Дар сабади ғизоии инсон чарбуҳо, махсусан равғани наботот, мақоми хос доранд. Қисми зиёди хӯрокҳои мардуми мо низ асосан тавассути равғани наботот тайёр мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 ёдовар шуданд, ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст.
Сардори давлат ба вазорату идораҳои масъул ва соҳибкорону сармоягузорон супориш доданд, ки соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблӣ барқарор намоянд.
Ин иқдоми Пешвои миллат ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат хеле муҳиму саривақтист, зеро бисёр кишварҳо соли сипаришуда бо мақсади таъмини сокинонашон бо равғани наботот содироти онро манъ карданд. Агар сокинони кишвар бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъмин бошанд, аз як тараф пеши баландшавии нархи озуқаворӣ гирифта мешавад, аз ҷониби дигар дар мамлакат ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, берунравии асъори хориҷӣ низ пешгирӣ карда мешавад.
Барои фаъолияти мунтазами корхонаҳои равғанбарорӣ, пеш аз ҳама, таъмини мунтазами ашёи хом муҳим аст. Корхонаҳои равғанбарории зикршуда дар замони шӯравӣ асосан аз чигит равған истеҳсол мекарданд. Он вақт дар мамлакат соле бештар аз 900 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешуд ва дар таъмини ашёи хоми ин корхонаҳо мушкилӣ набуд.
Ҳоло бошад, дар мамлакат андаке зиёдтар аз 400 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад, ки барои тамоми сол таъмин кардани корхонаҳои мазкур бо ашёи хом кофӣ нест. Аз ин рӯ, бояд аз ҳоло Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар фикри зиёд кардани майдони кишти зироатҳои равғандеҳ бошад.
Агар ба омори ҷаҳонӣ назар афканем, аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсол баъди нахл, соя (лӯбиёи чинӣ), маъсар, офтобпараст ва арахис (чормағзи заминӣ) равғани пахта дар ҷои шашум меистад. Аз ҷиҳати манфиатнокӣ ба саломатӣ бошад, равғани пахта пас аз равғани зайтун, офтобпараст, кунҷид, зағир, ҷуворимакка, соя, арахис, маъсар ва ғайра ҷойи ёздаҳумро ишғол мекунад.
Дар ҷаҳон аз ҳама равғани зиёд аз дарахти нахл гирифта мешавад, ки соле 64 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Азбаски дар кишвари мо майдони парвариши ин дарахт нест, бояд ба дигар набототи равғандеҳ таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Пас аз нахл аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли равған соя ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Соле аз лӯбиёи чинӣ 53 миллиону 150 ҳазор тонна равған истеҳсол мешавад. Ин зироатро 6000 сол пеш дар Хитой кишт мекарданд. 3000 сол аст, ки аз ин зироат равған мегиранд. Аз ҷиҳати номгӯи моддаҳои фаъоли биологӣ равғани соя дар ҷойи аввал меистад. Вай аз оҳан, рӯҳ, витаминҳои Е, К бой буда, фитостеринҳои таркиби он барои ҷавон мондани пӯст мусоидат мекунад. Дар 100 грамм равғани соя 114 мг токоферол (витамини Е) мавҷуд аст. Ин рақам дар равғани офтобпараст 67 мг ва дар зайтун ҳамагӣ 13 мг мебошад. Ҳангоми истеъмоли бардавоми равғани соя эҳтимоли сар задани сакта (инфаркт), норасоии дил ва бемориҳои саратонӣ кам мешавад.
Сояро дар водиҳои Ҳисору Вахш ва вилояти Суғд парвариш кардан мумкин аст. Як ҷиҳати хуби соя дар он аст, ки зимни нашъунамо дар решааш нитрогени биологӣ ҳосил карда, заминро аз ин элемент бой мегардонад.
Кунҷораи соя, ки аз сафедаю аминокислотаҳо бой аст, барои чорво ва парандаҳо (мурғ, мурғобӣ, мурғи марҷон) ғизои хушсифат ба ҳисоб рафта, маҳсулнокии онҳоро баланд мебардорад.
Сеюм зироате, ки аз он равғани зиёд гирифта мешавад, маъсар (рапс) мебошад. Соле аз ин зироат 27 миллиону 650 ҳазор тонна равған гирифта мешавад. Маъсар аз кислотаи чарбу бой буда, девораҳои рагҳоро мустаҳкам ва сатҳи холестерини хунро паст мекунад. Қувватнокии 100 грамм маъсар баробари 899 килокалория мебошад.
Дар кишвари мо маъсарро метавон тирамоҳ баъд аз ҷамъоварии зироати такрорӣ ё пахта кишт намуд. Гули он шираи зиёд дошта, асаловар мебошад. Аз ин рӯ, баҳорон метавон дар майдони маъсар қуттиҳои занбӯри асал монда, асали фаровон гирифт. Ғайр аз равғани истеъмолӣ, аз маъсар, инчунин майонез, маргарин, равғани молиданӣ барои мошинаҳои дарздӯзӣ ва нақлиёт, плёнка ва резина низ гирифтан мумкин аст.
Аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли равған офтобпараст ҷойи чорумро ишғол мекунад. Соле аз ин зироат дар ҷаҳон 15 миллиону 550 ҳазор тонна равған истеҳсол мешавад. Он соли 1829 ҳамчун зироати равғандеҳ шинохта шуд.
Офтобпараст манбаи беҳтарини моддаи летситин ба шумор меравад. Ин модда ба ташаккул ёфтани системаи асаби кӯдак ёрӣ мерасонад. Дар калонсолӣ бошад, фаъолӣ ва равшании ақлро нигоҳ медорад. Летситин, инчунин зимни камхунӣ (анемия) ва стрессҳо барои барқарор шудани неру кумак мерасонад.
