Чанде пеш кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма 537 килограмму 201 грамм маводи нашъаоварро, аз ҷумла 8 кг 386 гр героин, 49 кг 768 гр афюн, 98 кг 400 гр ҳашиш, 380 кг 645 гр бангдона, ки нисбат ба ашхоси алоқаманди онҳо ҳукми суд баромадааст, оташ заданд.
Маводи сӯзондашуда аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиёти оперативӣ — ҷустуҷӯйӣ мусодира гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир, ҳифз намудани саломатии ҷомеа, хусусан ҷавонон, дар давоми 17 соли охир аз ҷониби агентӣ зиёда аз 17 тонна чунин мавод несту нобуд карда шудааст.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»