Тӯли ҳашт моҳи соли 2020 дар ноҳияи Муъминобод 32 ҳолати бекоркунии ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳолат кам мебошад.
Бино ба иттилои мудири бахши САҲШ-и ноҳия Далер Умарзода, дар давраи зикршуда 3 ҳазору 202 сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ҳамин давраи соли гузашта 50 ҳолат кам мебошад.
Дар давраи мавриди назар чор ҳолати фарзандхонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»