Мусоҳиба бо аввалин вазири молияи давраи соҳибистиқлолии мамлакат
Юнусов Нормат Юнусович 30 январи соли 1943 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна таҳсилоти касбиро солҳои 1961-1963 дар Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) аз рӯйи ихтисоси банақшагирӣ ва ҳисобгирии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ идома медиҳад. Фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси ҳисобчӣ аз совхози «Шаҳристон-2»-и ноҳияи Ӯротеппа оғоз меёбад. Сипас, дар ин хоҷагӣ ва Идораи хӯроки умумии шаҳри Ӯротеппа ҳисобчии калон, мудири идора ва сармуҳосиби совхози «Шаҳристон-2» шуда кор мекунад. Дар ин миён Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро аз рӯи ихтисоси банақшагирии хоҷагии халқ хатм менамояд. Соли 1977 Нормат Юнусовро ба шаҳри Душанбе даъват карда, сардори шуъбаи ҳисоби муҳосиботии Иттиҳодияи гӯсфандпарварии «Овсепром» таъин мекунанд. Солҳои 1983-1986 дар вазифаҳои сардори идораи ҳисоби муҳосиботии Вазорати меваю сабзавот, 1986-1990 сардори идораи ҳисоби муҳосиботӣ, муовини сардори саридораи Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон оид ба ҳисоби муҳосиботӣ, назорат ва молия, 1990-1991 ҷонишини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва ислоҳоти иқтисодӣ фаъолият мекунад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1991 вазири молияи ҶШС Тоҷикистон таъин мегардад. Таи солҳои 1991-1994 ба ҳайси вазири молия, муовини аввали вазири иқтисод ва молия ва баъдан боз вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад. Солҳои 1994-1996 мушовири Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ буд. Аз соли 1996 то ҳоло муовини якуми раиси раёсат, Раиси Шӯрои нозирони ҶСП Бонки саҳомии тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик «Тоҷпромбонк» мебошад.
- Баъд аз ду моҳи таъин шуданатон ба вазифаи вазири молияи ҶШС Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуд. Бигӯед, ки дар он давраи таҳаввулот ва гузариш вазъи иқтисодӣ ва молиявии кишвар чӣ гуна буд?
- Вазорати молияи ҶШС Тоҷикистон соли 1991 (дар давраи баъд аз 1 июли соли 1991) танҳо ба Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тобеъ буду бо Вазорати молияи Федератсияи Россия ҳамчун меросгири Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ дошт. Қисми дотатсияи (субвенсия) дар буҷети Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҶШС Тоҷикистон пешбинишуда аз Вазорати молияи Федератсияи Россия ҷудо мегардид ва баъд аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Федератсияи Россия вазорати молияи ин кишвар интиқоли субвенсияро пурра қатъ намуд.
Тавре маълум аст, солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нооромиҳо рӯз аз рӯз зиёд мешуд ва дар чунин вазъият пешбурди фаъолият дар ҳама соҳаҳо ба мушкилот мувоҷеҳ шуда буд. Даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 1991 аз ҳисоби воридоти дохилӣ ва субвенсияи собиқ Иттифоқ ташаккул меёфт ва қисмати хароҷотии буҷет дар ҳаҷми воридоти дохилӣ ва интиқоли дотатсияи Иттифоқ мувофиқа ва пӯшонида мешуд.
Он вақт сиёсати миллии буҷетӣ, андоз ва пулию қарзӣ дар остонаи барқароршавӣ буд ва сиёсати ҷамъоварии андозҳо ба дӯши Вазорати молия вогузор гардида буд. Лекин муносибатҳои иқтисодии беруна, сиёсати гумрукӣ ва ҷамъоварии боҷу хироҷи гумрукӣ, сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ вуҷуд надоштанд.
Давоми соли 1992 сатҳи таваррум хеле баланд буд ва пули шӯравӣ қурби худро гум карда, ниҳоят беқурб гардид. Аз тарафи дигар, даромади буҷет аз ҳисоби инфлятсия хеле афзун гардида, таносуби пули дар ҳисоббуда ва пули нақд вайрон гардид. Он сол дар ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ маблағ бошад ҳам, онҳо на ҳама вақт имконият доштанд, ки пули нақдро аз бонкҳо дастрас намоянд. Вазорати молия қисми даромади буҷетро аз ҳисоби воридоти даромадҳои иловагӣ ва қисман баровардани эмиссия (эмиссияи маблағ дар ҳолатҳои алоҳидаи зарурӣ бо фармоиши Шӯрои Олӣ амалӣ карда мешуд) таъмин намуд ва Буҷети давлатӣ дар соли 1992 аз рӯи даромад 6,1 млн. рубл ва хароҷот 5,0 млн. рублро ташкил намуд. Қисми даромади буҷет ба 10,5 млн. доллари ИМА баробар буд.
