Конфронси илмӣ - амалӣ!

Муҳоҷират ва равандҳои мухталифи он

№ 01.11.2023

31 — уми октябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба таъмини рушди устувори кишварҳо»  баргузор гардид.

Конференсияро бо суханони муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ бахшид. Номбурда нахуст, аз хусуси ин раванди табиии замони муосир, омилҳо, паёмадҳо, дурнамо, таъсири он ба ҳаёти мардуми мамлакатҳои дунё, бо суръати бениҳоят баланд рушду такомул ёфтани он, вазъи  ҳуқуқӣ — иҷтимоӣ ва идоракунии бомароми ин раванд ба таври муфассал мулоҳизаронӣ намуд.

Сипас, Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муҳоҷирати зеҳнҳо — ҷузъи муҳими амнияти миллӣ ва рушди устувор» баромад карда, сипас маърӯзачиён  дар мавзуъҳои марбут ба муҳоҷират ва равандҳои он мулоҳизаронӣ намуданд.

Баъдан, дар ҷараёни конфронси илмӣ  -  амалӣ муҳокимаи озод, суолу ҷавоб ва натиҷагириҳои алоҳида вусъат гирифта, пешниҳодоти муфиду самарабор ироа  гардид.

Мақсад ва ҳадафи асосии конфронс аз таҳлилу арзёбии мушаххасу ҳамаҷонибаи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкилу идораи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, сабабу оқибатҳои муҳоҷирати корӣ, ҳамкории кишварҳо оид ба ин раванд, вазъи ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирон, таъсири муҳоҷират ба ҷомеа: ҷавонон, оилаҳои ҷавон, насли наврас, таҳсилоту тандурустӣ, таъсири муҳоҷират ба раванди демографии кишвар: хатару оқибатҳо, мақоми диаспораҳо дар ҳалли масъалаҳои гуногуни муҳоҷирон ва  инчунин, дарёфти таҷрибаи ҷаҳонии батанзимдарории дар раванди муҳоҷират ҷойдошта, иборат буд.

Дар конфронс олимону мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ — таҳқиқотӣ,  муассисаҳои таълимии олии касбӣ, донишмандони баъзе аз муассисаҳои илмӣ, мутахассисони соҳавӣ,  коршиносону рӯзноманигорони васоити ахбори омма  ва кормандону ходимони масъули як қатор ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.

Конфронс дар сатҳи баланди ташкилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазирӯфт.

Ш.ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»