Эълон гардидани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишонаи арҷгузорӣ ба нигоҳдошт ва махсусиятҳои оилаи суннатии тоҷикон мебошад. Мақсад аз иқдоми нек рафъи мушкилоти мавҷуда, таблиғи устувории оила, пойдории ин сутуни муҳими давлатдорӣ ва рушди фарҳанги оиладорӣ мебошад.
Ба ин манзур дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳида бо унвони зайл омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Як нишонаи ҳуқуқбунёдии давлат ин маърифати баланди ҳуқуқии мардум мебошад. Имрӯзҳо аризаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ, муқаррар кардани падарӣ, маскун намудан ба манзил, рӯёнидани алимент, тақсими моликияти умумӣ дар судҳо бештар ба назар мерасанд.
Мо — аҳли ҷомеа метавонем якҷо баҳри пешгирии ин гуна падидаҳои номатлуб корҳои мушаххасеро анҷом диҳем. Танҳо бо роҳи масъулиятшиносӣ метавон дар бунёди оилаи солим ва ҷомеаи солим саҳм гузошт. Вале дар асл, агар мо нек назар андозем, ҳамкориҳо, вохӯрию суҳбатҳое, ки дар робита ба ин масъала гузаронида мешаванд ва онро чандин ташкилотҳо, ҳар кадом бо номи худ санад мекунанд, ҳеҷ таъсире надоранд. Ба назари мо, ба ин гуна вохӯрию суҳбатҳо бештар шахсиятҳои варзида, нотиқони оташинсухан, оилаҳои намунавиро сафарбар кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Баробари ба роҳ мондани фанни «Маърифати оиладорӣ» бояд, ки фанни «Таърихи динҳо» низ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шавад, зеро эҳсос мешавад, ки аксар нимчамуллоҳо мардум, махсусан ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд. Танҳо амалу фаъолияти дастаҷамъона моро ба пешравию дастовардҳо ноил карда метавонад.
Сафарҷон САФАРОВ,
нотариуси давлатии ноҳияи Муъминобод, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3