Дар мавзуи муҳим

Моҳипарварӣ — соҳаи афзалиятнок,

№68 (3053) 08.06.2013

аммо ба дастгирӣ ниёз дорад

 

Хӯроки серғизо асоси бардамии ҷисму рӯҳи инсон буда, истеъмоли мунтазами он омили солимии ҷомеаи башарӣ аст. Тавре аз тадқиқотҳои олимон бармеояд, барои як инсон давоми сол истеъмоли 18-23 кг гӯшт ва маҳсулоти гӯштии аз моҳӣ тайёршуда зарур аст, зеро гӯшти моҳӣ низ аз хӯрокҳои серғизо ва ба организми инсон фоидаовар мебошад. Бино ба гуфтаи директори Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷаҳон Азонов, гӯшти моҳӣ дар таркибаш сафеда, аминокислотаҳо, чарбуҳои носер ва ғайра дошта, дар таъмини бунияи (вуҷуд) одам бо маводи зарурии ҳаётӣ нақши муҳим дорад.

Номбурда мегӯяд, ки таркиби сафедаҳои моҳӣ ба аминокислотаҳои таркиби гӯшти ҳайвонҳо наздиканд, вале  миқдори метионин дар таркиби сафедаи моҳӣ нисбатан зиёдтар аст. Ғайр аз ин, дар таркиби гӯшти моҳӣ миқдори маводи экстрактивӣ бисёртар мебошад. Аз ин рӯ, хӯроки бо гӯшти моҳӣ тайёршуда (махсусан шӯрбо) болазаттар аст.

Доир ба фоиданокии гӯшти моҳӣ ба организми инсон ҳамсуҳбатам зикр намуд, ки маҷмуи кислотаҳои носери таркиби моҳӣ маводи хубанд барои пешгирӣ намудани бемории атеросклероз, чунки онҳо миқдори холестерини таркиби хунро кам мекунанд. Соҳаи афзалиятнок будани моҳипарвариро ҳамагон хуб медонанд. Аммо вазъи ин соҳа дар кадом сатҳ аст? Ба хотири пешниҳоди иттилои бештар ба хонандагони рӯзнома ба КВД «Моҳии Тоҷикистон» муроҷиат намудем.

Тавре аз суҳбат бо муовини раиси корхонаи зикршуда  Рамазон Боев иттилоъ гирифтем, имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 150 хоҷагии хурду бузург ба парвариш ва  истеҳсоли моҳӣ машғуланд, ки талаботи аҳолии кишварамонро бо гӯшт ва маҳсулоти гӯштии аз моҳӣ истеҳсолшаванда қонеъ карда наметавонанд. Барои пурра қонеъ кардани аҳолӣ бо моҳӣ солона 14 ҳазор тонна моҳӣ лозим аст. Корхонаҳои соҳа соли гузашта ҳамагӣ 1113 тонна моҳӣ истеҳсол карданд, ки наздик ба 10 фоизи талабот мебошад.  Сабаби ба миқдори зарурӣ истеҳсол нашудани моҳиро масъулини соҳа дар набудани мутахассис медонанд. Имрӯз  дар 150 хоҷагии моҳипарварии ҷумҳурӣ зиёда аз 650 нафар кор мекунанд, ки ҳамагӣ 25 нафарашон мутахассиси соҳа мебошанд. Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо Вазорати кишоварзӣ ва озуқаи ҷумҳуриҳои Туркия, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой барои омода кардани мутахассисон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бино ба гуфтаи Рамазон Боев, дар сурати бо мутахассиси хуб таъмин шудани соҳаи моҳипарварӣ, Тоҷикистон метавонад ба давлати содиркунандаи моҳӣ табдил ёбад, зеро аз рӯйи ҳисоби мутахассисон танҳо аз захираҳои табиии обии кишвар метавон дар як сол то 150 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол кард, ки ин нишондод аз талаботи аҳолии Тоҷикистон даҳ маротиба зиёд аст. Мувофиқи маълумот, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 500 дарё  ҷорӣ буда, шумораи умумии дарё, дарёчаҳо ва обшорҳои муваққатӣ  25 ҳазорро ташкил медиҳанд, ки дарозии умумиашон қариб 70  ҳазор километр мебошад. Ғайр аз ин, дар ҳудуди кишвар 1300 кӯл ва 8 адад обанбор  мавҷуд аст, аммо падидаи ташвишовар он аст, ки имрӯз шахсони ноогоҳ ба қочоқи моҳӣ сару кор доранд ва ин амали онҳо метавонад боиси нест шудани моҳӣ дар кӯлу дарёҳо гардад. Онҳое, ки ғайриқонунӣ моҳӣ сайд мекунанд, ҳатто дар давраи тухмгузории моҳиҳо низ ин амали худро давом медиҳанд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, моҳӣ замони тухмгузориаш ба болооб ҳаракат карда, дар мавзеъҳои салқин тухм мегузорад. Вақте моҳичаҳо ба дунё омада, калон мешаванд, боз ба ватани аслиашон бармегарданд. Рамазон Боев мегӯяд, ки ҳеҷ як давлат ҳуқуқ надорад, ки барои аз сарҳад нагузаштани моҳиҳо садд гузорад, зеро ин амали ғайриқонунӣ буда, ба нобудшавии моҳӣ оварда мерасонад. Мувофиқи Барномаи рушди моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадоранд, ки шахсони ба ин соҳа таваҷҷуҳдоштаро бо замин таъмин намуда, дар ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба эшон кӯмак намоянд. Вазорати кишоварзӣ бошад, хоҷагиҳоро бо моҳичаҳо ва таҷҳизоти моҳипарвариву моҳидорӣ таъмин кунад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»