Марказҳои барқу гармидиҳӣ ба мавсими сармо омодаанд

№114 (3751) 26.09.2017

Барк 2Мо таъмин намудани талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ ва аҳолиро бо неруи барқ ва гармӣ тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва дар айни замон роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мешуморем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё худ барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ бобати таъминот бо неру ва гармӣ манфиати калонеро моликанд. Барои мисол, дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 871,3 миллион кВт / соат неруи барқ ва 376 ҳазор Гкал гармӣ истеҳсол шуд. Махсусан, баъди пурра ба истифодабарӣ додани МБГ «Душанбе — 2» бо иқтидори 400 МВТ неруи барқ ва 235,46  Гкал гармӣ таносуби чунин марказҳо дар таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо неру ва гармӣ афзун гардид. Аз дигар тараф, баъди амалӣ гардидани ин лоиҳаи бобарори энергетикӣ сарбории шабакаҳои энергетикии шаҳри Душанбе хеле кам, сифат ва дараҷаи таъминоти сокинони пойтахт ва аҳолии атрофи он бо неруи барқ беҳ шуд. Гармие, ки дар ин марказҳо истеҳсол  мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на фақат манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ комилан кифоя хоҳад буд.

Ҳар сол дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ва пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина, ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармӣ истеҳсолшуда, дар пойтахт  неруи барқ сарфа мегардад, ки ин ба таъминоти барқ дар дигар минтақаҳои кишвар мусоидат мекунад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» имконият фароҳам овард, ки то 200 мВт неруи барқ сарфа гардад.

Бо дарназардошти ин, омодагии ҳамаҷонибаи марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ, таъмиру тармими таҷҳизоти онҳо, захираи сӯзишворӣ доимо дар маркази диққати роҳбарон ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» қарор дорад.

Барои таъмини барқу гармӣ то 22 сентяб­ри соли 2017 дар марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе зиёда аз 700000 тонна ангишт ва 2731 тонна мазути камсулфур захира шудааст. Дар МБГ «Душанбе-1», ки яке аз иншооти муҳим ба шумор рафта, навбати аввали он соли 1958  ва навбати дуюмаш соли 1963 ба истифода дода шудаанд, дар мавсими тирамоҳу зимистон то 20 МВт неруи барқ ва то 50 Гкал гармӣ истеҳсол карда мешуд. Имсол  иқтидори истеҳсолии он зиёд гардидааст ва масъулин ният доранд, ки то 50 МВт неруи барқ ва то 90 Гкал гармӣ истеҳсол намоянд. Ҳоло таъмири асосии чор деги буғхона бо ҷалби мутахассисони ҶДММ «Казремэнерго» идома дорад.

Дар МБГ «Душанбе-2» низ тайёрӣ ба мавсим ҷиддӣ аст. Бояд барои мавсими имсола 1 миллиону 80 тонна ангишт захира шавад. ҳоло кашонидани ангишт идома дорад ва ҳар рӯз тавассути мошинҳои ширкат то 4 ҳазор  тонна ангишт вориди анбор мешавад.

Нозир ЁДГОРӢ