Вазъияти муътадили сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ шароит фароҳам овард, ки солҳои охир истихроҷи ангишт дар мамлакат афзоиш ёбад. Агар дар даврони шӯравӣ баландтарин нишондиҳандаи истихроҷи ангишт 980,8 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, соли 2016 ин рақам ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна расид. Ҳанӯз 30 апрели соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дастур дода буданд: «Бо назардошти захираҳои бойи ангишти мамлакат, ки 4,5 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва имкониятҳои ба истифодаи ангишт гузаронидани марказҳои гармидиҳӣ, баъзе корхонаҳо ва таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба сохтмони неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангишт мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шаванд».
Солҳои қабл бинобар мавҷуд набудани қонуни мукаммал ҳаҷми истихроҷи ангишт дар мамлакат ночиз буд. Масалан, солҳои 2009- 2010 ба ҳисоби миёна 240 ҳазор тоннаӣ ангишт истеҳсол шуда буд, ки ин ба ҳар сари аҳолӣ 30 килоӣ рост меомад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» ба фаъолияти босамари саноати ангишт мусоидат намуд. Соли 2012, пас аз он ки интиқоли гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон қатъ гардид, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) дар корхонаи худ се дастгоҳи истеҳсоли гази синтезӣ аз ангишти маҳаллиро насб намуд. Ҳамин тавр истеҳсоли алюминий бо «сӯзишвории кабуд»- и ватанӣ ба роҳ монда шуд. Ширкати мазкур соли 2013 ба коркарди саноатии ангишти кони «Фон Яғноб»- и ноҳияи Айнӣ дар қитъаҳои «Ҷиҷикрӯд» ва «Канте» шурӯъ кард.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои соҳаи ангишти мамлакат аз 2 то ба 19 адад расонида шуд. Аксари ин корхонаҳо бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ бунёд ёфтаанд. Мушкилиҳои соҳаро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи он тайи солҳои 2003 — 2013 ба корхонаҳои коркарди ангишт 8 миллиону 851 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Барои гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологӣ 1 миллиону 218, 2 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Дар натиҷаи ба соҳа ворид шудани 40 миллион доллари ИМА теъдоди техникаи махсуси кӯҳӣ аз 35 ба 437 адад расид.
Талаботи ҷумҳурӣ ба ангишт 1,7- 1,8 миллион тонна муайян карда шудааст, ки аз ин ба соҳаи энергетика 53 фоиз, саноат — 34,2, аҳолӣ — 10 ва муассисаҳои буҷетӣ 2,8 фоиз рост меояд. Аз рӯи маълумоти Раёсати саноати истихроҷи ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноати ангишти мамлакат 540 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 92,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт 46,7 фоиз ба кони «Шахтаи Фон- Яғноб», 23 фоиз ба Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Корхонаи металлургии Тоҷик», 21, 5 фоиз ба ҶДММ «Талко — Ресурс» ва 8,8 фоиз ба дигар корхонаҳо рост меояд. То якуми июли соли ҷорӣ захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт, бо дарназардошти бақияи соли сипаригардида, 142,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соҳаи саноати ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад ва дар маҷмӯъ иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ аз рушди устувори он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, дар нақшаи стратегии рушди ҷумҳурӣ ба саноати ангишт аҳамияти хос дода шудааст. Имрӯз зиёда аз 208 корхонаи соҳаи саноат ва энергетика ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии технологии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти мамлакатро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ коҳиш дод. Солҳои охир содироти ангишт ба Афғонистону Покистон ба назар мерасад, ки ин аз пешрафти соҳа дарак медиҳад.
Пардохти саривақтии маблағи ангишт ба рушди соҳа мусоидат мекунад. Аз ҷониби истифодабарандагон пурраву сари вақт пардохт накардани маблағи ангишт бошад, боиси зиёд гардидани қарздорӣ аз музди меҳнат, андоз ва ақибмонии корҳои истихроҷӣ ва қабаткушоӣ мегардад.
Мавҷудияти захираҳои бойи ашёи хом ва навъҳои гуногуни ангишт барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷу коркарди саноатии он ва истеҳсоли маводи сӯзишворӣ, кимиёвӣ ва технологӣ имконият медиҳад. Истифодаи самараноки ангишт ва дар асоси он тараққӣ додани саноати химия ва металлургияи ранга метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии мамлакат, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардад.
Гулрухсор ПИРОВА,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия