Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити ҳозира аз омилҳои муҳими ба ҳам пайванд гардидани системаи иқтисодии ҷаҳон ба шумор меравад. Дар нимаи дуюми асри XX бо такмил ва таҷдиди санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии байналмилалӣ муҳоҷират шаклҳои гуногун касб кард.
Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари таҳаввулоти иқтисодӣ — иҷтимоӣ, муҳоҷиратро ба манбаи таъсиррасон дар ҳаёти сиёсии кишварҳои интиқолдиҳандаи онҳо табдил дод. Солҳои охир аксар кишварҳо ба ин раванд пайваст гардида, агар қисме содиркунанда бошанд, қисмати дигар ба қабулкунандаи қувваи корӣ табдил ёфтанд. Ҳамчун раванди иҷтимоӣ муҳоҷират ба кишварҳо таъсири бевосита гузоштааст ва он хусусияти глобалиро касб кардааст. Аммо дар аксар маврид давлатҳои рӯ ба тараққӣ содиркунандаи муҳоҷирони корӣ ва кишварҳои саноатии мутараққӣ қабулкунандаи қувваи кории муҳоҷирон мегарданд. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират, ҳар сол теъдоди муҳоҷирони қонунӣ дар ҷаҳон аз 120 то 200 миллион нафарро ташкил мекунанд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ қисми таркибии раванде аз муҳоҷират буда, муҳаррики муҳими тағйири вазъи иқтисодӣ — иҷтимоии аксар давлатҳо ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун раванд гуногуншакл ва мураккаб буда, таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибааш муҳим аст ва натиҷаи корҳои таҳлилиро метавон дар такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор дод. Зеро ин раванд аз ворид шудани муҳоҷир ба кишвари дигар, маскуншавии зиёди онҳо бо урфу одат ва анъанаҳои миллию эътиқодӣ дар як минтақа, ба роҳ мондани муносибатҳо бо мардуми муқим ва риояи меъёрҳои ҳуқуқии кишвари қабулкунанда оғоз меёбад. Зеро кӯшиши риояи арзишҳои зикршуда барои муҳоҷир мушкилоти нав дар муносибат бо мардуми муқим пеш меорад. Мутаассифона, чунин муносибат заминаи нобоварӣ дар ҷомеаи қабулкунанда ба муҳоҷир мегардад. Маҳз ҳамин раванд чанд соли охир кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷиронро ба ташвиш овардааст.
Илова бар ин, дар даврони низоъ дар кишварҳои Ховари Миёна теъдоди зиёди аҳолӣ барои дарёфти ҷои нави зиндагӣ маҳалли зисташонро тарк карданд. Дар миёни онҳо, ки иҷборӣ ба ҳисоб мераванд, инчунин, теъдоди зиёди ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ низ буданд ва кӯшиши ворид шудан ба кишварҳои ғарбӣ доштанд. Дар натиҷа, кишварҳои аврупоӣ маҷбур шуданд, ки марказҳои қабули муҳоҷирон, гурезагон ва паноҳҷӯяндагонро дар кишварҳои Юнон, Италия ташкил кунанд. Вале дар ниҳоят, ба лагерҳое табдил ёфтанд, ки одитарин шароити нигоҳдории муҳоҷиронро надоранд. Илова бар ин, аз ҷониби баъзе аз сиёсатмадорон ба роҳ мондани таблиғоти зидди муҳоҷирони меҳнатӣ дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ боис ба нигоҳдории тӯлонии онҳо дар марказҳо гардида, давлатҳои алоҳида, аз ҷумла Россия, қабул кардани муҳоҷиронро аз мамолики ҷангзада қатъиян манъ карданд. Вале ин ба раванди воридшавии муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир надошт. Ҳоло дар муносибат ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Федератсияи Россия ба қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ табдил ёфтааст. Зеро давраи таърихии ҳамзистии якҷоя доштан, масъалаи забондонӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн, пайванди ҷуғрофӣ боис ба бартарият додан ба ин кишвар гаштааст. Новобаста ба ин, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия низ бо мушкилии зиёд, ба мисли маҳдуд кардани ҳуқуқҳои онҳо, ҷорӣ намудани иҷозатномадиҳӣ барои кор, тафтишоти беасоси намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойҳои кор рӯ ба рӯ мегарданд.
