Маърифати экологӣ аз оила оғоз мегардад

№126 (4546) 10.10.2022

Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд. Сулаймон Зиёзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳимтарини таъмини рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули тафаккур ва маърифати экологӣ мебошад. Аз ин рӯ, гузариш ба иқтисоди «сабз» барои бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ тақвият ёфтани маърифати экологиро тақозо менамояд. Инчунин, бо назар­дошти принсипҳои иқтисоди «сабз», ташаккул додани стандартҳои таълимии насли нав хеле муҳим аст.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» иброз дошт, ки ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти кишварамон масъулияти баланди ҳар яки моро талаб мекунад. Аз ин рӯ, саҳм гузоштан дар татбиқи барнома қарзи шаҳрвандии сокинони мамлакат аст.

Барномаи зикршуда барои ташаккул додани низоми босифати маърифати экологӣ, ки ҷавобгӯи эҳтиёҷоти рушди устувори кишвар мебошад, пешбинӣ шудааст. Яке аз принсипҳои он ҳатмӣ будани донишҳои экологӣ дар низоми тарбия ва маърифати экологӣ, инчунин дохил кардани масъалаҳои тарбия ва маърифати экологӣ ба барномаҳои мақсадноки давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мебошад.

- Чанд сол аст, ки бо мақсади беҳдошти вазъи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мамлакат аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Ҳавои тоза» гузаронида мешаванд, ки дар он ҷавонону наврасон, донишҷӯёну хонандагон ва ҷамоатчигии шаҳру деҳот фаъолона иштирок намуда, дар тоза нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми арзанда мегузоранд, — афзуд Баҳодур Шерализода.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист зикр кард, ки чанд сол боз бо ибтикори ниҳоди мазкур Клуби экожурналистон амал мекунад, ки 25 рӯзноманигори шабакаҳои телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба он шомиланд.

Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода зикр кард, ки маърифат ва тарбияи экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳама зинаи таҳсил гузаронида мешавад. Маърифати экологии кӯдакони синни томактабӣ ҳамчун як ҷузъи маърифати муттасили экологӣ яке аз самтҳои муҳими кори муассисаҳои томактабӣ буда, бояд ҳолатҳои зеҳнӣ ва равонии кӯдакро фаро гирад.

Ҷамшед Ҷӯразода афзуд, ки соли равон 41 мудиру сармураббияи муассисаҳои томактабӣ аз давраи такмили ихтисос дар самти маърифати экологӣ гузаштанд. Соли равон барои наврасон 4 лагери экологӣ ташкил карда шуд. Ҳоло дар аксар муассисаҳои таълимӣ маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон» амал мекунад.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода иброз намуд, ки бо мақсади тарғиби маърифати экологӣ ҳар рӯзи шанбе бо ташаббуси ҷавонони шаҳру ноҳияҳо аксияи «Соҳили тоза» гузаронида мешавад.

Тайи нуҳ моҳи соли равон 1086 чорабинии тозагию ободонӣ баргузор гардид, ки дар онҳо 167 ҳазор нафар ҷавонон ширкат варзиданд. Инчунин, бо мақсади пос доштани хотири ниёгон зери шиори «Мо — ҷавонон ба гузаштагони худ арҷ мегузорем» бо иштироки 2300 нафар аксияи тоза кардани оромгоҳҳо баргузор шуд. Дар назди кумита «Клуби волонтёрони эколог» таъсис ёфтааст, ки дар он ҷавонон ба корҳои ободонию сарсабзкунии диёр ҷалб мешаванд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода таъкид кард, ки дар тарбияи экологии насли наврас оила саҳми калон мебозад. Меҳрубонӣ, ғамхорӣ нисбат ба дигарон, эҳтиром ба калонсолон, раҳмдилӣ, ваҳдат ҳамаи ин сифатҳо асоси фарҳанги экологӣ мебошанд. Арзишҳои ахлоқӣ ва экологии кӯдак, ки аз хурдсолӣ тарбия карда мешаванд, дар ҳаёти калонсолии ӯ низ боқӣ мемонанд.

Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода зикр кард, ки ҷалби воситаҳои ахбори омма ба раванди маърифати экологӣ дар оила ва муттаҳидсозии сокинони шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист хеле муҳим аст. Ҳоло дар шабакаҳои «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Баҳористон», «Илм ва табиат», «Ҷаҳоннамо», «Синамо», инчунин, шабакаҳои радио барномаҳои махсуси экологӣ таҳия мешаванд, ки мухлисони зиёд доранд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода баъди шунидани музокираҳо эрод гирифт, ки дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ҳатто як дарахти сабз ба чашм намерасад. Дар чунин ҳолат кӯдак аз куҷо ба табиати сабз меҳр пайдо мекунад? Қариб 93 дарсади ҷумҳуриро кӯҳистон ва талу теппаҳо ташкил медиҳанд. Ҳоло қисмати зиёди теппаҳо бекор хобанд, ҳол он ки дар онҳо метавон ҷангал, боғ ва токзор бунёд кард. Як қисми заминҳо дучори шӯразанӣ гаштаанд. Бо мақсади пешгирии бодхӯрдашавии заминҳо дар атрофи заминҳо «камарбанди дарахтони муҳофизатӣ» бунёд бояд кард. Дар ҷумҳурӣ теъдоди хонандагон қариб ба 3,5 миллион нафар мерасад. Агар ҳар кадоми онҳо яктоӣ ниҳол шинонанд, соле 3,5 миллион бех ниҳол сабз мешавад.

Ҳатто дар ноҳияи иқлимаш сарди Мурғоб низ метавон дарахт шинонид. Зимни чаронидани чорво баъзе аз қисматҳои чарогоҳро барои пухта расидани тухми алафҳои табиӣ нигоҳ бояд дошт.

Дар хотима Сулаймон Зиёзода ба масъулони соҳаҳо баҳри рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»