Чунин ном дорад фонди ҷамъияте, ки онро ҶДММ «Ғаюр» ва ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» таъсис додаанд ва лоиҳаҳои хайриявиро дар соҳаҳои гуногун маблағгузорӣ менамоянд
Вақте ин матлаб омодаи нашр мешуд, аз шаҳри Тошканд хабар расид, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Хонаи савдои Тоҷикистон» ифтитоҳ ёфт. Дар он асосан маҳсулоти сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ҶДММ «Ғаюр» ба фурӯш гузошта мешавад, ки яке аз корхонаҳои калонтарини истеҳсолкунандаи семент на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, маҳсулоти он ба кишварҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот мегардад.
- Мо ният дорем, ки оянда дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ «Хонаи савдои Тоҷикистон»-ро ташкил намоем, — иброз намуд муовини якуми директори генералии ҶДММ «Ғаюр» Юсуфҷон Сафаров.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 қайд намуданд, ки «Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ буда, то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо кард ва Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид».
- Мо — соҳибкорон хуб дарк менамоем, ки пешниҳод кардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба бахши саноат ниҳоят зарур аст, чунки он омили муҳими пешбарандаи иқтисодиёт, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади Буҷети давлатӣ мебошад, — мегӯяд Ю. Сафаров.
Ба ин хотир, бо иқдоми ҶДММ «Ғаюр» дар ҳамкорӣ бо Ширкати байналхалқии лоиҳакашӣ ва сармоягузории «Хуаксин Гонконг» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ширкати «Маунтин Брайт Лимитед» — и Англия дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ бо иқтидори истеҳсолии 10000 дона дар як шабонарӯз ба истифода дода шуд. Маблағи умумии сармояи ҷалбгардида барои корхона 18 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, ки аз он ҳиссаи ҶДММ «Ғаюр» 35 фоизро дар бар мегирад.
Соли 2016 корхона бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Бо бунёди корхона зиёда аз 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд ва барои тақвияти иқтидори содиротии кишвар, беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ заминаи воқеӣ фароҳам шуд.
Қобили қайд аст, ки таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технологияҳои ба корхона воридгардида пурра муосиру инноватсионӣ мебошанд ва маҳсулоте, ки дар он истеҳсол мешавад, ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад. Алҳол он се намуд маҳсулоти сохтмонӣ — гаҷкартон, шифтҳои армстронг ва профилҳои оҳанӣ истеҳсол менамояд. Маҳсулоти корхона ҳам талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ мегардонад ва ҳам ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот мешавад.
Тавре Юсуфҷон Сафаров иттилоъ дод, аз аввали фаъолият, аз моҳи апрели соли 2016, корхона 1629359 дона варақаи гаҷкартон ва 53130 дона профили оҳанӣ истеҳсол карда, ба Буҷети давлат 3633571 сомонӣ андоз пардохт намудааст.
Ҷамъияти мазкур дар истеҳсоли семент низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар натиҷаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи манбаъҳои худӣ имкон фароҳам омад, ки дар ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Б. Ғафуров корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 1 миллион тонна дар як сол ба истифода дода шавад.
Нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, сифати олии маҳсулот ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти корхона имкон доданд, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон аз воридоткунандаи семент ба содироткунандаи он табдил ёбад. Муҳимтар аз ҳама, ҶДММ «Ғаюр» дар ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, давра ба давра воридоти маҳсулоти сохтмонии хориҷиро коҳиш дод.
Аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр» дар ноҳияи Ёвон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда ба маблағи 15 миллион сомонӣ сохта шуд. Алҳол сохтмони коллеҷҳои саноатӣ ва тиббӣ ба маблағи 23 миллион сомонӣ идома дорад. Илова бар ин, аз ҳисоби ҶДММ «ғаюр» барои сокинони 13 деҳаи ноҳияи Ёвон хатти оби нӯшокӣ гузаронида, барои идораи маорифи ноҳия як автобус туҳфа карда шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки корхона бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр Семент» фонди ҷамъиятии «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам» таъсис дода, лоиҳаҳои гуногуни хайриявиро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, варзиш ва ғайра маблағгузорӣ менамоянд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»