Буҷетҳои давлатии солҳои 1993 ва 1994 аз ҷониби Вазорати молия дар доираи таҷрибаи ҷаҳонӣ, усулҳои воқеии бурдани ҳисоб, воридоти андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, воридоти гумрукӣ, сарчашмаҳо аз хусусигардонии амволи давлатӣ ва ғайра таҳия шуда, аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буданд.
Дар он давра Вазорати молия раванди амалиётро ҷиҳати ҷамъоварии пардохтҳои андозӣ, воридоти гумрукӣ ва ғайрибуҷетӣ зери назорати қатъӣ гирифта, гардиши ҳаррӯзаи маблағҳои буҷетиро зери таҳлил қарор медод. Қисми хароҷоти буҷет танҳо дар асосҳои барасмиятдаровардашуда амалӣ карда мешуд. Буҷетҳои солҳои 1993 ва 1994 барзиёд иҷро гардида, маблағҳои озод дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ боқӣ мемонданд. Усули таҳияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар асоси ба ҳисоб гирифтани даромад ва хароҷоти воқеӣ бо додугирифт (аз буҷетҳои маҳаллӣ гирифтани қисми даромадҳо аз андозҳо ва дар шакли субвенсия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пур кардани буҷетҳои маҳаллӣ) амалӣ мешуд, ки чунин усул имрӯзҳо низ мавриди истифода аст.
-Дар ин миён мунтазам иваз шудани сохторҳо оё мувофиқи мақсад буд?
- Солҳои 1991 ва 1992, то баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Вазорати молия муносибатҳои субъективӣ зоҳир карда шуданд. Мақомоти андоз, ки дар тобеияти вазорат буд, аз ҳайати он бароварда, Саринспексияи давлатии андози ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Баъдтар, моҳи марти соли 1992 Вазорати молия ба Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуда, Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт. Бо вуҷуди он ки Саринспексияи андози ҷумҳурӣ бо саросемагӣ таъсис дода шуда бошад ҳам, оянда ба яке аз мақомоти пурмаҳсули давлатӣ мубаддал шуд.
Якҷоя намудани ду вазорати пешбари ҷумҳурӣ барои соҳаҳои иқтисод ва молия хатои маҳз буд. Хушбахтона, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазоратҳои молия ва иқтисод аз ҳам ҷудо шуда, мустақил гардиданд.
Қобили зикр мебошад, ки дар давраи якҷоягӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мартабаи худро гум накарда, муҳри вазорат, дигар махсусиятҳои ба он хос тағйир дода нашуданд.
- Баъд аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мақсади гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд. Ин раванд дар соҳаи молия ва иқтисодиёт чӣ гуна ҷараён дошт?
- Дар низоми андоз қонунҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз ва ғайра, қонунҳо оид ба ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии амволи давлатӣ, оид ба иҷораи замин ва ғайра қабул шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Бонки миллӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ суратҳисоби муросилотии ягона ташкил дод, ҳисобҳои субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ баста шуданд. Берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ собиқ «Внешэкономбанк», «Конверсбанк»-и Иттиҳоди Шӯравӣ ва ғайра фаъолияти худро қатъ карданд. Охири соли 1992 Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озод кардани нархҳо қабул шуд. Аз озод шудани нархи орд ва ғалладона, ки бисёриҳо меҳаросиданд, аҳолӣ зарар надид. Усулҳои бозаргонӣ амал карданд , болоравии нархҳо мушоҳида намегардид. Аз дотатсияи ба ин намуди маҳсулот додамешуда, ки баъзеҳо аз он сӯиистифода мекарданд, буҷет озод гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Хазинаи Байналмилалии асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд шомил гардид.
- Вобаста ба шароит ва муносибатҳои нави ҷомеа оё дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ба амал омад?
-Дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, дар субъектҳои хоҷагидории алоҳида пурра ҳисоб намудани ҳиссаи андоз ба Буҷети давлатӣ Саридораи ревизионӣ ва назорати молиявӣ ташкил карда шуд, ки оянда ба мақоми алоҳидаи давлатӣ мубаддал гашт. Ташкили Кумитаи мустақили аудит низ талаботи рӯз буд, зеро субъектҳои хоҷагидории дар асоси ҳисоби хоҷагӣ амалкунанда беназорат монданд.
