Мулоҳиза

Маркази барқу гармидиҳӣ тилло ҳам истеҳсол мекунад

№154 (3634) 20.12.2016

stat3Чанде пеш кормандони  Маркази илмии «Амур»-и шуъбаи дар Шарқи Дурбудаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия усули аз ангиштсанг гирифтани тиллоро муайян карданд. Таҷҳизоте, ки олимон сохтаанд, метавонад аз як тонна ангишти сӯхташуда ҳадди  ақал ним грамм тилло ҷудо намояд.

Муҳаққиқони Маркази илмии «Амур» 15 сол таркиби конҳои гуногуни ангишти Шарқи Дурро омӯхта, муайян карданд, ки дар ҳар тонна ангишти кони Ерковетск як грамм тилло мавҷуд аст. Агар таҷҳизоти мазкур ҳатто нисфи онро нигоҳ дорад ҳам, аз як тонна ангишти сӯхта ним грамм тилло гирифтан даромади хуб аст.

Ба гуфти муовини сардори Маркази илмии «Амур» Андрей Конюшок, бо насби таҷҳизоти мазкур дар як сол  аз як неругоҳи ҳароратӣ то 2 тонна тилло гирифтан мумкин аст.

Умед мекунем, ки олимони  Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин ҷода ҳамкорӣ намуда, усули аз ангиштсанги сӯхташаванда  гирифтани тиллоро меёбанд.

С. Сайфиддин, «Садои мардум»