Масъалаҳои асосии ҳуқуқи фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

№133 (4553) 31.10.2022

22Дар ҳуқуқи фармасевтӣ яке аз ­масъалаҳо одоби касбии фармасевт буда, дарбаргирандаи ихтирои формулаи маводи доруворӣ, фаъо­лияти дорусозӣ дар ташкилотҳо ва фурӯши он дар дорухонаҳоро дар бар гирифта, дар ин давраҳо ба носаҳеҳӣ дучор шудан манъ аст.

Маводи доруворӣ аз ҷониби ихтироъкори формулаи маводи доруворӣ иҷро гардида, ӯ дорои патент мегардад. Ба формулаи дорусозӣ дар ташкилотҳои тиҷоратии дорусозӣ ё ин ки дар муассисаҳои дорусозӣ маводи доруворӣ истеҳсол гардида, ба дохилу хориҷи кишварҳо содирот шуда, дар дорухонаҳо ба фурӯш гузошта мешавад. Шахси фурӯшанда ва роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ бояд ҳатман дорои ҳуҷҷати фармасевтӣ бошад.

Дар ҳуқуқи фармасевтӣ донистани феҳристи маводи доруворӣ масъалаи асосӣ ба ҳисоб рафта, фармасевт ва табибон уҳдадоранд, ки ҳамеша оид ба ин масъала такмили дониш намоянд. Чунки феҳристи маводи доруворӣ зиёд буда, ҳамеша дар он навгониҳо ворид мегарданд. Муҳимияти феҳрист дар он мебошад, ки табиб ё фармасевт бартарии маводи дорувориро аз дигараш дида, ба бемор пешниҳод намояд. Дар ин хусус фармасевт аз донистани бартарии хусусияти табобатӣ доштани маводи доруворӣ метавонад формулаи нави маводи дорувориро ихтироъ намояд.

Ҳуқуқи фармасевтӣ танҳо харидуфурӯши маводи доруворӣ аз дорухонаҳо набуда, балки доираи васеи доштани ҳуқуқро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дош­тани ҳуқуқи истисноӣ ба ному маводи доруворӣ, ихтирои формулаи кимиёвӣ ё биологии он ки бевосита ихтирокори дору ба он ҳуқуқ дорад, агар дар шартнома муқаррароти дигар танзим нашуда бошад. Моҳияти доштани ҳуқуқи истисноӣ ба маводи доруворӣ дар он аст, ки шахси формулаи маводи дорувориро ихтироъкарда ҳуқуқи истисноӣ ба онро дорад.

Инчунин, ҳуқуқи фармасевтӣ як навъи хизматрасонии тиббӣ оид ба маводи доруворӣ мебошад. Мизоҷ арзиши маводи дорувориро ба фармасевте, ки дар дорухона фаъолият дорад супорида, маводи дорувории дархосткардаашро харидорӣ карда, барои ҳифзи саломатӣ истифода мебарад. Надоштани арзиши маводи доруворӣ барои оилаҳои камбизоат, одамони бекор, бенавоён ва ғайра яке аз масъалаҳои асосии дастрас набудани маводи доруворӣ дар ҳуқуқи фармасевтӣ ба ҳисоб меравад, зеро табобат накардани саломатӣ сабаби марг, аз даст додани қобилияти меҳнатӣ ва ғайра шуда метавонад.

Дар илми тиб ва соҳаҳои он фаъолияти фармасевтӣ ҷои махсусро доро аст. Бинобар ин, табобат бо маводи доруворӣ иртибот дошта, ҳатто дар вақти ҷарроҳӣ кардан табибон аз маводи доруворӣ истифода мебаранд.

Доштани ҳуҷҷати фармасевтӣ барои машғул шудан ҳамчун шахси воқеӣ дар фаъолияти мазкур ҳатмӣ аст. Ин қоида ба он равона шудааст, ки танҳо шахси воқеии дорои ҳуҷҷати фармасевтӣ ба харидуфурӯши маводи доруворӣ ҳуқуқ дорад.

Иттилоот дар ҳуқуқи фармасевтӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, маҳз бо воситаи он маълумот аз насл ба насл ба тариқи дар китобҳову маҷаллаҳо сабт гаштани он боқӣ мемонад. Дар телевизион пахш кардани рекламаи маводи доруворӣ як навъи расонидани иттилоот мебошад. Гирифтани патент барои ихтирои маводи доруворӣ дар мақоми давлатии патент ва иттилоот сабт гардида, барои дигар ихтирокорон маълумоти зарурӣ барои ихтирои нави маводи доруворӣ мебошад.

Баҳрулло ҒАЮРЗОДА,

мутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон