Чанд мулоҳиза дар робита ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оростани мулоқот бо қишри зиёӣ ва ходимони дин дар меҳвари барномаи кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст ва чанд соли пеш, дақиқтараш 12 майи соли 2018, бо ҳузури фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин суҳбат анҷом дода буданд.
Дар мулоқоти навбатӣ, ки 9 марти соли ҷорӣ бо ҳузури доираи васеи роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ходимони дини ҷумҳурӣ доир гардид, Роҳбари мамлакат қариб панҷ соат, бидуни танаффус, дар бобати муҳимтарин масъала, муаммо, уқда ва мушкилоти имрӯзӣ, ки ғолибан бар асари нуфузу ҳузури фарогири хурофоту таассубу ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ иттифоқ афтодаанд, андешаҳояшонро баён намуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин мулоқот ба лиҳози ҳадафмандӣ, дарки ҳассосиёти имрӯзӣ, низоми бархӯрдҳои тамаддунӣ, вазъ ва дурнамои бозиҳои геополитикӣ, муҳимияти мавзуъ, доираи иттилоотӣ-таҳлилӣ, қиёс, муҳтаво, таъсирнокии сиёсӣ-мафкуравӣ ва дидгоҳи миллӣ-дунявӣ хеле фарқкунанда буд. Таассуроти хешро аз мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мухтасар ироа медорем:
Якум. Маҷмӯи масъалаҳои мубраму муҳими сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ-ақидатӣ, тарбиятӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва маданиеро, ки дар суханронии Пешвои миллат матраҳ гардиданд, метавон ба таври зайл гурӯҳбандӣ кард: 1) масоили сиёсӣ-мафкуравӣ; 2) динӣ; 3) маърифатию фарҳангӣ; 4) ҷаҳонбинӣ-ҷаҳоншиносӣ. Ба назари мо, ҳар мавзуъ ва масъалае, ки дар мулоқоти Пешвои миллат матраҳ гардид, асосан дар доираи гурӯҳбандии чаҳоргонаи болоӣ мунсаҷим шудаанд. Албатта, ин навъи гурӯҳбандӣ як пешниҳод аст ва онро метавон такмил кард ва доираи масоилро фаротар намуд.
Дувум. Хатти марказӣ ва меҳварии суханронии Сарвари давлат дар доираи мавқеияти давлатӣ ва манофеи миллӣ чарх мезад. Ин бад-он маъност, ки Роҳбари мамлакат аз оғози фаъолияти раҳбарӣ то ин замон ҳадафи сохтмони давлати миллию дунявиро пайгирӣ карда, дар ростои шинохти манофеи миллӣ, фаҳми воқеиёти сиёсӣ, дарки ҳассосиёти замонӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ, муаррифию гиромидошти фарҳанги бостонии аҷдодӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва устуворсозии пояҳои давлатдории миллӣ-дунявӣ иқдомоти ҷиддии барномавӣ-стратегӣ иқдом пеш гирифтаанд. Ин аст, ки ҳамеша оғозу анҷоми суханрониҳояшонро ба масоили ташхиси авзои сиёсӣ-мафкуравии минтақавию ҷаҳонӣ, сатҳи бархӯрдҳои тунди тамаддунӣ, раванди бесобиқаи бегонашавию худбохтагӣ, осебпазирии насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик иртибот дода, аз раҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, қишри зиёӣ, фаъолони маданӣ ва ходимони динии кишвар даъват ба амал меоранд, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти шуури сиёсӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияту суботи ҷамъиятӣ саҳми муносиб гузоранд. Президенти ҷумҳурӣ дар мулоқоти зикршуда ба бетарафию бепарвоии институтҳои иҷтимоӣ, қишри зиёӣ ва фаъолони сиёсию ҷамъиятӣ ишораи ҷиддӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки бетарафию саҳлангории зиёиёну фаъолони маданӣ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷиаи миллӣ гардид. Бинобар ин, бетараф будан ба сарнавишти миллӣ-давлатӣ ба сифати нуқтаи заъф махсус таъкид гардид. «Агар вазъ ҳамин тавр идома пайдо намояд (яъне, агар бетарафию бепарвоии ҷомеа ва махсусан, қишри зиёии мамлакат давом кунад), суботу амният аз даст меравад ва воқеаҳои солҳои навадуми асри бист дар шакли нав зуҳур мекунанд», — афзуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сеюм. Истифодаи дуруст аз афкори динӣ-шаръӣ, ибодат, хидмати мазҳабӣ тавассути ибодати ростин, тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихор аз нажоди ориёӣ ва эҳтиром ба арзишҳои дунявӣ дар саргаҳи суханронии Пешвои миллат қарор дошт ва минҳайси кулминатсияи суханронӣ ин қавли Сарвари давлат толорро ба ваҷд овард: «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон». Аз ин ҷумлаи калидӣ, ки аз ҳадафи стратегӣ сарчашма мегирад, метавон консепсияи нави тарбияти миллӣ дуруст кард ва насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи миллатшиносию ҳувиятсозӣ тарбия намуд.
Чорум. Авомфиребӣ, авомзадагӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолатписандӣ, ки тайи понздаҳ-бист соли охир ба таври густурда паҳн гардида, ҷомеаи моро сироят карда, масуният-иммунитети ҳувиятӣ, нажодӣ, миллӣ ва дунявии моро заиф сохтааст, мавриди назари Сарвари давлат қарор гирифта, ба сифати мушкили рақами яки миллӣ дар мулоқот матраҳ гардид. Дар ин замина таъкид карданд, ки «Хурофот хатар бар имрӯзу ояндаи миллат аст… Ҷаҳолат хурофотро меафзояд ва хурофот мусибату бадбахтиро ба вуҷуд меоварад». Рафъи камбудӣ ва мушкили ҷиддии сиёсӣ-мафкуравӣ, ки бар асари бетафовутии баъзе ниҳодҳои илмӣ-маданӣ, ҳавзаҳои донишгоҳӣ ва блоки мафкуравӣ-идеологӣ рӯ ба афзоиш овардааст, дар муборизаи ҳадафмандонаю дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои давлатӣ ва муҳитҳои илмӣ-академӣ, ҳавзаҳои адабӣ-ҳунарӣ ва ҷомеаи маданӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳамгироӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии сохторҳои давлатӣ бо ниҳоду институтҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи синамогарон, Иттифоқи рассомон ва амсоли инҳо) роҳро барои маҳор кардани буҳрони ҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ ва таҳдиду чолиши имрӯзӣ ҳамвор месозад. Аз тарафи дигар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот дуюмдараҷа донистани сохтори сиёсӣ-мафкуравӣ ва блоки идеологии давлатиро ба миён гузошта, аз масъулин ва дастандаркорони давлатӣ талаб намуданд, ки умури сиёсӣ-мафкуравиро дар мадди аввал қарор диҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, агар вазифаи муовини идеологӣ дар иерархия — дараҷабандии мансабӣ ба мақоми муовини аввали раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ баргардонида шавад, беҳтар аст. Мо дар ин замина таҷрибаи даврони шуравиро дорем, ки муовини идеологӣ манзалат ва нуфузи бештар ва баланде дар дараҷабандии мансабӣ дошт. Ба гунаи намуна, Суслов минҳайси котиби идеологии Давлати шуравӣ бузургтарин шахсияти аз лиҳози сиёсӣ-мафкуравӣ шинохта буд. Чаро мо дар ин вазъияти ногувори сиёсӣ-мафкуравӣ аз тарҳи дар авлавияти мансабӣ қарор додани блоки сиёсӣ-мафкуравӣ истифода набарем?
Панҷум. Мусаллам аст, ки манзалати давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳи мафкурасозии он вобастагӣ дорад ва мафкурасозӣ кору умури ниҳодҳои махсуси давлатӣ ва илмӣ-академӣ мебошад. Бинобар ин, ба таҳким ва тақвият бахшидани умури сиёсӣ-мафкуравӣ ҷиддӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир кард. Нафароне ба ин мансаб ҷалб карда шаванд, ки пеш аз ҳама, мавқеи давлатӣ, тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ дошта бошанд. Ба ин маъно, масъалаи тарбияи кадрҳои миллӣ бо тафаккури илмию дунявӣ пеш меояд. Дар ин замина, аз ҳисоби насли ҷавону миёнсол ва ҳатто солманди ҷомеа нафаронеро бояд ҷустуҷӯву интихоб кард, ки ба умури сиёсӣ-мафкуравӣ ва манофеи миллӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.
Шашум. Дар мулоқот бештар мухотаб ходимони дин буданд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти тарбиятӣ набояд фаромӯш кард, ки тарбияи миллӣ аз хона шурӯъ шуда, дар мактаб ташаккул ёфта, дар муҳити донишгоҳӣ рушд мекунад. Агар хонавода, мактаб, донишгоҳ ва муҳити корхона солиму муътадил набошад, ҷомеа осебпазир мегардад ва буҳрони чандсамта баданаҳои иҷтимоиро аз фаъолият бозмонда, билохира фалаҷ месозанд. Ин ҳолатро дар ҷомеашиносӣ ва равонковӣ «коллапс» меноманд. Бинобар ин, дар баробари пружаҳои сиёсӣ-мафкуравие, ки солҳост аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, насли наврасу ҷавонро ҳадаф қарор дода, мағзшӯӣ намуда, ба зомбӣ ва манқурт табдил медиҳанд. Биноан, барнома-пружаҳои омӯзишӣ, илмӣ, маданӣ, синамоӣ ва ҳунарии худро бояд роҳандозӣ намоем, то ин ки ба сифати алтернатива — гузинаҳои муассир пеши роҳи чолишу таҳдидҳои ифротгаройӣ ва тундравии динӣ-мазҳабиро гиранд.
Ҳафтум. Сарвари давлат доир ба умури динӣ махсус таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз қишри динӣ-мазҳабӣ тақозо намуданд, ки дар хидмати дину мардум бошанд, на пайи нафсу андӯхтани дороиву сарват. Аз ин ҷо тарбияи ходимони диние, ки ғуруру ифтихори миллӣ доранд, масъалаи калидист, ки сари он мебояд андеша кард. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисмати зиёди ходимони дин (ва аз ҷумла баъзе мудир-омилони сиёсӣ, илмӣ, маданӣ, адабӣ ва ҳунарии ҷумҳурӣ) ҳувияти диниро бар ҳувияти миллӣ тарҷеҳ медиҳанд ва ба ҳама масоил аз нигоҳи маҳдуди мазҳабӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки мамлакатҳои пешрафтаи исломӣ дар фикри сафар ба кайҳонанд, аммо мо ҳанӯз дар фикри таҳорату ҳоҷиошӣ барин масоили ҷузъии шаръием, ки на ба дин манфиат меоварад ва на ба давлату миллат. Воқеан:
Дине, ки дар он манфиати халқ набошад,
Ҷуз дағдағаи савмааву далқ набошад .
Ба назари Сарвари давлат, бо фаро гирифтани илму дониш ва касбу шуғл фарзандони мо аз ифротгароӣ ва тундравӣ наҷот меёбанд ва амалӣ гардидани ин навъ барномарезиҳои таълимӣ-маърифатӣ то андозае ба кори муваффақонаву ҳадафмандонаи ходимони дини ҷумҳурӣ низ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, боло рафтани сатҳи саводу маърифат боло рафтани сатҳи миллатсозию давлатдорист.
Ҳаштум. Сарвари давлат дар мулоқот аз силсилаи мушкилот, ки ба ояндаи миллату давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ёдовар шуда, аз мавқеияти миллию давлатӣ ба кулли масоил ва мушкилоту чолишҳои боздорандаи рушду тараққӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бовар дорем, ки баъд аз мулоқот ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ходимони динии кишвар аз пайи иҷрои вазифа ва рисолати аслии худ – бедории фикрӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, тақвияти рӯҳияи миллӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ-дунявии насли наврасу ҷавон ва умуман, омма мешаванд.
Нозим НУРЗОДА,
пажӯҳишгар