Оташ неъматест, ки ба зиндагии мо гармию рӯшноӣ, хайру баракати зиёд меорад. Вале беэътиноию бепарвоӣ ба он пайомадҳои фоҷиабор дошта, метавонад ҳаёту саломатӣ ва ҳама дороии инсониятро дар як лаҳза ба нестӣ барад.
Ба хотири пешгирии ин гуна ҳаводиси нохуш, зарар надидани шаҳрвандон бар асари сӯхтор Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Хадамоти мазкур ва ҷузъу томҳои он имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишварамон пурсамар фаъолият намуда, ҳамасола даҳҳо нафар ва молу мулки онҳоро аз сӯхтор наҷот медиҳанд.
Сохтори мазкур 30 июли соли 1928 дар ҳайати Кумитаи марказии иҷроия ва Комиссариати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дастаи оташнишонӣ барои хомӯш намудани сӯхторҳо бо аробаи аспӣ сафарбар мегардид, ки бо насоси тамғаи «Ҷеленч», ду зарфи обдор ва 180 метр рӯдаи оташнишонӣ ҷиҳозонида шуда буд.
Соли 1929 Раёсати марказии муҳофизат аз сӯхтор дар ҳайати Кумитаи халқии хоҷагии коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд, ки вазифаи он ташкили чорабиниҳо зидди сӯхтор ва мубориза бо оташ, назорати иҷрои онҳо ва роҳбарӣ ба мақомоти оташнишонӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ буд. Ҳамон сол Раёсати марказии муҳофизат аз сӯхтор ба ихтиёри Комиссариати халқии корҳои дохилӣ гузашта, ба шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ табдил дода шуд.
Шашуми июли соли 1930 ба дастаи оташхомӯшкунии шаҳри Душанбе якумин нақлиёти сӯхторхомӯшкунии тамғаи «АМО-ф-15» ворид шуда, шумораи кормандон аз даҳ ба нуздаҳ нафар расид.
Бо сабаби баландшавии сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ соли 1932 хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва дастаи сӯхторхомӯшкунии посбонӣ дар корхонаҳои коркарди пахта, абрешим, базаи «Азия- хлеб» ва ғайраҳо дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуданд. Нимаи дуюми соли 1932 дар Корхонаи коркарди пахтаи шаҳри Душанбе курсҳои семоҳа барои тайёр кардани кормандони сӯхторнишонӣ ташкил шуд. Соли 1936 курсҳои шашмоҳа барои тайёр намудани ҳайати роҳбарикунандаи дастаҳои сӯхторхомӯшкунии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ ташкил гардиданд.
Нахустин нафароне, ки дар ташкилёбии хадамоти оташнишонӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд — Ковтун, Тябкин, Курлиханов, Дяков, Курганов, Грабовский, Соколов, Ястребов, Ушаев ва дигарон мебошанд. Ҳамин тавр, то саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 қисми шаҳрӣ ва соҳавии хадамоти оташнишонӣ вуҷуд дошт.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ оташхомӯшкунон бо ёрии аҳолӣ корхонаҳои саноатӣ, анборҳо ва иншооти дигарро аз оташ муҳофизат менамуданд. Барои шуҷоату қаҳрамонӣ нишон додан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр аз сӯхторхомӯшкунон ва сардорони ҷузъу томҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Ду корманди Хадамоти оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Магамед Мирзоев ва Михаил Новоселтсев бо гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардиданд. Вазнинии солҳои ҷанг занонро низ ба ин соҳаи душвору пурхатар ҷалб намуд. Шумораи зиёди занон ба хизмат фаро гирифта шуданд ва онҳо тавонистанд корҳои мардонаро иҷро намоянд. Шабу рӯз ба гармию сардиҳо, вазъи бади иқтисодию иҷтимоӣ нигоҳ накарда, занони оташнишон корхонаҳои истеҳсолӣ, хонаҳо ва маҳсулотро аз сӯхтор муҳофизат менамуданд. Онҳо ба ҷароҳатбардоштагон ёрӣ мерасониданд. Ин ҷо месазад Карандаш, Вишнякова, Яворская, Горяженко ва чандин нафари дигарро ном барем, ки дар он солҳои вазнин ба халқу Ватан содиқона хизмат намудаанд. Солҳои 1941-1943 сӯхторнишонон якҷоя бо аҳолии шаҳри Душанбе дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Варзоб» иштирок карданд.
Дар давраи баъдиҷангӣ иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ ниҳод ва масъалаи рушду инкишоф бахшидани соҳаи оташнишонӣ дар ҷумҳурӣ ба миён омад. Cоли 1955 қисмҳои касбии оташнишонии шаҳри Душанбе ҳарбӣ кунонида шуданд. Аз ҳамин давра то ба замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин родмардон вазифа ва қарзи фарзандии хешро дар сатҳи баланд иҷро намуда, даҳҳо нафар ҷони худро фидои ободиву оромии Ватан ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон кардаанд. Мо давомдиҳандагони кори пуршарафи эшон аз онҳо ба некӣ ёд менамоем. Даврони истиқлолият барои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи рушду такомул маҳсуб меёбад.
Дар ин раванд роҳбарони собиқи он Ислом Дадаҷонов, Назарбой Ҷангиев, Изатулло Шарифов, Маҳмадсаид Каримов, Мирулло Шарифов корҳои арзандаро ба анҷом расонидаанд.
Кормандони ин Хадамот ҳама вақт омодаанд, ки ҳодисаҳои сӯхторро пешгирӣ намуда, одамонро аз сӯхтор наҷот дода, баҳри ҳифзи саломатӣ ва амволи давлатию хусусӣ аз худ матонату ҷасорат зоҳир намоянд.
Шуҳратҷон ҒАФУРОВ , Ҷамшед НИЁЗОВ, кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе