯя шуда, дар охир ба тоҷ пайваст мешавад.
Атрофи манора, асоси он то тоҷ бо фурӯзонакҳои шуодиҳандаи рангоранг ороста шудаанд, ки ҳангоми фурӯ рафтани офтоб тобиши 7 ранги тиру камонро ба ҷилва меоранд.
Дар замини назди муҷассама ҳавзу фаввораҳо ҷойгир буда, аз дохил ба воситаи чароғҳои махсуси сурху зардранг таҷҳизонида шудаанд, ки ҳангоми фаввора задан ба гулхани оташ монанд мешаванд.
- Симурғ дар тафаккури миллати мо ҷойгоҳи хосе дорад…
- Ҳангоми таҳияи лоиҳа муаллифон ба рамзи мурғи афсонавии симурғ такя намудаанд, ки он дар тафсири мардуми ориёинажод чун парандаи қавибол, бузургҷусса, пурасрор, тоҷдор ва мурғи илоҳӣ буда, ҳарос надорад, шикастнопазир ва ба ҳар сахтӣ тобовар аст. Ин мурғи озоду баномус дар қуллаҳои баланди кӯҳсор лона мегузорад.
Агар ба муҷассама таваҷҷуҳ зоҳир кунед, мебинед, ки ҳашт паҳлуи асосии манора ба ҳашт панҷаи бузурги пойҳои қавии симурғ шабоҳат доранд, ки қадре ба замин фурӯ рафта, бадани азимҷуссаю гардани баланд ва сару чашмони ҷаҳонбини ӯро устувор нигоҳ медоранд. Муҷассама шабонгоҳ, ҳангоме ки чароғҳояш фурӯзон мешаванд, гуногунрангии болу пари симурғро ба ёд меорад, ки он намуди табиати кишвар ва гуногунрангии либосу ҷиҳози ороишии мардуми зебопарасти моро инъикос менамояд.
- Дар болои муҷассама тоҷ чеҳранамоӣ мекунад…
- Муҷассама бо тоҷи давлати Тоҷикистон хотима меёбад, ки рамзи тоҷи гузаштагони мо — ориёиёну сомониён мебошад. Дар он давраҳо сатҳи илму фарҳанг ва тамаддуни мардуми мо хеле баланд рафтааст. Бо тоҷ хотима ёфтани муҷассама ишора ба он аст, ки мардум ҳамеша дар ягонагӣ, зери як парчам ва идеологияи ягонаи зиндагӣ мекунанд ва Модар-ватанро муҳофизат менамоянд.
- ҳафт гунбаз дар муҷассама рамзе доранд ё талаботи сохтмони муҷассама ин чизро тақозо мекард?
- Манораи баланду бузурги чоррӯяи қисми болоии муҷассама, ки давоми пирамидаи ҳаштрӯя аст, 91 метр баландӣ дорад. Он ифодакунандаи устуворӣ, мустаҳкамӣ, расидан ба қуллаҳои баланди орзу ва қудрат аст, ки ба мо мансуб мебошад. Чорпаҳлуии манора рамзи чор самти замин, чор фасли сол, чор унсури табиат (хок, об, оташ, бод)-ро нишон медиҳад. Чор паҳлуи баробар ва чор кунҷи рости он дӯстию бародарӣ, ростгӯию росткориро ифода менамоянд, ки ин хусусиятҳо кафолати рушду инкишофи маданият ва иқтисоди ҳар як миллат ба ҳисоб мераванд.
Баландии 30 метри қисми поёни муҷассама рамзи 30-солагии истиқлолият буда, баландии 91 метрии манора бошад, ба таърихи ба даст овардани истиқлолият мувофиқ меояд, ки он дар соли 1991-уми асри ХХ рух дода буд.
Ҳафт гунбаз рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт қабати замин, ҳафт иқлим, ҳафт ранги асосии табиат, ҳафт зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамоянд.
Мувофиқи ривоятҳои авестоӣ, замин дар ҳафт рӯз ба вуҷуд омада, аз ҳафт кишвар иборат будааст. Кишвари якуми он дар байни дигар кишварҳо ҷойгир шуда, бо номи «Хванирас» давлати мардуми ориёнажод будааст.
- Дар муҷассама ҳалқаҳо ва печутобҳое вуҷуд доранд. Онҳо чӣ маъно доранд?
- Ҳалқаи мудаввари поёнӣ қисми ҳаштрӯяи пирамидаро бо чоррӯя гӯё пайваст менамояд ва дар баландии 25-30 метр ҷойгир аст. Он монанди камарбанди қавиест, ки миёни манораро мустаҳкам нигоҳ медорад. Дар қисми болоии манора дар поёнтари тоҷ ду ҳалқаи мудаввари баробарандозаи ба ҳам монанд ҷойгир шудаанд, ки ҳалқаи болоии он ҳамчун асоси тоҷ хизмат менамояд. Ин ҳалқаҳо ҳамчун саҳнҳои тамошои атроф низ истифода мешаванд.
Дар байни ҳалқаҳои якум ва дуюм шаш ҳалқаи нафиси дигар ҷой дода шудаанд, ки онҳо қисмати миёнии манораро ба ҳафт қисми баробар ҷудо менамоянд.
Дар маъхазҳои гузаштагони мо зикр гардидааст, ки давра рамзи само, гардиши мудаввари сайёраву ситораҳо, рушду камол ва абадӣ будани дунёро ифода менамояд.
Мунтазам кам шудани ғафсии манора ҳангоми боло рафтан парвозу ҷаҳиши суръатфизоро ба сӯи осмон ифода менамояд, ки маънои расидан ба сатҳи баланди илму маърифат ва ҷаҳоншиносии кайҳониро дорад.
Даромадгоҳи асосии муҷассама хеле васею боҳашамат буда, дар саршавии он, рӯ ба рӯи майдони калони назди муҷассама минбари зебои баландияш ҳафт ва дарозиаш 25-метра сохта шудааст, ки барои баргузории чорабиниҳои тантанавӣ пешбинӣ шудааст.
Девори минбар аз сангҳои табиию нодири кишварамон бо санъати баланд кошинкорӣ шудаанд, ки «Нигористон» ном дорад ва қисми марказии онро Нишони давлатӣ оро додааст.
- Шакли умумии муҷассама ба дарахт шабеҳ аст…
- Бале, муҷассама рамзи дарахти ҳаёт аст, ки шоху барги он ба сӯи осмон қад афрохта, қисмати поёнӣ ба замин реша дорад.
Дар маҷмӯъ, ин дарахт серҳосилӣ, серию пурӣ, рушду инкишофи ҳаётро ифода менамояд ва баёнгари шикастнопазирӣ ва сарбаландӣ мебошад.
Суҳбаторо Алиҳайдар ҲАКИМОВ