Муҳимияти ғизои ғанигардонидашуда баррасӣ шуд

№ 15.12.2021

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд таҳти унвони «Ғанигардонии маҳсулоти ғизо дар Тоҷикистон, қадамҳои оянда» баргузор шуд.

Инчунин, дар он  коршиносони хориҷӣ таври фосилавӣ иштирок ва баромад намуданд. Дар ҷаласа «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» муаррифӣ гардида, ҳамчунин натиҷаҳои баҳогузории ғанигардонии ғизо дар корхонаҳои бузурги ордбарории Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ гузаронида шудааст, таҳлил шуд.

Дар рафти ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фикру мулоҳиза иброз дошта, роҳҳои ҳар чӣ зудтар дар амал ҷорӣ кардани нақшаи барномаро пешниҳод намуданд. Гуфта шуд, ки норасоии микронутриентҳо яке аз мушкилоти мубрами соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ буда, он метавонад ба таваллуди кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодӣ, паст шудани вазъи саломатии аҳолӣ, мушкилиҳо дар давраи ҳомила будани занон боис гардад.

Ҳамин тавр, иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳи кории байнисоҳавӣ роҷеъ ба татбиқи «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таъсис дода шавад. Ин тадбир дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокаи ғанишуда» роҳандозӣ гардида, ҳамин тавр, истифодаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ намудани бемориҳои гуногун ва фавти модару кӯдак, инчунин, ба тақвияти дарозумрии инсон мусоидат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ҷиҳати расидан ба ҳадафи сеюми «Стратегии миллӣ рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030», ки он ҳамчун давраи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат муайян шудаст, мусоидат менамояд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»