Сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ аз ҷониби сокинони мамлакат ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард.
Боиси хушнудист, ки дар кишвар истеҳсоли қубурҳои пластикии қутрашон гуногун, шифер ва қубурҳои асбестӣ, қуттиҳои картонӣ, зарфҳои шишагин ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Дидани фаъолияти фабрикаи замонавии парандапарварии ҶДММ «Дӯсти Азиз», фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд», боғи интенсивӣ, коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «Хуҷанд — Агро» ҳамаро ба расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат хушбин намуд.
Шукри Худо, ҳоло нисбат ба 10 соли пеш номгӯи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст. Дигар сементу қубур, шифер, тухм, маҳсулоти ширӣ ва ғайраро аз хориҷа намеорем ё кам меорем. Барои рушди истеҳсолоти ватанӣ зарур аст, ки то ҳадди имкон аз маҳсулоти кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ харидорӣ кунем. Харидани маҳсулоти ватанӣ аз нишонаҳои ватандӯстист ва инро таҷрибаи кишварҳои дигар собит намудааст.
Чунончӣ, соли 2012, вақте Юнон ба буҳрони молиявӣ дучор шуд, коршиносон роҳҳои халосӣ аз мушкилро ҷустуҷӯ карданд. Маълум гардид, ки аксар юнониҳо мисли баъзе аз ҳамватанонамон мафтуни молҳои хориҷӣ будаанд. Масалан, ба ҷойи пойафзоли корхонаҳои ватанӣ пойафзоли итолиёӣ, либосҳои амрикоӣ, атру косметикаи фаронсавӣ, мошинҳои японию олмонӣ ва дигар маҳсулоти воридотиро мехариданд. Илова бар ин, 48 дарсади маҳсулоти озуқавориро Юнон аз хориҷа ворид мекард. Коршиносон ба хулосае омаданд, ки яке аз роҳи раҳоӣ аз буҳрони молиявӣ харидани маҳсулоти худӣ ва бо ин роҳ дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ аст. Ассотсиатсияи юнониҳои собиқ муқими шӯравӣ бо ин мақсад шиори «Ҳазорро сарфи Ватан кун!»- ро ба миён гузоштанд. Тибқи он ба ҳар юнонӣ пешниҳод шуд, ки соле ба маблағи 1000 евро маҳсулоти истеҳсоли Юнонро бихарад.
Пешбинӣ шуд, ки бо ин мақсад соле ба иқтисодиёти Юнон 10 миллиард евро зам мешавад. Инчунин, дар бозору мағозаҳои кишвар навиштаҷоти «Шафтолуи мо аз ҳама ширинтар!» насб шуд. Мағозаҳо нархи пойафзолу либосҳои истеҳсоли Юнонро 50 дарсад арзон карданд. Ин чораандешӣ самараи нек ба бор овард.
Моро низ зарур аст, ки мисли олмониву японӣ ва юнониҳо харидани маҳсулоти ватаниро яке аз нишонаҳои ватандӯстӣ шуморем. Тарғиби чунин рӯҳия чанд фоида дорад:
Якум, ҳангоми бештар харидани маҳсулоти ватанӣ асъори хориҷӣ (валюта) аз ҷумҳурӣ кам ба берун меравад.
Дуюм, бо харидани маҳсулоти ватанӣ иқтидори корхонаҳои кишвар зиёд шуда, боиси зиёдшавии ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ҳамчунин, бо беҳтаршавии вазъи молиявии истеҳсолкунандагони ватанӣ супурдани андоз афзуда, буҷети кишвар ғанитар ва маблағгузорӣ ба соҳаҳои роҳсозию маорифу тандурустӣ бештар мегардад.
Сеюм, тавассути харидани маҳсулоти ватанӣ саломатиро ҳифз мекунем, зеро маҳсулоти кишоварзиамон аз лиҳози экологӣ тоза аст.
Дар замони шӯравӣ баъзе аз пулдорҳо бо либос ва магнитофону дигар ашёи истеҳсоли хориҷӣ ифтихор доштанд. Бисёриҳо кӯшиш мекарданд, ки маҳсулоти тамғаи кишвари хориҷидоштаро бо нархи гарон бошад ҳам харидорӣ намоянд. Ҳол он ки ҳамон намуди мол дар шӯравӣ низ истеҳсол мешуд. Ҳамин бегонапарастӣ яке аз сабабҳои аз истеҳсол мондани корхонаҳои ватанӣ шуд.
Ҳоло бояд аз тафаккури «моли хориҷӣ хуб аст», даст кашида, шиори «моли ватанӣ беҳтар аст» — ро пеша намоем.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»