Бо ташаббуси Вазорати молия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси дар он давра заруриро оид ба танзим даровардани механизми аз ҷумҳурӣ берун баровардани молу маҳсулот ва ворид намудани асъор аз фурӯшро қабул намуд, ки дар оянда дар заминаи ҳуҷҷати мазкур қонуни алоҳида қабул гардид.
- Дар он давраи мушкил ва мухолифатҳо маблағгузории сохтмони иншооти зарурӣ анҷом дода мешуд ё не?
- Маблағгузории капиталӣ аз ҳисоби буҷет низ ҷой доштанд. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва истифодаи манбаъҳои қарзии бонкҳо сохтмони Комбинати маъдани тиллои «Зарафшон (ТЗРК)» маблағгузорӣ гардид. Инчунин дар он солҳо аз ҳисоби маблағи буҷет Корхонаи афинажи тилло дар шаҳри Чкалов бунёд ёфт, ки онро шахсан Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қабул ва ба истифода супориданд. Дар баробари ин, бо сабаби дар муҳосира қарор доштани минтақаи Кӯлоб ҷиҳати маблағгузорӣ намудани соҳаҳои хоҷагии халқ Вазорати молия Идораи минтақавии молияро дар шаҳри Кӯлоб ташкил намуд. Фаъолияти чунин идора дар минтақаи Қӯрғонтеппа низ ба роҳ монда шуд.
- Баъд аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ заёмҳои дар гардишбудаи давлатӣ дигар қурб надоштанд ва заёмҳои миллӣ баромаданд. Чӣ зарурат буд ва чаро номи онро вомбарг монданд?
- Савол бамаврид аст. Дар асоси талаботи рӯз ва тавсияҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор лозим омад, ки заёми дохилии миллӣ бароварда шавад ва Вазорати молия бо гурӯҳи олимони таърихшинос, файласуфҳо вохӯриҳо гузаронида, масъалаҳои баровардани чунин заём ва дар оянда барориши пули миллиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Оид ба пули миллӣ мафҳуми «дирам» он вақт пайдо шуда буд, оид ба заём бошад, фикрҳо гуногун буданд. Баъд аз чанде олими шинохта Кароматулло Олимов хабар доданд, ки номи хубе пайдо кардаанд ва барои тақвияти пешниҳодашон ду мисраъ шеър хонданд:
Зи бебаргӣ махӯр ғам, дониш омӯз,
Ки созад соҳиби баргу наво илм.
Гуфтанд, ки агар номашро «вомбарг» монем, хуб мешавад. Вазорат вомбарги миллиро соли 1992 дар матбааи чопи коғазҳои қиматнок ва тангаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ивази маблағи на чандон калон амалӣ намуд. Ҳангоми хондани номи «вомбарг» мутахассисони эронӣ дар ҳайрат монданд ва пурсиданд, ки чунин номи зеборо аз куҷо дарёфт намудем? Ҳамин тариқ, вомбарги Тоҷикистон ба гардиш бароварда шуд.
- Масъалаи ба муомилот баровардани пули миллӣ чӣ тавр ҳал гардид?
- Вақте масъалаи ба муомилот баровардани пули миллӣ ба миён омад, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва зери роҳбарии Раиси онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала якчанд маротиба муҳокима шуд. Номи пули миллӣ баъд аз маслиҳатҳо «рубл» гузошта шуд. Ба мақсади он ки агар рубли Федератсияи Россия дар ҷумҳурӣ оянда низ дар гардиш монад, рубли миллӣ ҳамчун воситаи муомилот дар дохили мамлакат кор кардан мегирад. Тавре маълум аст, пули аввали миллӣ бо номи «рубл» дар як муддати муайян ба воситаи асосии низоми пардохтӣ мубаддал гашта, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ мақоми намоёни худро ишғол намуд. Дар чопи пул Ҳукумати Федератсияи Россия мусоидат намуд. Пул дар матбааи «Госзнак» чоп шуда, хароҷоти барориши пул ва ба Тоҷикистон ворид намудани онро Федератсияи Россия пардохт намуд.
- Ҳамчун собиқадори мақомоти молия вазъи имрӯзаи соҳаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Имрӯз вазъият хеле хуб аст, тамоми сохторҳои давлатӣ бемайлон пеш рафта истодаанд. Таманно дорам, ки кормандони соҳаи молия дар корҳои созандагӣ саҳми арзанда гузошта, баҳри он саъю талош намоянд, ки маблағҳои Буҷети давлатӣ мақсаднок истифода шаванд.
Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»