Марҳилаи омодагӣ бомуваффақият сипарӣ гардид

№ 19.06.2018

18-уми июни соли равон дар меҳмонхонаи «Серена» ҷаласаи сеюми Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Чженмин, сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об Кристина Леб, аъзои Кумитаи зикршуда ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда аз моҳи марти соли равон бо Кумитаи тадорукоти миллӣ оид ба баргузор намудани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» ҷиҳати омодагӣ ба ин чорабинии муҳим, ки 20 июни соли равон баргузор мегардад, як силсила ибтикорро амалӣ намуданд.

Ҳадафҳои асосии Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда ҷалби бештари  тарафҳои ҳавасманд дар марҳилаи омодагӣ, ба назар гирифтани пешниҳодҳои онҳо дар марҳилаи қабули қарор ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои дигари байналмилалӣ бо конференсияи мазкур ба шумор меравад.

Иштирокчиёни ҷаласаи мазкур санадҳои ниҳоии конференсияро баррасӣ намуданд. Дар маҷмӯъ таҷрибаи беназири аъзои Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда  имкон фароҳам сохт, ки марҳилаи омодагӣ бомуваффақият  сипарӣ гардад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»