Тибқи таҳқиқоти илмӣ, раванди муҳоҷират дар Федератсияи Россия, хусусан, меъёрҳои ҳуқуқӣ, шартҳои қабул, бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз дигар кишварҳои қабулкунанда фарқ мекунанд. Теъдоди муайяни муҳоҷироне, ки дорои маълумоти олӣ, касбӣ ва ё мутахассиси соҳавӣ мебошанд ва барои ба даст овардани маблағи арзанда ба ивази фаъолият Федератсияи Россияро интихоб мекунанд. Аммо баъзе аз муҳоҷироне, ки дар донистани забонҳои хориҷӣ бартарият доранд, барои кор, албатта, ба кишварҳои Аврупо, Амрико мераванд.
Маҳз тавассути муҳоҷирати меҳнатӣ онҳо тавонистанд вазъи иқтисодӣ — иҷтимоии оилаҳояшонро беҳтар намоянд. Ин дастовардҳо ба он гурӯҳи муҳоҷирон дахл дорад, ки дар ҷараёни кор бо урфу одат ва фарҳанги мардуми кишвари қабулкунанда мутобиқ шудаанд. Дар баробари ин, забон ва технологияҳои муосирро аз бар карда, дар ин замина, робитаҳои нави иҷтимоӣ барқарор намуда, муносибати миёни коргар ва корфарморо метавонанд тағйир диҳанд.
Дар асл, муҳоҷират ангезандаи иҷтимоиест, ки метавонад муносибати миёни қавму миллатҳоро бо дарназардошти манфиатҳои муштарак танзим намояд. Аз ин рӯ, онро метавон мусбат ё манфӣ арзёбӣ кард.
Паёмадҳои мусбати муҳоҷират:
- маблағҳои воридгардидаи муҳоҷирони меҳнатӣ манбаи муҳими амалиёти молиявӣ дар низоми бонкии кишвар буда, мавҷудияти асъори хориҷиро дар бозори дохилӣ таъмин менамоянд;
- маблағҳои интиқолёфта, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодии оилаҳо ва дар маҷмӯъ, ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд;
- муҳоҷирон бо тахассус, бахусус, дар соҳаи сохтмонӣ баргашта, талаботи бозори дохилиро ба мутахассисони касбӣ қонеъ менамоянд, дар натиҷа, эҳтиёҷ ба мутахассисони хориҷӣ дар соҳаи сохтмон намемонад;
- ба тамоюли ворид намудани таҷҳизоти муосир ба кишвар ва ташкил намудани корхонаҳои хурди соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Паёмадҳои манфии муҳоҷират:
- муҳоҷирати захираҳои зеҳнӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба рушди соҳаҳои алоҳидаи кишвари интиқолдиҳандаи муҳоҷир таъсири бад мерасонад;
- фазои фарҳангиву иттилоотии бегона дар тафаккури муҳоҷирони ҷавон раванди бегонашавӣ аз ҳувияту номуси миллӣ, рафторҳои ғайриахлоқии бегона ба фарҳанги миллии муҳоҷирон таъсир мерасонад;
- ҷалб намудани ҷавонон барои ворид шудан ба гурӯҳҳои тундгаро ва низоъангез ва истифода намудани онҳо бар зидди кишварҳояшон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ;
- муҳоҷират омили зараррасон ба ояндаи демографии ҳар як кишвари интиқолдиҳандаи муҳоҷирон аст.
Дар ниҳоят, бояд таъкид намуд, ки муҳоҷират қисми таркибии ҳаёти ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Дар айни замон муҳоҷирати бетанзим аз доираи сарчашмаи даромади молиявӣ берун рафта, ба омили муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ба ин ё он кишвар табдил ёфтааст ва дар таҷрибаи муосир ҳамчун қувваи инқилобӣ истифода бурда мешавад.
Лоиқназар МУМИН,
муовини директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»