Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро аз самтҳои афзалиятноки таъмини рушди устувори кишвар арзёбӣ менамоянд. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии амалисозии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ мебошад.
Таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти КОА ба шумор меравад. Соли сипаришуда ба он 110 дархост барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмӣ-таҳқиқотии кишвар ворид гардид, ки аз ин 32 дархост қонеъ гардонида шуда, 51 дархост бинобар ба талаботи санадҳои меъёрӣ ва низомномаву дастурамалҳои дахлдор мутобиқат накардан рад карда шуд ва 27 дархости боқимонда дар ҳолати омӯзиш мебошад. Дархостҳои ба КОА воридшуда ба самту равия ва ихтисосҳои илмии гуногун дахл доранд. Аз ҷумла, дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 68 дархост ворид гардид, ки аз он 17 дархост қонеъ гардонида, 28 дархост рад карда шуд ва 23 дархост дар ҳолати омӯзиш қарор дорад. Дар самти илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ 22 дархост ворид гардид, ки аз он 10 дархост қонеъ гардонида, ба 9 дархост ҷавоби рад дода шуд, се дархости дигар дар ҳолати омӯзиш мебошад.
Аз теъдоди шӯроҳои тасдиқшуда 12 шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба химия, физика, геология, математика, информатика, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, таҳсилот, 2 шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир ба самтҳои методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, таҳсилоти касбӣ ва самти филология, 3 шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ доир ба самтҳои техникӣ, энергетика ва сохтмон, 2 шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур доир ба самтҳои кишоварзӣ ва иқтисодиёти соҳаи аграрӣ, 4 шӯро дар назди институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон доир ба самтҳои химия (Институти кимиёи ба номи В. И. Никитин), физика (Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров) ва таърих (Институти таърих ва бостоншиносии ба номи А. Дониш) таъсис дода шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарияти КОА бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва мактабҳои олии кишвар ду маротиба семинар — машварати омӯзишӣ ташкил намуд, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни раванди таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Оғози раванди таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар байни мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар бо шитобзадагӣ тавъам буд ва ба мусобиқа шабоҳат дошт. Дар ибтидо аксари ҳуҷҷатҳо оид ба таъсиси шӯро бидуни риояи талаботи санадҳои меъёрӣ пешниҳод мешуданд.
Роҳбарияти Комиссия дар ҷараёни таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ, пеш аз ҳама, дастуру супориш ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор намуда, ба таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои нав таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад ва минбаъд низ ин идома хоҳад ёфт.
Дар раванди таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ мушкили асосӣ ворид шудани дархостҳои сершумор оид ба баъзе самтҳои илм буд, ки бо дарназардошти аҳамияти ихтисосҳо барои соҳаҳои афзалиятноки аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ ҳаллу фасл гардид. Масалан, дар самти илмҳои иқтисодӣ, ки маъмулан ихтисосҳои сершумор дорад, 11 дархост оид ба таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ворид гардид, ки бештар такрори ҳамдигар буда, аксар ба ихтисосҳои 08.00.01 – Назарияи иқтисодӣ ва 08.00.05 – Идоракунии хоҷагии халқ дар самти аспирантура мувофиқ буданд. Дар натиҷаи омӯзиш муайян карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ алҳол 150 доктори илмҳои иқтисодӣ кору фаъолият доранд, ки 95 фоизи онҳо намояндагони ду ихтисоси зикршуда мебошанд. Айни ҳол, аз ҷониби Комиссия дар назди якчанд мактаби олии равияи иқтисодидоштаи кишвар ва Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, бо дарназардошти иқтидори илмӣ ва гуногунии ихтисосҳо, 7 шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст.
Зимни фаъолияти амалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҳамсоякишварҳо ва давлатҳои хориҷӣ маълум гардид, ки дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ — омӯзгории тахассуси олӣ, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани фаъолияти Комиссия ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст. Айни ҳол Низомномаи Комиссия дар таҳрири нав ба вазорату идораҳои дахлдор барои пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо ирсол гардидааст, ки пас аз такмил ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, институтҳои илмӣ — таҳқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ иттилооти зарурӣ оид ба кормандони илмӣ ҷамъоварӣ ва махзани ягона ташкил дода шуд.
Якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва Академияи илмҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти Комиссия ба якчанд қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» пешниҳодҳо таҳия ва манзур карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки алҳол намунаи давлатии ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмӣ, унвонҳои илмӣ ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои илмии аз давлатҳои хориҷӣ дарёфтнамудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ таҳия ва ба тасвиб расонида шудаанд.
Баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷа ва унвонҳои илмие, ки дар давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда шудаанд, низ яке аз самтҳои фаъолият маҳсуб мегардад. То ба ҳол ба 18 дархостнома оид ба баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи илмие, ки дар давлатҳои хориҷӣ (Словакия, Лаҳистон, Қирғизистон) дарёфт шудаанд, пешниҳод гардидааст, ки аз ин шумора 14 дараҷаи илмӣ эътироф гардид ва дипломҳои дарёфтшуда ба дипломҳои дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарарзиш ҳисобида шуданд. Чаҳор ҳуҷҷати дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти машваратӣ — тарғиботӣ низ пайваста таваҷҷуҳ дорад. Чунончӣ, тибқи нақша — чорабинии зиддикоррупсионӣ сентябри соли 2017 бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса, инчунин, раисони шӯроҳои диссертатсионии навтаъсис, котибони илмӣ, проректорони илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муовинони директорони муассисаҳои илмӣ -таҳқиқотӣ оид ба илм семинар — машварати корӣ доир гардид, ки дар он сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок намуда, доир ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ — омӯзгорӣ суханронӣ намуданд.
Имрӯз мушкили асосии Комиссия маблағгузории нокифоя ва кам будани маоши вазифавии кормандон мебошад. Дар Комиссия, асосан, бояд мутахассисони варзидаи дорои дараҷаҳои илмӣ фаъолият намоянд, вале бо сабаби кам будани маош ин қабил мутахассисон ба кори доимӣ намеоянд. Зеро мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар (бо иловапардохт аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ) якуним-ду маротиба бештар маош мегиранд. Аз ин ҷост, ки озмунҳои чандкаратаи дар расонаҳои хабарӣ эълоннамуда то кунун натавонистааст кормандони тахассуси олии мувофиқу муносиби самти фаъолияти худро ҷалб намояд.
Ҳоло дар Комиссия 12 корманди дараҷаи илмидошта — 3 доктори илм ва 9 номзади илм фаъолият доранд. Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки саркотиби илмӣ, мудирони шуъбаҳо бинобар камии музди меҳнат дар мактабҳои олии таълимӣ ба тадрис машғуланд, ки ин ба самаранокии фаъолият бетаъсир намемонад.
Барои фаъолияти густурда ва самаранок харидории сервери муқтадири замонавӣ, барномаи антиплагиат (зиддиасардуздӣ), маблағгузории зарурӣ барои Интернет, алоқа, харидории техникаи пешрафтаи компютерӣ ва ғайра зарур мебошад.
А. Розиқзода, раиси Комиссияи олии
аттестатсионии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон