8 июл - Рӯзи маъюбон

Мехоҳам кор кунам, вале…

№81 (3718) 08.07.2017

- Ассалому алайкум, иҷозат ҳаст, — гӯён ҷавоне бо чеҳраи коҳидаю маъюс дари ҳуҷраи кориамро кушод.

- Бале, марҳамат, — гуфта аз ҷоям баланд шуда, хостам бо ӯ салом кунам, вале ҷавон хиҷолат кашида, «мебахшед»- гуфта бо сар ба дастонаш ишора кард. Мушоҳида кардам, ки як дасташ панҷа надошту панҷаи дасти дигараш карахт аст. Ростӣ, аз дидани ин ҳолат қалбам фишор хӯрд ва меҳмонро таклиф кардам, ки нишинад. Маълум шуд, ки ҷавон Абдуламид Савриддинов аз шаҳри Исфара буда, 24 сол доштааст ва чанд сол аст, ки барои ҳалли мушкилот талош дорад.

- Акоҷон, ҷое намонд, ки нарафта бошам. Ба мақомоти гуногуни шаҳри Исфара, вилояти Суғд, ҷумҳурӣ, ҳатто Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам, вале… Мехоҳам кор кунам, оиладор шавам, ба волидайн ва Ватанам хизмат кунам… Баъди каме хомӯшӣ оҳи ҷуқуре кашида илова кард:

- Вале дар ягон ҷо то ҳол роҳи ҳалли мушкилотамро пайдо накардам. Дар Корхонаи протезии шаҳри Душанбе имкони дасти пластмасӣ шинондан будааст, вале ман мехоҳам панҷаҳоям ҳаракат кунанд. Чунин протезҳоро дар хориҷа мемонанд, вале барои ба хориҷа рафтан маблағ лозим аст. Оилаи мо камбизоат ва падарам маъюб аст, чашмонаш намебинанд. Модарам хонашин, бародари хурдиам хонандаи мактаб аст, хоҳарам ба шавҳар баромадааст. Ман бояд онҳоро хӯронам…

- Чӣ боис шуд, ки ба чунин аҳвол гирифтор шудед?

- Солҳои пеш ба Россия рафта меомадам. Дар корхонаи калӯшбарории Ростови лаби Дон кор мекардам. Ноомади кор шуд, рӯзе панҷаҳоям зери дастгоҳ монд…

Аз нақли Абдуламид маълум гардид, ки вай ба чанд ташкилоти хориҷӣ низ муроҷиат кардааст, аз ҷумла ба Сафорати Олмон дар Тоҷикистон. Ба ӯ гуфтаанд, ки агар ниҳодҳои расмӣ оид ба ин масъала ба онҳо муроҷиат намоянд, метавонанд кумак кунанд.

Ба ростӣ, намефаҳмам, ки чаро сохторҳои марбута намехоҳанд ба ин ҷавони 24- сола  кумак кунанд, то ӯ низ тавонад чун ҳамсолон ба кори фоиданоке машғул шавад?

Абдуламидро гусел карда, ба ҳуҷраи корӣ баргаштам ва чашмам ба тақвими рӯи миз афтид, ки дар он сабт шудааст: 8 июл — Рӯзи маъюбон. Иловатан бояд қайд кунам, ки имсол — Соли ҷавонон эълон шудааст. Шояд баъди чопи ин матлаб бо дарназардошти  ин санаҳои таърихӣ раҳму шафқати масъулон боло гираду ба кумаки ин ҷавони муҳтоҷ шитобанд.  Мо ба хайр­хоҳии онҳо умед мебандем.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»