Муҳоҷирати меҳнатӣ ва коронавирус. Дурнамо чӣ аст?

№136 (4242) 03.11.2020

migranty-v-rossiiМуҳоҷирати меҳнатӣ падидаи маъмули даврони мост. Як қисмати даромади аксар кишварҳои олам аз ин ҳисоб аст. Қисме аз аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ низ аз ин раванд барканор намонда, дар ­Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларусу Украина ва Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои аврупоиву арабӣ фаъолият менамоянд. Аксар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия кор мекунанд, вале соли равон бо сабаби паҳншавии бемории COVID-19 қисме аз онҳо ҷойи кориашонро аз даст доданд.

Тибқи маълумоти расида дар давраи буҳронии паҳншавии коронавирус воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия 70 дарсад коҳиш ёфтааст.

«Мушкил он нест, ки аксар корҷӯён ба Россия омада наметавонанд, балки дар он аст, ки бархе аз муҳоҷирон ба Ватан баргаштанд», — навиштааст «Парламентская газета».

Баста шудани сарҳадҳо низоми мавҷударо дар ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Россия халалдор намуд. Тибқи омор, дар нуҳ моҳи соли равон ба ин мамлакат 4,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид шудаанд. Дар ҳоле ки соли гузашта ин шумора 15,8 миллион ва ду сол пеш ба 16,3 миллион нафар баробар буд. Ин рақамҳоро Вазорати корҳои дохилии Россия пешниҳод намудааст.

Тибқи маълумоти шаҳрдории Москва, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳр 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Шаҳрдори Москва Сергей Собянин 18 октябр тавассути шабакаи телевизионии «Россия-1» изҳор намуд, ки норасоии қувваи корӣ беш аз ҳама дар бахши хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ мушоҳида мешавад.

Дар бораи норасоии қувваи корӣ дар соҳаи сохтмон моҳи июли соли равон муовини вазири сохтмон Никита Стасишин хабар дод.

- Таҷриба нишон дод, ки ниёз ба сохтмончиён зиёд аст, аммо мардуми маҳаллӣ ба ин кор майл надоранд», — суханони Н. Стасишинро иқтибос оварда буд ТАСС.

Номбурда, ҳамчунин, қайд намуд, ки барқарор кардани суръати сохтмон, ки бо сабаби ба Ватан баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ дар фасли тобистон паст рафт, дар шаҳри Москва ва атрофи он имконнопазир аст.

- Аз соҳибкорону тоҷирон, ки дар соҳаи сохтмон фаъолият доранд, оид ба норасоии қувваи корӣ хабар мерасанд, — изҳор доштааст муовини шаҳрдори Москва Владимир Ефимов.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев моҳи август гуфт, ки 40 фоиз муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷои кор маҳрум шудаанд. Теъдоди патентҳои бақайдгирифташуда низ дар охири тобистон 40 фоиз коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти ВКД, агар моҳи январ-августи соли 2019  беш аз 1,28 миллион хориҷӣ соҳиби иҷозатнома гашта бошанд, дар ҳамин давраи соли 2020 ин шумора 790 348 нафарро ташкил дод.

Теъдоди иҷозатномаҳои бақайдгирифташуда барои кор ба шаҳрвандони кишварҳои низоми раводиддошта низ нисбат ба соли гузашта 60 дарсад коҳиш ёфт.

- Норасоии қувваи корӣ танҳо нимаи фасли тобистон эҳсос гардид, — гуфтааст шаҳрдори Москва С. Собянин. Муҳоҷирон асосан бо корҳое машғуланд, ки дастӣ иҷро мешаванд:  биноҳоро тоза мекунанд, кӯчаҳоро мерӯбанду роҳҳоро мумфарш ва деворҳоро рангубор менамоянд. Вале кордиҳандагон дар давраи авҷи пандемия ин коргаронро, бо андешаи он ки дертар нафарони дигарро ҷалб намудан мумкин аст, аз кор озод намуданд.

- Бемории COVID-19 боис гардид, ки бекорӣ дар байни шаҳрвандони Россия аз 4,7 то 6,4 фоиз афзуда, 4,8 миллион нафарро ташкил диҳад, — иттилоъ дод вазири меҳнати Федератсияи Россия Антон Котяков.

Хотиррасон менамоем, ки аз 27 июни соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Россия фаъолият намуданианд, бо маблағи худ бояд аз санҷиши тиббӣ барои коронавирус гузаранд. Сардори Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов ба «Парламентская газета» изҳор намудааст, ки муҳоҷирон дар ин самт аллакай бо мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

- Ба Ватан баргаштани муҳоҷирони  меҳнатӣ вазъи бозори меҳнатро дигаргун кард, — гуфтааст вакили Думаи давлатӣ Сергей Калашников. — Он сабаби пастравии даромаднокӣ, коҳишёбии имконияти харидории аҳолӣ, болоравии сатҳи бекорӣ, басташавии корхонаҳо мегардад.

Номбурда, ҳамчунин, таъкид намудааст, ки солҳои охир музди маоши аксар муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан дар соҳаи сохтмон боло рафтааст. Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ҷойҳои кории холишударо шаҳрвандони Россия пур хоҳанд кард.

Ҳоло мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Федератсияи Россия зуҳур карда, дар як шабонарӯз беш аз 16000 нафар ба он гирифтор мешаванд. Дар робита ба ин, муҳоҷирон, аз ҷумла, шаҳрвандони кишвари мо  ҳам ба Ватан бармегарданд.

Масъулини соҳаи шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд барои ин қабил дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷойи кор фароҳам оранд. Чунин тадбир­андешӣ метавонад шумораи муҳоҷирони меҳнатиро кам намуда, ба ғанишавии буҷети мамлакат мусоидат намояд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»