Дар арзҳои дӯстӣ

Марҳилаи нави ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон

№37 (3987) 04.04.2019

Чанде пеш дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенс»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 70-умин солгарди қабули «Қарордоди Покистон» маҳфил доир гардид, ки  дар он намояндагони  корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, устодони ДМТ ва  рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳид Алӣ Сиҳар  зимни ифтитоҳ  изҳор намуд, ки 23 марти соли 1940 дар шаҳри бостонии Лоҳур, ки бо Душанбе бародаршаҳр мебошад, аз ҷониби Лигаи мусулмонҳо эъломия қабул шуд, ки бо номи «Қарордоди Покистон» машҳур аст. Дар он дархост шуд, ки барои мусулмонони  нимҷазираи Ҳинд давлати алоҳида таъсис ёбад. Ҳафт сол баъд аз қабули эъломия орзуи деринаи мутафаккири маъруфи Шарқ Аллома Муҳаммад Иқбол таҳти роҳбарии Муҳаммад Алии Ҷиноҳ ҷомаи амал пӯшида, Покистон ҳамчун давлати мустақил 14 августи соли 1947 арзи ҳастӣ намуд.

-Баъди ба даст овардани истиқлолият Покистон мушкилоти зиёдро паси сар намуда, мунтазам роҳи худро дар ҷодаи пешрафту шукуфоӣ идома дода истодааст. Покистон зиёда аз 200 миллион нафар аҳолӣ дошта, дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошад, — гуфт Шоҳид Алӣ Сиҳар.

Зикр шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Покистон, бо гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дар мубориза аст. Аз соли 2001 зиёда аз 75 ҳазор  покистонӣ аз дасти террористон қурбон шуданд. Дар ин роҳ Покистон ба маблағи 123  миллиард доллари амрикоӣ талафоти  молӣ дид.

- Алҳол Покистон дар мубориза бо терроризму экстремизм дар сафи пеш қарор дорад. То мамлакатро аз неруҳои бадхоҳ пок насозем, ором  нахоҳем буд, — гуфт кордори сафорати Покистон.

Номбурда ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дахл намуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти ду кишвари дӯсту бародар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ ақидаи муштарак доранд. Муносибатҳои ду кишвар ба  марҳилаи нави ҳамкориҳои бисёрҷониба ворид шуданд, ки дар сатҳи байналмилалӣ яке аз беҳтарин  намунаи ҳамсоягии нек ба шумор меравад.

- Бо мақсади суръат бахшидан ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва маориф Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Покистон таъсис ёфт. Ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа ва амният низ торафт  густариш меёбад. Покистон барои таҳкими  минбаъдаи ҳамкориҳо бо Тоҷикис­тон дар ҷодаи сулҳ, тараққиёт ва шукуфоии ду миллати бузург чун пештара содиқ мемонад, — гуфт дар охир Шоҳид Алӣ Сиҳар.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ аз муштаракоти таърихию фарҳангии халқҳои тоҷику покистонӣ ёдовар  шуда, зикр намуд, ки  ба шарофати иродаи неки роҳбарияти сиёсии ду кишвари дӯст робитаҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Покистон торафт қавитар мегарданд.

Номбурда ҳар чӣ зудтар амалишавии лоиҳаи «CASA- 1000»- ро дар густариши робитаҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон баргузор хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз  нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият  шинохта, робитаҳои дипломатиро барқарор кардааст. Дар назар аст, ки ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар тайи се соли оянда ба 500 миллион доллари ИМА расонида шавад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»