Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Бинобар афзоиши бемайлони аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, ки ҳар сол зиёда аз ду фоизро ташкил медиҳад, бозори меҳнати дохилӣ талаботи ҳамаи қувваи кориро қонеъ карда наметавонад. Аз ин рў, қисме аз қувваҳои кории ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки сохторҳои марбута оид ба фароҳам намудани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар бетафовутанд. Барои мисол, соли 2015 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 112 961 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 72 521 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта, ба 51252 нафар расман мақоми шахси бекор дода шуд. Дар ин самт, 38 952 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2015 дар ҳама соҳа 205 556 ҷойи кор таъсис ёфтааст, ки аз он ба ВМКБ – 10739, вилояти Хатлон – 66 111, Суғд – 57 259, шаҳри Душанбе — 32000 ва НТҶ – 39447-то рост меояд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид зимни шарҳи масъалаи мазкур махсус таъкид намуд, ки аз ҷойҳои кории дар соли 2015 таъсисдода 63442 адад ҷой кори доимӣ, 65882 адад ҷой кори муваққатӣ ва 76232 адад ҷой кори мавсимӣ мебошанд. Номбурда аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар ин давра ба 1894 нафар зану духтари бекор 6009354 сомонӣ ва ба 1476 ҷавони бекор барои рушди соҳибкорӣ 4 685 047 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид. Иқдомоти амалишуда ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон низ зиёданд.
Бино ба гуфти Тағойзода Сумангул Саид, соли 2015 дар заминаи муассисаҳои давлатии таълимии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 121 ҳазору 626 нафар таҳсил намуда, соҳиби касб гардиданд. Аз ҷумла 9 ҳазору 577 нафар дар курсҳои 1-2-3 — солаи литсейҳои касбии техникӣ, 10 ҳазору 840 нафар дар курсҳои кўтоҳмуддати литсейҳои касбии техникӣ ва 101 ҳазору 209 нафар дар курсҳои кўтоҳмуддати Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалу намояндагии он дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Имрўзҳо аз поймол шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷ, алалхусус дар Федератсияи Россия, бонги изтироб мезананд. Вале хеле кам мегўянд, ки аксари маврид маҳз огоҳии комил надоштани шаҳрвандон аз қонунгузории кишвари будубош, дидаву дониста риоя накардани талаботи мавҷуда ва надонистани забони давлатии кишваре, ки ба он ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, боиси мавриди чораандешӣ қарор гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад. Риоя накардани қонунгузории кишвари будубош боиси рух додани ҳолати зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки чунин ҳолат танҳо хоси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, муҳоҷирони меҳнатии дигар давлатҳо низ дар чунин рўйхати мақомоти Федератсияи Россия ворид карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ва ҳамкории бевосита бо онҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хадамоти муҳоҷират» дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохторҳои маҳаллии Хадамоти муҳоҷират таъсис ёфтаанд. Ҳамчунин, муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо низ ба касбомўзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономўзии онҳо нигаронида шудааст. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Беларус дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ Созишномаҳои байниҳукуматӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ин давлатҳо фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ба имзо расонидааст. Далелу арқоми мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки зиёда аз 90 фоизи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Федератсияи Россия рост меояд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон – шаҳрвандони кишварамон дар ҳудуди Федератсияи Россия санадҳои муҳими ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба тасвиб расиданд, ки барои беҳсозии фаъолият дар ин самт замина гузоштанд. Тибқи ин санадҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ба муддати 15 рўз аз бақайдгирӣ озод буда, муҳлати иҷозати кор ва будубоши онҳо аз як то се сол тамдид карда шуд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҳуҷҷатҳои панҷ категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Федератсияи Россия баррасӣ шуда, ба 1444 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 190 нафар донишҷў, иҷозаи дубора ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шудан дода шуд.
Ҳамрадиф бо ин, моҳи сентябри соли 2015 ҷаласаи даҳум ва ёздаҳуми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Федератсияи Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҷараёни таҳияи чор лоиҳаи созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия, дар нуҳ моҳи соли 2015 зиёда аз 400 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар фаъолияти меҳнатиро расман дар асоси патент ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 даҳ фоиз зиёд мебошад.
Мутаассифона, баъзе воситаҳои ахбори омма, ки аз мушкилоти ҷузъии ин бахш ҳангома месозанд, оид ба иқдомоти амалишуда ва чораандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанонамон дар хориҷи кишвар «муҳри хомўшӣ ба лаб задаанд». Маълумот бобати теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ низ яксон нест. Барои мисол, баъзе коршиносон онро 1,5 – 2 миллион нафар арзёбӣ менамоянд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид муътақид аст, ки соли 2015 аз ҷумҳурӣ 552 596 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намуданд ва аз инҳо 487 929 нафарашонро мардон ва 64 667 нафаронро занон ташкил медиҳанд. Нуктаи муҳим он аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани ҳамватанонамон соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз кам шудааст.
Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз тадбирҳои амалишуда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, то ҳанўз мушкилот мавҷуд аст. Барои мисол, то ҳанўз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Федератсияи Россия мақоми махсусро соҳиб нест. Табиист, ки ин омил имкон намедиҳад, ки рисолаташ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Шарҳи ин масъаларо аз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Тағойзода Сумангул Саид пурсон шудам.
Номбурда мақоми махсус надоштани зерсохтори зикршударо тасдиқ намуда, минҷумла гуфт, ки корҳо ҷиҳати додани чунин мақом ба он дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Федератсияи Россия идома доранд. Ҳамчунин аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки маҳз бо дахолати кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия давоми соли 2015-ум 50 млн. 734 ҳазору 682 рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Бо мусоидати намояндагӣ 48 қарори суди ноҳиявӣ бо қарори суди болоӣ бекор карда шуда, 352 парванда дар ҳолати баррасии судҳои болоии шаҳри Москва ва вилояти Москва қарор дорад.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва дар ин замина коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар хеле фаъол буда, муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ «бачаи угай» нестанд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»