Мунтазам истеъмол кардани он бемориҳои системаи дилу рагҳоро пешгирӣ менамояд. Рӯзе истеъмол кардани як қошуқ равғани офтобпараст талаботи шабонарӯзии ҷисмро бо витамини Е таъмин менамояд. Аз равғани офтобпараст маргарин, консерва, маснуоти қаннодӣ тайёр мешавад. Онро барои собунпазӣ ва лаку рангбарорӣ низ истифода мебаранд. Кунҷораи офтобпараст 36 фоиз сафеда, 20 — 22 фоиз карбогидратҳо ва 6 фоиз равған дошта, ғизои олидараҷаи чорвост. Пояҳои офтобпарастро барои сӯзишворӣ истифода бурда, аз хокистари он карбонати калий (поташ) мегиранд, ки дар саноати шишабарорӣ, собунпазӣ ва рангбарорӣ ба кор меравад.
Офтобпараст дар тамоми минтақаҳои мамлакат мерӯяд. Онро ҳамчун зироати такрорӣ баъд аз ғундоштани пиёзу гандум ва ё гирдогирди майдонҳои кишт низ ба хотири самаранок истифода бурдани замин метавон кишт намуд. Офтобпараст мисли маъсар зироати асалдеҳ аст.
Дар ҷумҳурии мо арахис (чормағзи заминӣ)- ро асосан ҳамчун донагӣ (бирён кардан) кишт мекунанд. Соле дар ҷаҳон аз арахис 5 миллиону 680 ҳазор тонна равған истеҳсол мешавад. Истеъмоли равғани арахис бемориҳои роҳҳои талхабарорӣ, ҷигар ва узвҳои ҳозимаро пешгирӣ менамояд. Маргаринеро, ки аз равғани арахис истеҳсол мешавад, аз равғани маска фарқ кардан душвор аст. Кунҷораи арахисро барои пухтани ҳалво, шоколад, печений ва дигар маснуоти қаннодӣ истифода мебаранд.
Зиёд кардани майдони кишти арахис бо мақсади истеҳсоли равған ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати зиёд меорад.
То замони шӯравӣ дар диёри мо зироати асосии равғандеҳ зағир ба шумор мерафт. Мутаассифона, баъд аз якказироат шудани пахта сол то сол масоҳати кишти зағир кам шуд. Зағирро ҳоло дар мамлакат асосан дар заминҳои лалмӣ кишт мекунанд. Дар ҷаҳон соле аз он 1 миллиону 600 ҳазор тонна равған мегиранд. Равғани зағир аз витамину минералҳо бой буда, фаъолияти меъдаю рӯдаро хуб мекунад. Ин равғани хушбӯю ширин хосияти бедардкунандаю безараркунанда дошта, ба зуд сиҳатёбии захмҳо мусоидат мекунад. Он воситаи хуби кам кардани вазн ба ҳисоб рафта, фаъолияти роҳҳои пешоббарорро хуб менамояд. Инчунин, барои баровардани токсинҳои ҷигар ёрӣ мерасонад. Аз пасмондаҳои равғани зағир равғанҳои техникӣ ва лаки аълосифат истеҳсол мекунанд. Кунҷораи он аз ҷиҳати сифат нисбат ба кунҷораи чигит серғизотар аст.
Яке аз қиматтарин равғанҳо дар ҷаҳон равғани зайтун ба шумор меравад. Онро аз дарахти зайтун мегиранд. Дарахти зайтун ба ҳисоби миёна 500 сол умр мебинад. Аз ин рӯ, бунёди боғҳои зайтун барои чандин наслҳо хизмат мерасонад.
Соле дар ҷаҳон 2 миллиону 890 ҳазор тонна равғани зайтун истеҳсол мешавад. Боғҳои зайтун бештар дар Испания, Италия, Туркия, Юнон, Тунис, Лубнон ва Португалия бунёд ёфтаанд. Равғани зайтунро дар Юнони Қадим «тиллои моеъ» меномиданд. Ин равған системаи дилу рагҳоро аз як қатор бемориҳо ҳифз намуда, фишори баланди хунро муътадил месозад. Равғани зайтун хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои артрит ва ревматизм муфид аст. Он инчунин хатари авҷгирии диабети қандро паст намуда, узвҳои ҳозимаро қувват мебахшад.
Ҳоло дар ноҳияи Ҷайҳун ба бунёди боғи зайтун шурӯъ намудаанд, ки иқдоми хуб аст. Зиёд кардани майдони кишти он дар дигар ноҳияҳои ҷануби мамлакат оянда боиси рушди саноати равғанбарорӣ дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Ғайр аз зироатҳои зикршуда, инчунин дар ҷаҳон аз кунҷид, ҷуворимакка ва донаҳои ангур низ равғани ғизоӣ истеҳсол мешавад. Равғани кунҷидро дар Ҳиндустону Покистон бештар ба кор мебаранд. Равғани кунҷид антиоксиданти қавӣ буда, атеросклероз, фишорбаландӣ ва бемориҳои дилро пешгирӣ менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки: «Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад».
Ба кор даровардани корхонаҳои равғанбарорӣ, инчунин боиси зиёд шудани истеҳсоли кунҷора мегардад. Дар навбати худ, афзоиши истеҳсоли кунҷора маҳсулнокии чорвою парандаҳоро зиёд намуда, ба фаровону арзоншавии гӯшту маҳсулоти ширӣ ва тухм мусоидат мекунад.
Инчунин, мисли даврони шӯравӣ сехҳои собунпазӣ фаъол гашта, дар асоси равғани наботот истеҳсоли крему равғанҳои табобатию косметикиро низ метавон ба роҳ монд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»