Мораторий ба соҳибкорон чӣ сабукӣ овард?

№118 (4538) 22.09.2022

мараторий16 — уми марти соли 2022 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба тасвиб расид, ки муҳлати амали он то 1 январи соли 2023 муқаррар гардидааст. Ҳадаф аз эълони мораторий, пеш аз ҳама, дастгирии соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави кор ва кам кардани санҷишҳо мебошад. Дар робита ба он бо чанд тан аз соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ҳамсуҳбат шудем.

Соҳибкор Илҳом Мирзоев, ки ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ машғул аст, бо қаноатмандӣ гуфт, ки дастгириҳо нисбат ба соҳибкорон ва таъсиси ҷойҳои нави кор сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Аз рӯзе, ки мораторий эълон гардид, санҷишҳо кам шуданд. Солҳои гузашта санҷишҳо ва ташвишҳо зиёд буданд. Мақсади эълони мораторий аз санҷишҳо озод будан аст.

Соҳибкори дигар Хайриддини Туйчӣ аз мағозаи «Ҳафтбародарон»-и шаҳри Кӯлоб чунин иброз дошт:

- Мораторий, пеш аз ҳама, барои мо сабукӣ меорад. Дар муддати як сол метавонем фаъолиятамонро равнақ бахшем.

Сокини ноҳияи Восеъ Қамариддин Неъматов, ки 13 сол боз соҳибкор аст, аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард ва гуфт, ки фаъолияти соҳибкорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ рӯ ба пешравӣ ниҳодааст. Бахусус, супоридани маблағи андоз аз тариқи электронӣ кори онҳоро нисбатан осон гардонидааст.

- Мораторий ҳам барои дастгирии соҳибкорон ва ҳам ба рушди соҳаи соҳибкорӣ мусоидат намуда, санҷишҳои бамаврид ба манфиати кор аст, — афзуд Қ. Неъматов.

Дар ҳақиқат, эълони мораторий соҳибкоронро рӯҳбаланд кардааст. Вале мораторий эълон шудааст гуфта, набояд бемасъулиятӣ зоҳир кард.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»