Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Абдухолиқ Мирзозода 21 январи соли 2021 дар мақолаи «Навъҳои маҳаллии меваю сабзавот: Кӣ бояд кафолати ҳифзи онҳоро таъмин кунад?» мавзӯи муҳимро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба истеҳсоли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва муносибати ҷиддӣ ба маҳсулоти истеъмолӣ ҷалб кардааст.
Таҷриба нишон дода истодааст, ки навъҳои хориҷӣ ба нуриҳои нитратдор талаботи зиёд дошта, бидуни истифодаи зиёди онҳо ҳосил нахоҳанд дод. Истифодаи аз меъёр зиёди нуриҳои кимиёвӣ на танҳо ба маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад, балки қисми дар замин боқимонда таркиби хокро вайрон мекунад. Инчунин, қисме аз нитратҳои ба ин мақсад истифодашуда шуста шуда, боиси ифлосшавии об ва коҳиши вазъу меъёрҳои экологӣ мегардад. Агар шахс аз гирифтани ҳосили фаровон манфиатдор аст, пас ӯ бояд ҳатман барои муҳофизати обу замин, ки сарчашмаи ҳама неъмату фаровонист, масъул бояд бошад.
Савол пайдо мегардад, ки оё масъулон боре қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» — ро варақ задаанд?
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» омадааст: «Хоҷагидории биологӣ – шакли фаъолияти хоҷагидории кишоварзӣ, ки дар он барои парвариши растаниҳо, нигоҳубини ҳайвоноти кишоварзӣ танҳо моддаҳои ғизоии табиӣ ва воситаҳои ғайрикимиёвии мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳо истифода шуда, он ба нигоҳдории мувозинати табиӣ, организмҳои зинда ва муҳити зист мусоидат менамояд».
Талаботи Созмони умимиҷаҳонии савдо, парвариши зироатҳои солим ва гирифтани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро тақозо дорад. Дар ин раванд истифодаи маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ, ба монанди азотовит, фосфотовит, фулвогумат ва геогуматҳои олмонӣ муфид арзёбӣ шудааст. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулоти рӯёнидаи деҳқон аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бидуни истифодаи заҳрхимикатҳо ва нуриҳои маъданӣ истеҳсол гардад. Дар натиҷаи истифодаи маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ қабати хок беҳтар гардида, маҳсулоти рӯёнидашуда лаззати хос пайдо менамояд.
Масъалаи муҳими дигаре, ки муаллиф дар мақола баён намудааст, кам шудани майдони кишти навъҳои маҳаллии сабзавот мебошад. Ин ба талабот ҷавобгӯ набудани корҳои селексионӣ дар муассисаҳои илмӣ ва чандон фаъол набудани хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ рабт дорад. Чунин мушкилӣ дар парвариши зироатҳои полезӣ низ мавҷуд аст.
Олимони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки корҳои селексионӣ – навъофариро, бо дарназардошти талаботи биологии ин ё он зироат, шароити хоку иқлими минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба роҳ монда, навъҳо ва дурагаҳои минтақабоб ва муҳлати парвариши гуногундоштаро офаранд.
Дар шароити кунунӣ мақсад бояд ҳифзи муҳити зист, рӯёнидани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехавф бошад. Бо сармашқи кор қарор додани ин ҷанба метавон собитқадамиро дар иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза собит намоем. Дар акси ҳол пайомад ногувор хоҳад буд. Зарур аст, ки ҳеҷ гоҳ манфиати тиҷоратиро аз манфиати истеъмолӣ афзал нашуморем.
Сафаралӣ ОРИФОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